Ҳафтаи охири моҳи апрел Digital Report дар Туркия, барои рӯзноманигорони ҷавон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзиши панҷрӯза, ки ба ҷанбаҳои асосии журналистикаи онлайнӣ ва проблемаҳои асосии бахши технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ бахшида шудааст, доир хоҳад намуд. Модулҳои омӯзишӣ, идоракунии байналмилалии интернет, ҷустуҷӯ ва пешбурди иттилоот дар Twitter, VK ва YouTube, масъалаҳои махфият ва тафтиши маълумотҳо дар интернет, инчунин мастер-класс аз тарафи мутахассисони пешбар оид ба киберамният, танзими ИКТ ва сиёсатро тавзеҳ медиҳанд.
Талабот аз номзадҳо:
- донистани забони русӣ / сатҳи касбӣ (таҷрибаи навиштани мавод бо забони русӣ).
- Донистани забони англисӣ –қобили қабул аст.
- Маълумоти олӣ ё таҳсил дар яке аз курсҳои олӣ.
- Доштани таҷрибаи се солаи корӣ дар соҳаи журналистика.
- Малакаҳои корӣ оид ба системаи оператсионӣ, пакети корӣ.
- Малакаