Ҳошим Гадо – ҳунарпешаи халқии ИҶШС, ки дар театру кино наздики сад нақши ҳамосавӣ, аз ҷумла нақши Суҳробро, дар филми маъруфи бадеии “Рустам ва Суҳроб” бозидааст,аз солҳои 90-ум инҷониб дар саҳнаи бузург зоҳир нашудааст. Аз он ба баъд, ҳунарпешаро танҳо рӯзҳои ид ба ёд меоварданд, вале ӯ дар 84-солагӣ якбора ба саҳна баргашт ва шояд яке аз асоситарин нақши худ – нақши Ҳошим Гадоро бозид. Мунаққиди расонаии «Новый репортер» Лилия Гайсина ин филмро дида баромад.
Филми «Ман», ки Ҳошим Гадо дар он нақши асосиро бозидааст – нахустин кори коргардони чилсола Ҳамро Розиқов аст. Нахустнамоиши ӯ дар шаҳри Душанбе моҳи октябр баргузор шуд ва баъд аз намоиши ягонаи он – ҳар касе онро тамошо накард, вале тақризашро шунид, ба Хонаи синамо, ки нахустнамоиш дар он ҷо баргузор шуд, бо дархости такрори намоиши он муроҷиат кардааст.
Коргардон Ҳамро Розиқов ба Тоҷикистон аз ИМА, ки тӯли 20 соли охир дар он ҷо зиндагӣ мекунад, омад то бо хешовандони худ дидор кунад, вале дар давраи пандемия дар инҷо банд монд. Барои аз даст надодани вақт, Ҳамро тасмим гирифт, ки нақшаи дерини худро амалӣ намуда, дар бораи Ҳошим Гадо филм офарад. Гап дар сари он аст, ки кӯдакони Тоҷикистони Шӯравӣ (на танҳо Тоҷикистон), ки худи коргардон ба онҳо тааллуқ дорад, бо филми “Рустам ва Суҳроб” калон шудаанд. Ин филмро соли 1971 дар студияи “Тоҷикфилм” Борис Кимёгаров ба навор гирифтааст ва нақши фоҷиаомези қаҳрамон Суҳробро Ҳошим Гадо бозидааст. Хамро нақл мекунад, ки чӣ гуна дар даврони кӯдакӣ ӯ ба маконҳои наворбардории ин филм дар ҷануби Тоҷикистон мерафт, сипас, ин филмро тамошо кард ва ба он ошиқ шуд.
Тӯли замоне, ки Ҳамро дар ватан набуд — Ҳошим Гадо тақрибан аз фазои ҷомеа ғайб зад. Ӯ на дар театр буду на дар кино. Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи мустақил бошанд, ҳунарпешаро танҳо дар ҷашнҳои зодрӯзаш ба ёд меоварданд, матнҳои қолабиро бо тахаллусҳои “бузург” ё “саршинос” тартиб дода, нишонҳои барҷастаи ӯро номбар мекарданд. Ба ростӣ, ҳар чӣ бошад ҳам, дар оғози имсол ӯ намоишномаи худро бо номи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” дар саҳнаи донишкадаи санъат, ки дар он ҷо як вақтҳо дарс медод, ба намоиш гузошт, вале каме пештар бо дилтангӣ ба рӯзноманигорон эътироф кард, ки “роҳи маро ҳатто ба донишкада бастанд, ки ман дар он ҷо таҷрибаи бузурги худро бо донишҷӯён мубодила мекардам”.
Боре дар расонаҳо қиссае рӯи об баромад, ки чӣ гуна Ҳошим Гадо мекӯшад китобҳои таълифкардаашро ба роҳгузарони тасодуфӣ дар кӯча бифурӯшад. Бо вуҷуди ин, воситаҳои ахбори омма бо ёрии иқтибосҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ хулоса карданд, ки ин падидаи “синнусолист”. Ҳанӯз пештар ӯ аз шаҳрдори Душанбе (он вақт шаҳрдор М. Убайдуллоев буд) хоҳиш кард, ки ӯ ба таъмири хонааш ва гузаронидани қубури гармидиҳӣ ёрӣ расонад, чунки нафақааш ба ин намерасад. Дар ҳамон нома, Ҳошим Гадо нақл кардааст, ки чӣ гуна ӯро ба ҷашни театри азизаш даъват накарданд, ки дар он ҷо 50 сол кор кардааст, чӣ гуна ӯро бо ягон ҷашни зодрӯзаш расман муборакбод нагуфтаанд. Маъмурияти шаҳр он вақт дархости ҳунарпешаро иҷро кард, аз ин рӯ, дар филм ҳамаи деворҳои хонаи Ҳошим Гадо ҳанӯз зардевориҳои нав доранд, вале тақрибан ба назар намоён нестанд, чунки аз фарш то сақфи ҳар як ҳуҷра бо бастаҳои китобҳое пуранд, ки муаллифаш худи ӯст. Тӯли солҳои охир, Ҳошим Гадо бо нависандагӣ машғул буд.
Филм аслан аз хонаи ӯ оғоз мешавад. Коргардон барои наворбардорӣ ва нишон додани сенарияи филми оянда бо ҳунарпеша дар хонааш мулоқот менамояд. Ҳошим Гадо ӯро мепазирояд, вале огоҳ менамояд, ки агар сенария ба ӯ писанд наояд, пас коргардон дуртар хоҳад рафт. Ва боз ёдрас мекунад, ки пул барои наворбардорӣ – пешпардохт шавад. Коргардон розӣ мешавад ва нахустин рӯз ҳамин тавр мегузарад – “Мулоқоти аҷиб”.
Ҳамагӣ дар филм ҳафт чунин рӯз инъикос шудаанд. Ҳошим Гадо бо Ҳамро Розиқов ба ҳамон театри Лоҳутӣ, ки ӯро фаромӯш карда буд, меоянд. Ҳунарпеша, ки дар ин ҷо беш аз сад нақш бозидааст, пеш аз баромадан ба рӯи саҳнаи азиз, сари ду зону нишаст, кафҳои дасташро рӯи фарш гузошт ва сипас, онҳоро бӯсид. Тоҷикон ҳамеша дар ҷойҳои муқаддас ин тавр амал мекунанд. Дар паси парда ӯ бо кормандони театр бо садои баланд гап мезад, шахсонеро ба ёд меовард, ки аллакай фавтидаанд – “танҳо ман мондам” – нороҳат мешавад, ки ӯро ба рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсоя даъват накарданд, ки дар он ҷо низ Ҳошим Гадо нақш бозидааст. Кормандони театр бо сухани ӯ розӣ мешаванд, вале сипас, аз устод сарзаниш мешунаванд, ки одамони балегӯй ин дунёро хароб карданд.
Пасон, Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе китобҳои худро ба роҳгузарони тасодуфӣ тақсим мекунад.
— Оё шумо филми “Рустам ва Суҳроб”-ро тамошо кардаед, — ба занон муроҷиат мекунад ӯ.
— Тамошо кардаем, — мегӯянд дар посух онҳо.
— Нақши Суҳробро кӣ бозидааст – рус ё тоҷик? – мепурсад Ҳошим Гадо.
— Озарбойҷонӣ.
— Пас, ин китоб ба шумо тӯҳфа, — мегӯяд Ҳошим Гадо.
— Оё шумо филми “Рустам ва Суҳроб”-ро тамошо кардаед, — мепурсад ӯ аз ҷавонписарҳо.
— Не, тамошо накардаем, — посух медиҳанд онҳо.
— Пас, ин китоб ба шумо тӯҳфа, — мегӯяд Ҳошим Гадо.
