Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар мавзуъҳои гуногунро пешниҳод намуда, кӯшиш карданд онҳоро таҳлил намоянд. «Тоҷикистон» пайи таҷрибаи «Сафина» рафта, гузориши проблемавиеро пешниҳод намуд. Дар «Ҷаҳоннамо» бошад, фақат бо ду гузориши расмӣ таваққуф намуда, наворҳо аз рўнамоии техникаи чинӣ зери мусиқии классикии аврупоӣ пешкаш гардид. Таҷрибаи хеле аҷиб…
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
4 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи оғози Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими варзишӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, 3 феврал ба Чин сафар намуд.
Дар наворҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар шуруъ аз маросими гусели сарвари давлат аз Тоҷикистон то наворҳои паридани тайёраро дар осмону пазироӣ дар фурудгоҳро намоиш дода, сипас, аз иштироки он кас дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ, ки дар он роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзиданд, хабар доданд.
Сонӣ журналистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ мулоқоти президентамонро бо раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва сипас, бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла президентони Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Амири Давлати Қатар, сарвазири Покистон, Дабири кулли СММ ва дигаронро қайд намуданд. Дар ин рӯйхат номи президентҳои Русия ва Қирғизистон ном гирифта нашуд.
Баъд аз ин кормандони хадамоти матбуотии президент мусоҳибаҳои сарвари кишварамонро дар расонаҳои Чин ба муносибати иштирок дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ намоиш дода, иброз доштанд, ки матбуоти бонуфузи чинӣ, аз ҷумла, China Media Group ва оҷонсии «Синхуа» онҳоро ба таври эксклюзив нашр намуданд.
Баъди итмоми қисми расмии барнома, гузориши Тоҷиниссои Файзуллобек аз вилояти Бадахшон пешкаш гардид, ки дар он масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ инъикос гардид. Зикр гардид, ки дар минтақа татбиқи марҳилаи 2 лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ ” давом дорад ва дар доираи он ду стансияи канализатсионӣ таҷдид, бинои маъмурии корхонаи таъминоти об ва канализатсия -таъмир, чандин километр қубурҳои обгузар барқарор ва чандин километри дигар хати оби нав кашида шудааст. Аммо дар бораи вазъи сиёсии Бадахшон, махсусан дар Хоруғ, ки бино ба хабарҳои расонаҳои хусусӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ айни ҳол он қадар хуб нест, ягон ишорае нашуд.
Дар гузориши дигар дар бораи дар вилояти Суғд ( муаллиф Равзалӣ Амон) бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ зиёд шудани шумораи фермаҳои парвариши чорво, моҳӣ, парранда сухан рафта, таъкид гардид, ки ҳамаи ин ба шарофати аз чанд намуди андоз озод намудани соҳибкорон даст додааст.
Дар бораи рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Фархор барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ гузориши Саидҷаъфари Маҳмадалӣ пешниҳод гардид.
Дар он наворҳоро аз мавзеи соҳили дарёи Сурхоб, ки канали обрасонии Кокул барқарор ва қариб 300 гектар заминҳои солҳо бекорхобида баробари анҷом додани ин тадбир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд, намоиш доданд. Дар гузориш баробари намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, раиси идораи замини ноҳия, раиси ҷамоати деҳоти Зафар, боз сокинони маҳаллӣ низ фикру андешаи худро дар бобати масъалаи аз туғайзор баровардану ба майдонҳои кишт табдил додани заминҳо иброз намуданд.
Шарҳи телевизионии Гулчеҳраи Саттор ба таъмини амнияти ғизоӣ бахшида шуда, дар маводи Нуриддини Қурбон масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба кишти баҳорӣ дар кишвар баррасӣ гардид. Дар ҳар ду матлаб коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро атрофи масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Дар анҷоми барнома гузориши Худойдоди Раҷаб аз вилояти Хатлон пешниҳод гардид, ки ба масъалаи кабудизоркунӣ ва оғози маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида шуда буд. Боиси хушнудист, ки ҳафтаҳои охир журналистони барнома кӯшиш мекунанд, ки на танҳо паҳлӯҳои гуногуни мавзуъҳоро баррасӣ, балки онро масъалагузорӣ намоянд. Масалан, ин мавод на танҳо характери иттилоотӣ дошт, балки дар он мушкилоти нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо баъди анҷоми маъракаи дарахтшинонӣ бардошта шуд ва дар наворҳо мо арчаву дигар дарахтони ороишии дар ду паҳлӯи роҳҳои автомобилгард шинондашударо мебинем, ки аз сабаби сари вақт нарм накардану об надодан хушк шудаанд. Дар гузориш роҳбарони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мутахассисон баромад намуда, тавсияҳои худро барои нигоҳубини минбаъдаи дарахтони шинондашуда доданд.
Дар баробари ин, аз ҷиҳати техникӣ гузориш камбудӣ дошт: масалан, ҳангоми ба навор гирифтани мусоҳиб, муовини сардори раёсат ӯ доимо на ба камера, балки ба тарафи чап (ҷое, ки журналист нишастааст) нигоҳ мекард, ки эффекти муроҷиат ба тамошобинро аз байн бардошт. Инчунин барои «перебивка» наворбардор аз сабти монитори компютер истифода бурдааст, ки куллан нодуруст аст ва ба назар мерасад, ки як экранро дар экрани дигар ҷо карда намоиш медиҳанд.
“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”
Дар қисмати аввали ахбори расмӣ сафари президенти кишварро ба Пекин ҷиҳати иштирок дар маросими бошукӯҳи оғози Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ намоиш доданд.
Сипас гузориши омоданамудаи хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе аз рӯнамоии техникаи коммуналии ба пойтахт овардашуда пешкаш гардид, ки 1 феврал бо иштироки мири шаҳр Рустами Эмомалӣ ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Хабар дода шуд, ки соли гузашта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаеро доир ба кӯмаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 адад воситаҳои нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба имзо расонида буд ва инак, 413 адад техника вориди пойтахт гардид ва 53 адади дигар дар ҷараёни воридшавӣ қарор дорад.
Дар наворҳо нишон доданд, ки раиси шаҳр зимни рӯнамоӣ чӣ гуна бо шаклу сифати автобусҳои мусофирбари гуногунҳаҷм, автомошинаҳои боркашониву партовкашонӣ ва обпошию сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра шинос мегардад.
Дар гузориш намояндаи сафорати Чин баромад намуда, ба муносибати 30-солагии ҳамкориҳои ду кишвар баста шудани ин созишномаю амалӣ шудани ин рӯнамоӣ хабар дод ва дар охир чанд ҷумла дар бораи дӯстиву рафоқати ду давлати ҳамсоя гуфта гузашт.
Дар баромадҳои масъулини корхонаҳои коммуналӣ, нақлиёт ва роҳсозии пойтахт бошад, онҳо танҳо аз ҳукуматдорон барои таҳким бахшидани заминаи техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ миннатдорӣ намуданд. Дар баробари ин, нафаре аз баромадкунандагон барои тӯли як моҳ тариқи онлайн омӯзонидани мутахассисони тоҷик аз ҷониби чиниҳо ҷумлае иброз накард, ки ин камбудии гузоришгарон низ ҳаст.
Дар нашри навбатии «Сафина», мутаассифона, бори дуюм ё сеюм гузориш дар бораи саноатикунонии босуръати вилояти Суғд такрор ба такрор бо як мусоҳиб – Осиф Шарифзода, сардори раёсати иқтисод ва технологияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоят пешниҳод карда мешавад, ки сабабаш номаълум аст, чунки агар дар бораи нарасидани маводҳо гӯем, баръакс, ин нашри барнома гуногунранг буд.
