Журналистикаи чандрасонаӣ имкон дод, то расонаҳо дар таҳияи матолиб аз роҳу усулҳои мухталиф истифода баранд. Мунаққиди расонаии “Хабарнигори муосир” ин бор саҳифаҳои шабакаҳои радиоии Тоҷикистонро дар интернет пайгирӣ намуд, то маълум шавад, ки онҳо аз интернетжурналистика ва трендҳои нави он чӣ гуна истифода мекунанд?
Пуриттилоъ, вале танҳо бо хабарсозии анъанавӣ
Саҳифаи Радиои №1-и ҷумҳурӣ — Радиои Тоҷикистон дар интернет сомонаи худро дорад ва қобили дастрас аст.
“Гузоришҳои тасвирӣ”, “Чандрасонаӣ”, “Матолиби савтӣ”, “Президент”, “Парлумон”, “Сиёсат”, “Муносибатҳои байналмилалӣ”, “Амният”, “Ҷомеа”, “Фарҳанг” ва “Таърих” аз рубрикаҳои ин сомона будаанд.
Зимнан, рубрикаҳои “Чандрасонаӣ”, “Матолиби савтӣ” ва “Гузоришҳои тасвирӣ”-и сомона фаъол набудаанд. Охирин матлабе, ки дар бахши “Матолиби савтӣ” ҷой дорад, 3 сол пеш — 27-уми июли соли 2020 — гузошта шудааст. Ҳол он ки радио 24 соат барнома таҳия мекунад ва нав кардани матолиби ин гӯша душвор нест.
Дар рубрикаҳои дигар хабару гузориши фаровонро пайдо кардан мумкин. Тарҳи ин сомона нисбатан сода ва истифодааш қулай ҳам ҳаст.
Аз ҳама фаъол бахши “Навид” аст. Рӯзи душанбеи гузашта он бештар аз 10 матлаб дошт.
24-уми апрел сомона иттилоеро бо сарлавҳаи «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуданд» интишор кард.
Ин хабар аз сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бознашр гашта буд, вале сомонаи Радиои Тоҷикистон манбаи иттилоъро ишора накард. Танҳо унвони хабар каме дигаргун шуда буду бас.
Хабари дигари ин сомона чунин унвон дошт: “Хадамоти алоқа тадбирҳои анҷомшударо барои баланд бардоштани суръати интернет шарҳ дод”.
Сарчашмаи ин иттилоъ саҳифаи фейсбукии Хадамоти алоқа ба ҳисоб мерафт, ки сомона ишора кардааст. Аз иттилои дар бахши “Навид” интишоркардаи сомона фаҳмидан мумкин аст, ки муаллифон дар таҳияи хабару гузориш, асосан ба услубҳои хабарсозии урфӣ иктифо мекунанд. Дар натиҷа хабарашон то ҷое тӯлонӣ буда, талаботи истифодабарандаи шабакаи иҷтимоиро, ки фурсати кӯтоҳ барои мутолиа дорад, қонеъ карда наметавонад.
Бар иловаи ин, сарлавҳаи хабарҳо дуру дароз аст, аз ин рӯ ҳангоми бознашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз қисматҳои унвони хабар нонамоён мемонад. Ҳамзамон, дар унвони баъзе сарлавҳаҳо унсурҳои ҷалби хонанда ба назар намерасанд. Дар асл, онҳо хроникаи кӯтоҳро мемонанд, ки бо мутолиааш ҳоҷати воридшавӣ ба дохили хабар намемонад.
Ҷустуҷӯи мо барои дарёфти ҷадвали пахши барномаҳо аз ин радио бенатиҷа буд.
Рангорангии омили таваҷҷуҳ дар кори сомонаи Радиои Тоҷикистон ба таври шабонарӯзӣ фаъол ва пуриттилоъ будани он аст.
Саҳифаи Радиои Тоҷикистон дар Фейсбук ҳамон иттилоеро паҳн мекунад, ки дар сомона интишор мегардад. Барои саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоияш муҳтавои алоҳида надорад.
Аммо ба иддаои масъули сомонаи Радиои Тоҷикистон журалист Фирдавси Низом, саҳифаи фейсбукии радиои Тоҷиистон дар миёни расонаҳои давлатии кишвар сермуштаритарин саҳифа мебошад.
— Шумораи обуначиёни мо наздики 16 ҳазор мебошад. Дар баробари хабарҳои сайт мо маводҳои алоҳида низ барои саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ омода мекунем. Талош дорем, ки маводҳои чандрасонаиро дар сомона бештар кунем, — гуфт, Фирдавси Низом.
Ҷадвали пахши барномаҳо, вале қобили дастрас не
Иттилои интишоркадаи сомонаи радиои “Садои Душанбе” дар рӯзи 23-юми апрел ба хабарҳои Радиои Тоҷикистон монандиҳо дошт. Ҷиҳати фарқкунанда дар пешниҳоди хабар, нашри нисбатан кӯтоҳ ва содаи хабарҳо ба ҳисоб мерафт.
Саҳифаи фейсбукии радиои “Садои Душанбе”, ки 1100 пайгир дорад, асосан матолиби сомонаашро бознашр мекунад. Вижагии ин саҳифа таҳияи ҳамарӯзии вазъи обу ҳаво ва қурби асъор ба ҳисоб меравад.
Радиои “Фарҳанг” — истифодаи «сетка»-и барномаҳо
Саҳифаи фейсбукии радиои “Фарҳанг” 1,5 ҳазор пайгир дорад. Дар баробари интишори иттилои сомонааш, ин саҳифа дар паҳн кардани ҷадвали пахши барномаҳо фаъол буд.
“Барномаҳо барои имрӯз, 23.04.2023, дар Радиои «Фарҳанг». Моро тариқи мавҷи 106,5fm пайгир бошед!”, — бо ин унвон саҳифаи фейсбукии радио навори савтие интишор кард.
“Радиои “Фарҳанг” мавҷест, ки бояд шунид” — бо чунин хитоб барнома оғоз гашт. Ва дар идома ровӣ гуфт:
“Салом, сомеони азиз, шуморо бо ҷадвали пахши барномаҳои радиои “Фарҳанг” барои имрӯз — 24-уми апрел шинос мекунем”.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки имрӯз баъди барномаи “Навид”, соати 09:00 барномаи “Оинадори нур” мустақим пахш мешавад. Дар идома шунавандаҳоро аз пахши лаҳза ба лаҳзаи барномаҳо огоҳ кард. Зимнан, ин усули кори радиои “Фарҳанг” дар миёни радиоҳои Тоҷикистон камназир ба ҳисоб мерафт.
Таблиғи замонавӣ дар Радиои «Aзия—Плюс”:
Ҷадвали мукаммали барномаҳои радиои “Азия-Плюс”-ро пайдо накардем. Саҳифаи фейсбукиашон дар миёни радиоҳои кишвар аз ҳама серхонанда будааст: 20 ҳазор обуначӣ ва хеле фаъол!
24-уми апрел “Азия-Плюс” ба шунавандаҳояш намоҳанги ҷадиди овозхон Зулайхо Маҳмадшоеваро пешниҳод кард. Дар саҳифа танҳо 1,5 дақиқаи тарона буд ва барои гӯш кардани идомаи он “Азия-Плюс” ҳаводоронро ба шунидани радио даъват намуд.
Як падидаи ҷолиб ва омӯзанда ин аст, ки журналистони ин радио бо шунавандаҳояш иртиботи зич ва пайваста доранд. Аз коргоҳ нишаста тариқи саҳифаи фейсбукии радио барномаҳояшонро таблиғ мекарданд. Ровӣ ва муаллифи барномаи “Парвоз” Меҳрубон Зокирӣ бо меҳмонони барномааш акс гирифта, мухлисонро барои шунидани шакли пурраи сӯҳбат ба мавҷи “Азия-Плюс” даъват менамуд.
Як иқдоми дигари самаровари ин радио бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ кардани шунавандаҳои фаъол ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби шарикони радио таҳия мешаванд.
Ин падида албатта дар баъзе радиоҳои дигар ҳам ҳаст, аммо “Азия плюс” онро доимӣ анҷом медиҳад, ки барои иртибот бо шунавандаҳо баҳонаи хубест.
Радиои “Ватан” дар интернет чӣ паҳн мекунад?
Радиои “Ватан” аз радиоҳои сершунавандаву маъруфи мост. Он сомона ва саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад. Мутаассифона маълумотҳои сомона кӯҳна будаанд. Ҳадс задан мумкин, ки масъулони ин радио муддатест бо мухотабонашон иртибот надоштаанд.
Саҳифаи фейсбукии радио 13, 6 ҳазор муштарӣ доштааст. Дар он асосан барномаҳои “Субҳ ба хайр” ва “Пресс – клуб” таблиғ мешудаанду бас. Он ҳам дар гузашта. Ҳамзамон, пештар иқдомҳои хайриявии радио дар ин саҳифа роҳ меёфт.
Дар бахши видеои радио бознашри наворҳо аз радиоҳои дигар, хоса Россия, аммо вобаста ба мавзуъҳои динӣ ҷо меёбанд.
Камрангӣ дар таблиғи барномаҳои радиоӣ
Радиои дигари маъруфамон — “Имрӯз”, ки инчунин дар гузашта аудиторияи калонро фаро мегирифт, дар интернет чандон фаъол набудааст. Ба ҳар сурат, дар интернет қобили дарёфт танҳо барномаҳои Саидэҳсон Ҷалолиён — “Минбар” дар You-tubе асту халос. Муаллифи ин барнома ҳоло корро дар радиои “Имрӯз” бас карда, дар Радиои Тоҷикистон фаъолият дорад.
Хулоса, пайгирии чандрӯзаи мо аз интернет ва саҳифаҳои иҷтимоии радиоҳо нишон дод, ки масъулони радио барои бозорёбӣ тариқи интернет камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Масъалаи дигар: аксари радиоҳо ҷадвал, ё ба истилоҳи маъмул “сетка” -и пахши барномаҳо надоранд. Ҳол он ки барои шунаванда ин як меъёри муҳим аст. Шояд барномаҳо муназзам нестанд? Ё ин меъёри муҳимро бесабаб сарфи назар мекунанд? Мо намедонем…
Дар маҷмуъ, масъулони радио аз журналистикаи чандрасонаӣ ба таври кофӣ истифода намекунанд. Таблиғи мукаммали анонси барномаҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нест. Масъалаи дигар робитаи кам бо шунавандаҳо тариқи интернет аст.
Дар таҳияи хабару гузориш танҳо ба анъанаҳои урфии жанрӣ иктифо мекунанд. Хабарсозиашон замони шӯравии собиқро ба хотир меорад. Барои гузоштани барномаҳои мустақим ва шакли алоҳидаи барномаҳо дар интернет камтаваҷҷуҳанд. Барои шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтавои алоҳида надоранд.
Як паҳлӯи мусбат: шабакаҳои радиоии ҳукуматӣ дар интернет камтар аз радиоҳои мустақил талош намекунанд! Пас инро аввали кор ҳисоб кунему рақобатро акнун интизор бошем?
Маҳкам Маҳкамзода