Вақте, ки роҳгузарон тамом мешаванд, ӯ ба майдончаи кӯдакон меравад ва китобҳои худро ба бузичаҳои чӯбини афсонавӣ тақсим мекунад. Баъдан, бо аспаки чӯбин бозӣ мекунад, аз кӯҳча пойин мелағжад, ва яке аз монологҳои қавитарин дар тамоми филмро роҷеъ ба масхарабоз ва издиҳоми мардум, ки ташнаи хушҳолӣ ҳастанд, иҷро мекунад.
Дар рӯзи панҷум коргардон ва ҳунарпеша ба ҷануби Тоҷикистон, он ҷое, ки саҳнаҳои филми “Рустам ва Суҳроб”-ро наворбардорӣ кардаанд ва он ҷое, ки соли 1937 худи Ҳошим Гадо таваллуд шудааст, раҳсипор мешаванд. Ҳар ду макон барои ҳунарпеша муқаддасанд ва сарфи назар аз ин, ки шуру шавқи барои ровиёни Тоҷикистон маъмулӣ, дар филми “Ман” комилан вуҷуд надорад, тамошобинон вақте қаҳрамони асосӣ якҷоя бо коргардон дар замине, ки Ҳошим Гадо муддати 30 сол ба он ҷо наомадааст, қадам мезананд, чанд маротиба оби дида мерезанд. Бо ин ҳол, тамошобинон на танҳо оби дида мерезанд, балки самимона низ механданд, зеро дар филм танзи хуб хеле зиёд аст.
Фақат тамоми ин эҳсосот барои тамошобинон аз ҳамон рӯзҳои аввали сафари қаҳрамонони филм на танҳо ороишӣ, балки як чизи наздику ҷаззобро мемонад. Ғайр аз ин, ки шӯхиҳо ба забони тоҷикӣ (зимнан, мисли забони тамоми филм) садо медиҳанд, бо ибораҳо, сюжетҳо ва симоҳои шинос низ инъикос мешаванд.
Ҳамкурсе, ки Ҳошим Гадо ба меҳмонии ӯ меояд, аз рафиқи худ хашмгин мешавад, ӯро сарзаниш мекунад, ки умуман сарзамини азизашро фаромӯш кардааст, намоз намехонад. Ҳунарпеша ба ӯ посух медиҳад, ки ҳатто меҳмон агар палиду нобакор бошад, ислом пазируфтани ӯро ҳидоят мекунад. Ва меҳмонро воқеан мепазиранд ва намехоҳанд ӯро зуд ҷавоб диҳанд. Кормандони балегӯи театр, ки ба андешаи Ҳошим Гадо ин дунёро хароб карданд, баробари дур шудани ӯ баҳсу мунозира мекунанд, ки ҳатто агар ҳунарпешаро ба Ӯзбекистон даъват мекарданд, вай намерафт – хислаташ ҳамин тавр аст.
“Оё шумо умуман мефаҳмед, ки ҳунарпешаи халқии ИҶШС чист?”- мепурсад Ҳошим Гадо дар яке аз эпизодҳо ва посухро интизор нашуда, худаш илова мекунад, ки Шӯравӣ, албатта, аллакай вуҷуд надорад, вале ӯ-ку мондааст.
Халқӣ будани ӯ дар филм мунъакис гардидааст, маҳз ҳамонҳое, ки ҳеҷ гоҳ Ҳошим Гадоро дар саҳнаи театри Лоҳутӣ дар симои Эдип (дар миёни мунаққидони театр ин нақш олитарин санъати нақшбозӣ ҳисобида мешавад) надидаанд ва намедонистанд, ки ӯ сароғоз Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияро (ВГИК) дар коргоҳи ҳунарпеша Олга Пижовая (шогирди Станиславский) ва Борис Бибиков, сипас, курсҳои олии режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрро (ГИТИс) хатм кардааст, ба ҳунарпеша бо таҳсин менигаранд,. Одамони оддӣ дар бораи ӯ кам медонанд, вале вақте, ки Ҳошим Гадо ба заноне, ки дар канори роҳ ғизо мефурӯхтанд, китобҳои худро пешниҳод менамояд, онҳо китобҳоро дар як дам байни худ тақсим мекунанд ва сипас, аз сари ҳунарпеша қанд барчош мекунанд. Тоҷикон на ҳамеша бо одамони соҳибэҳтиром чунин муносибат мекунанд. Кӯдакон дар зодгоҳаш аз паси мошин медаванд ва баланд садо мекунанд: “Ҳошим Гадо”, вале ҳамсинфи ӯ Бобо, ашки чашмонашро боздошта натавониста, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки ба намоз хондан шурӯъ кунад ва омӯзонидани ин амалро пешниҳод менамояд. Ана ин коргардони филм, ки ҳунарпешаро ба ёд овардааст, на ба Вазорати фарҳанг ва на ба студияи “Тоҷикфилм” тааллуқ дорад – ӯ дар ИМА ва дар ватанаш соҳибкор аст ва тамоми ин филмро аз маблағи худаш дар ҳаҷми 30 ҳазор доллар наворбардорӣ кардааст.
Худи Ҳошим Гадо, бо тамоми хислати мураккаби худ, аз сипосгузорӣ бегона нест. Дар оғози филм ӯ ба назди мазори Борис Кимёгаров бо дастагул меояд ва аз ӯ сипосгузорӣ мекунад, ки як вақтҳо ӯ – “ҳунарпешаи хурд”-ро (ҳарчанд аллакай баъд аз хатми Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ва Донишкадаи давлатии санъати театр ҷавонписари зебо ва ҳунарпешаи соҳибистеъдод буд) ба нақши муҳими Суҳроб гирифт. Бо ҳамин гуна эҳтиром низ ба театри азиз ва пайкараи шоири тоҷик Лоҳутӣ муносибат мекунад.
Ба тамошобинони филм, махсусан агар онро тоҷикистониёни миёнаҳоле, ки ба Россия барои дарёфти кору маош мераванд ё соҳибкории худро дар дохили кишварашон бо машаққат пеш мебаранд, тамошо карда бошанд – эҳсосоти Ҳошим Гадо низ бояд фаҳмо бошанд. Чунки, сарфи назар аз ҳамаи масъалаҳое, ки онҳо рӯбарӯ мешаванд – ҳанӯз аз ватану кишвари худ сипосгузоранд. Мисли Ҳошим Гадо чунин меҳисобанд, ки онҳо танҳо “ҳунарпешаҳои хурд” ҳастанд ва аз онҳое шукргузоранд, ки ба онҳо имкон медиҳанд, ҳарчанд бар ивази талошҳои тоқатфарсо, барои зиндамонӣ васила ҷӯянд ва эҷод кунанд, эҷод кунанд, эҷод кунанд. Ҳамаи ҳавличаҳои хонаҳои (содиқона эътироф мекунем) деҳаи камбизоате, ки як вақтҳо Ҳошим Гадо таваллуд шудааст, тоза ҷорӯб зада шудааст, мӯйсафедони ин хонаҳо либосҳои тоза дар бар доранд. Ва дар ҳамаи деҳоти Тоҷикистон вазъ чунин аст: сарфи назар аз ин, ки масалан, “барқ” нест, дар замини хушку холие, ки баъзе вақтҳо об ва ҳеҷ имконияти нашъунамо – шинондани дарахт ё парвариш кардани чорво нест, одамон мустақилона талош менамоянд, ки бунёд кунанд ва аз худованду давлат сипосгузоранд, ки онҳо ба чизе муваффақ мешаванд. Вагарна инро низ таҳаммул нахоҳанд кард. Ҳошим Гадоро ба ягон ҷашнвора даъват накарданд, вале дар намоишномаи худ “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” ӯ фаромӯш накард, ки ба ҳукумати вақти Тоҷикистон арзи сипос намояд. Ҳукумате, ки толеъаш бо халқи худ, мисли фарҳанги кишвар бо Ҳошим Гадои соҳибистеъдод беандоза баландӣ кард. Танҳо на инҳову на дигарон на ҳамеша ба қадри он чӣ мерасанд, ки доранд.