Дар робита бо мавзуъи боло, гузориши Ширинҷон Сафарзода аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод гардид, ки дар он аз фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ноҳия нақл намуда, аслан сухан дар бораи системаи «B2B», яъне тиҷорат баҳри тиҷорат муаррифӣ шуд. Аз наворҳо маълум гардид, ки дар деҳот корхонаи орд фаъол шуда, барои он дар корхонаи дигари ноҳия халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ истеҳсол мекунанд.
Бо вуҷуди хуб баррасӣ шудани худи мавзуъ, дар мусоҳиба муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ боифтихор иброз дошт, ки соли охир дар ин минтақа 159 ҷойи кории доимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуд. Барои як ноҳияи калон, ки аҳолиаш бино ба маълумоти расмӣ наздики 200 ҳазор нафар аст, ин боиси ифтихор не, балки таассуф аст ва агар ба гуфтаҳои намояндаи ҳукумат такя намоем, дар солҳои наздик онҳо на кам аз 500 ҷойи нави корӣ ташкил карданианд.
Гузоришҳои дигари барнома ба масъалаи рушди маориф дар вилояти Хатлон ва маъракаи шинонидани дарахтони тут дар шаҳри Конибодом дар робита бо иқдоми пешгирифтаи Ҳукумат дар бораи ривоҷ додани парвариши пилла бахшида шуда буданд.
Гузориши охири барнома дар атрофи натиҷаҳои маводи танқидии «Сафина», ки чанд моҳ қабл пахш шуда буд, аз ноҳияи Панҷ пешниҳод гардид. Хабарнигори барнома Хуршеди Абдуалим дар бораи шароити ногувори литсеи касбӣ-техникии ноҳия гузориш карда буд, ки оҳанги танқидӣ дошт. Ин навбат муаллиф боз ба ҳамон литсей ташриф оварда, бо наворҳо нишон дод, ки вазъият қариб ки дигар нашудааст. Баъди интишор шудани маводи аввал ба литсей сохтмончиён омаданд ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардид, аммо чӣ шуду монд, ки баъди як моҳ корҳо боз хобонда шуда, сохтмони бинои нави литсей ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Роҳбарияти литсей мегӯяд, ки сабаби инро дар нарасидани буҷети вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бояд донист, чунки муассисаи таълимӣ зертобеи он мебошад. Хабарнигорро лозим буд, «як ғайрати дигар» карда аз масъулини вазорат шарҳи ҳолати ҷойдоштаро пурсон мешуд ва он гоҳ гузоришаш пурраву нишонрас мегардид. Таассуфовар аст, ки хонандагон тавре ки моҳи сентябр дар айвони нимпӯшида машғулият мегузаронданд, дар чиллаи зимистон ҳам ҳанӯз дар ҳамон ҷову шароит таълим мегиранд. Фарқ дар он аст, ки имсол нисбат ба соли гузашта ба литсей хонандаи камтар дохил шудааст ва сабабаш дар набудани шароити таълим аст. Бино бар гуфтаи яке аз мусоҳибони гузориш, «хонандагон дар хунукӣ ларзида-ларзида дарс мегузаранду қисмҳои мошинҳои боркаш ва асбоби айёниро меомӯзанд».
“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Ин маротиба шабакаи муҳими иттилоърасони кишвар ҳамагӣ ду матолибро пешкаши тамошобинон гардонд. Яке дар бораи ширкати раиси ҷумҳур дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ва дигаре дар бораи рӯнамоии техникаи коммуналии ба пойтахт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин тақдимшуда, ки бо иштироки мири шаҳри Душанбе ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар бораи ҳар ду матлаб болотар гуфта гузаштем. Танҳо онро қайд карданием, ки маводи охир нисбат ба гузориши «Сафина» дарозтар пешниҳод гардида, баъд аз тамом шудани матни пасикадрӣ наворҳои боқимондаи гузориш зери мусиқии классикии аврупоӣ тӯли чанд дақиқа пахш шуданд, ки чунин тарзи пешниҳоди маводи итилоотӣ бо руҷўи лирикӣ аҷиб намуд.