Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ гузоришҳои гуногунмуҳтаворо пешниҳод намуданд. Муаллифони «Тоҷикистон» кушиш намуданд дар мавзуъҳои иқтисодӣ бештар матлаб омода намоянд, «Сафинаву» «Ҷаҳоннамо» бошанд, бештар ба мавзӯи кишоварзӣ аҳамият доданд. Шарҳи муфассалро дар ин ҷо бихонед.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Электробус ва электромобил, оё истифодаи инҳо дар шароити Тоҷикистон мумкин аст? Чунин буд мавзӯи гузориши Абдуваҳҳоби Абдусаттор, ки бо истифода аз андешаҳои коршиносон – номзадҳои илмҳои техникӣ Мансур Юнусов ва Камол Ғуломзода матлабро баррасӣ намуд.
Мансур Юнусов бар он буд, ки модоме Тоҷикистон дорои энергияи сабз, воситаҳои хуби истеҳсоли барқи обӣ мебошад, мо бояд чунин технологияҳоро ба кор андозем ва аз он фаровон истифода барем.
Бино бар гуфтаи Юнусов, энергияи электрикӣ нисбатан арзон аст ва бояд кушиш намуд, ки дар кишвар шумораи чунин нақлиётро зиёд намоем.
Омӯзгор Одил Ниёзов бар он аст, ки болои пойтахтро пардаи ғафсе фаро гирифтааст, ки аз гарду партовҳои дуду истихроҷи сӯзишвории автомобилҳо ба вуҷуд омадааст, ки ба саломатии инсон зарар меоварад.
Инчунин, муаллифи матлаб истифодаи хароҷоти электробусро мисол меоварад ва мегӯяд, ки хароҷоти автобуси оддӣ аз электробус 10 маротиба гаронтар аст.
Гузориши дуввум ба истеҳсоли матоъҳои миллӣ атласу адрас бахшида шуда, онро Равзалӣ Раҳмон пешниҳод намуд. Барои истеҳсол намудани чунин матоъҳо, муаллиф зарурати парвариши пилла ва дар робита бо он шинонидани тутзорҳоро дар вилояти Суғд мисол меорад. Дар гузориш аз пойгоҳи таҷрибавии дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар ҳамкорӣ бо КВД «Пиллаи тоҷик» ва бо ҳамкорони Узбекистон мавзӯи зарурати ривоҷ додани тутмайдони интенсивӣ бардошта шудааст. Аз баромади ҳамсуҳбатон маълум гардид, ки аз ҳар гектар замини тутзор метавон 12-15 тонна кирмакро парвариш намуд.
Камбудии гузориш дар он дида мешавад, ки баъди қисми аввал – мавзӯи парвариши тутзор барои пиллапарварӣ, муаллиф қисми дувумро ба соҳаи истеҳсоли шоҳӣ бахшида, аз наворҳои куҳна истифода бурдааст. Гузариш аз як мавзуъ ба мавзӯи дигар ҳарчанд як мавзӯи умумӣ ва алоқаманд аст, дағал буда, чунин ба назар мерасад, ки агар ду гузориши ҷудогона пешниҳод мегардид, беҳтар буд.
Гузориши навбатии Наврузшоҳи Азизулло ба давраи ғизодиҳии заминҳои корам дар вилояти Хатлон бахшида шуда, дар он чанд нафар коршиносон аз Академияи кишоварзии мамлакат баромад намуда, барои деҳқонон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки ба ҷузъиёт гузаштану муфассал нақл кардани мавзуъ (акнун мо донистем, ки барои коркарди замин бояд чӣ қадар нитрогену дигар нуриҳои органикиро истифода барем) характери барномаи таҳлилӣ-итилоотӣ доштани барномаи «Тоҷикистон»-ро коҳиш медиҳад. Беҳтар мебуд чунин мавзуъҳои ихтисосӣ дар барномаҳои соҳавии кишоварзӣ намоиш дода шаванд.
Гузориши дигар, чун қаблан дар яке аз барномаҳои ин шабакаҳо ба мушкилоти нигоҳубини минбаъдаи дарахтони ороишии дар маъракаҳои оммавии ниҳолшинонӣ бахшида шуда буд. Муаллиф Нуриддини Қурбон тавонист мавзуъро хеле хуб пешниҳод намуда, бо мисолҳо аз шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода бо истифода аз стендапҳо ниҳолҳои хушкшуда ва аз сабзишмондаро намоиш диҳад.
«Ташкили ҳашарҳои оммавӣ намоишкорӣ аст», -чунин бармеояд аз хулосаи гузориши мазкур.
Бино бар гуфтаи коршинос, масъули Кумитаи ҳифзи табиати кишвар Шодибек Қурбонов, аксари ниҳолҳо аз сабаби тарзи нодурусти шинонидани онҳо ва сипас, дар вақташ об надодану бехи онҳоро нарм накардан сӯхта нобуд мешаванд. Инчунин сабаби дигар – дар ҷойҳои дур аз нуқтаҳои аҳолинишин дар ду тарафи роҳҳои автомобилгард ва дар фаслҳои гуногуни сол шинонидани дарахтон мебошад.
Бино бар иттилои муаллиф, солҳои охир дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар кишвар беш аз 10 млн дарахт шинонида шуда, аз он беш аз 200 ҳазораш аллакай хушк шудааст. «Дар баъзе ҷойҳо дарахтонро бори сеюм аст мешинонанд. То ба кай масъулин ба намоишкорӣ роҳ медиҳанд?», — хулоса мекунад муаллиф.
Гузориш аз Бадахшон ба нигоҳ доштани саршумори озодапаланг – бабри барфӣ бахшида шуд. Дар он иттилоъ дода шуд, ки дар кӯҳҳои Помир 300 сар озодапаланг зиндагӣ мекунанд.
Муаллифи гузориш дар бораи дар мавзеи Аличори ноҳияи Мурғоб баргузор гаштани фестивали озодапаланг хабар дода, дар наворҳо роҳбари яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ Қурбони Аламшо баромад намуда, дар бораи таърихи пайдо шудани ин намуди нодири олами ҳайвонот нақл намуд. «Озодапалангро дар Бадахшон баракати кӯҳистон меноманд», — қайд кард ӯ ва таъкид намуд, ки ҷое, ки ин намуди ҳайвон зиндагӣ мекунад, тозатарин экосистема мавҷуд аст.
Гузориши Худойдоди Раҷаб ба вазъи ҳаммом дар Бохтар бахшида шуда, муаллиф чанд иншооти хусусиро мавриди танқид қарор дод, чунки онҳо ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.
Манучеҳри Сулаймон сифати пасти бозичаҳои кӯдакона ва қандакҳои арзони истеҳсоли Чинро мавриди тозиёнаи танқид қарор дод. Дар гузоришаш аз рейдҳои гузарондаи намояндагони «Тоҷикстандарт» дар нуқтаҳои фурӯши кӯчагӣ порчаҳо намоиш дода шуд. Дар он масъулин баромад намуда фурушандаву соҳибкорони бозичаҳои ба кишвар вориднамударо танқид карданд. Дар гузориш дар бораи нест намудани 70 ҳазор адад аз чунин бозичаҳо, ки аз ташхиси озмоишгоҳи «Тоҷиксандарт» нагузаштанду барои кӯдакон зарароваранд, хабар дода шуд ва инчунин фикри равоншиноси кӯдакона оварда шуд. Аммо ягон кас дар бораи бо кадом роҳ аз хадамоти гумрук гузаронидани чунин бори бесифат ҳарф назад. Муаллифро лозим буд барои пурратар кушодани мавзуъ аз гумрукчиён низ пурсон шавад.
Гузориши охири барнома, ки муаллифаш Фатҳиддини Замон аст ба мавзӯи «доғи рӯз» — ифротгароӣ бахшида шуда, аз чӣ бошад ҳангоми хондани матни пасикадрӣ дар наворҳо фақат фаввораҳои зебои пойтахтро аз ракурсҳои гуногун намоиш доданд.
Дар гузориш ду ҷавони «галстукдор» баромад намуда (беунвон), дар бораи ҷаҳонишавӣ ва гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ андешаронӣ намуданд.
Дар робита ба зарари хурофотпарастӣ ва пайравии куркурона ба он, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Муртазои Зайниддин изҳори андеша намуд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Дар гузориши аввал (муаллиф Хуршеди Абдуҳалим) мавзӯи саноатикунонии босуръати ноҳияи Хуросон баррасӣ гардид. Дар наворҳо масъулини чанд корхонаи истеҳсолӣ, аз қабили корхонаи пахта, сангу шағал ва хоҷагии зотпарварии «Саодат» баромад намуда, дар бораи дастовардҳои худ ҳисобот доданд.
Гузориши сеюм ба кор андохтани нерӯгоҳи хурди барқи обии «Фатҳобод» дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида шуда, дар он масъулин баромад намуданд.
Дар иртибот бо мавзӯи таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ гузориши Хуршед Ҳалимов аз корхонаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода» пешниҳод гардид, ки дар он роҷеъ ба таъмири босифати зеристгоҳҳои барқӣ ҳисобот доданд.
Мавзӯи гузориши Ширинҷон Сафарзода аз минтақаи Кӯлоб давоми тадқиқоти журналистии чанд моҳ қабл нашршуда мебошад, ки ба мушкилоти таъмини мактабҳои минтақа бо компютерҳои замонавӣ мебошад. Дар маводи пешниҳодкардаи ӯ, ки оҳанги танқидӣ дошт, масъули асосӣ – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ, ки ҳангоми нишасти матбуоти журналистон боз ҳамин мавзуъро аз ӯ пурсон шуданд, мавриди танқид қарор гирифт.
Дар кадрҳо нишон доданд, ки номбурда ҳангоми наворгирӣ намоишкорона тарафи камера пушташро гардонда, ба саволи додашуда бемантиқона ҷавоб медиҳад ва маълум мегардад, ки аз мавзӯи баррасишаванда огаҳӣ надорад.
Дар баробари ин, дар гузориш чанд тан аз омӯзгорони информатика ва технологияҳои компютерӣ баромад намуда, аз набудани компютерҳои замонавӣ ва асбобҳои ёридиҳанда дар мактабҳояшон шикоят мекунанд. Бино бар гуфтаи муаллифи гузориш, 70% компютерҳои мактабҳои минтақаи Кӯлоб асбобҳои насли куҳан («Пентиум-1» ва 2 буда) тамоман корношоям буда, мушкилоти онро иваз намудан ба технологияи насли навин ҳалли ҳар чӣ зудтари худро металабад.
Дар иртибот бо мавзӯи маориф дар бораи вазъи китобхонаҳои ноҳияи Нуробод гузориши навбатӣ пешниҳод гардид. Ҳамсуҳбатон дар наворҳо мушкилоти асосӣ – дар китобхонаҳо набудани китобҳои тозанашри кӯдакона ва дастрасӣ надоштан ба технологияҳои иттилотии муосирро мисол оварданд.
Баъд муаллифони гузориш ба баррасии мушкилоти соҳаи фарҳанг гузаштанд. Директори хонаи фарҳанги ноҳия Аҳтам Барфов таъкид намуд, ки барои фаъолияти ҳунармандон асбобҳои мусиқӣ намерасанд.
Мавзӯи гузоришҳои Хоҷа Назриев аз ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ва Шаҳлои Аҳмадхон аз ҷамоати «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба парвариши зироат дар гармхонаҳо бахшида шуда буд, ки ҳар ду ҷолиб буданд.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Гузориши муаллиф ва барандаи доимии барнома Сафархуҷа Ризозода ба вазъи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ дар мисоли роҳи байнамилалии Душанбе-Чаноқ бахшида шуда, муаллиф бо нишон додани вазъи роҳҳо дар фасли зимистон фаъолияти ширкати IRS-ро таъриф намуд.
Гузориши Ҳайдаршоҳи Муллохоҷа дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории ноҳияи Дарвоз бошад, куҳна буд, чунки аз наворҳо маълум аст, ки он дар дигар фасли сол гирифта шуда, дар он сухан доир ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли кишвар меравад. Бино бар иттилои муаллиф барои рушди ин минтақа беш аз 2 млрд сомони равона карда шудааст, ки тариқи амалӣ кардани 13 лоиҳаи инвеститсионӣ матраҳ карда мешавад.
Мавзӯи гузориш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба корхонаи коркарди пахта – ҶДММ «Амири дил» бахшида шуда буд, ки ба наздикӣ корхонаи истеҳсоли равғанро ба кор андохт.
Директори корхона Ҳамзалӣ Камолиддинов дар суҳбат иброз дошт, ки дар заводашон 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, боз ба наздикӣ заводи собун ба кор медарояд, ки боз 10 нафари дигар аз сокинони ноҳияро соҳиби кор мегардонад. Саволе ба миён меояд, ки завод гуфта ӯ чӣ намуди корхонаро дар назар дошт?
Баъди ин гузориш дар дақиқаи 14-уми барнома яку якбора танафус ба реклама шуд, ки он 5-6 дақиқа давом кард ва агар тамошобин аз ин амали дастандаркорони шабака бехабар бошад, мумкин барномаро интиҳоёфта гумон карда дигар тамошо накунад. Аммо баъди пахши реклама боз барнома тули 16 дақиқаи дигар давом кард.
Гузориши Мирзоалӣ Раҳмон мисли ҳамеша ба рушди соҳаҳои парвариши парранда, моҳӣ ва чорвои хушзот бахшида шуда буд.
Дар бораи тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он шарҳи телевизионии Азизбек Мавлонзода пешниҳод гардид. Дар он доир ба гармшавии глобалӣ ва буҳрони иқлимии башарият ҳушдор дод.
Ва гузориши бахши кишоварзӣ, ки муаллифонаш Муҳаммадшарифи Темур ва Манучеҳри Ҷумъахон буданд, ба омодагии техника ба кишти баҳорӣ дар ноҳияи Панҷ бахшида шуда, маводи мазкур аз руҷуи лирикӣ оғоз гардида, сонитар дар бораи дар ин ноҳия баргузор гардидани чорабинии «Техника – мададгори деҳқон» иттилоъ дода шуд.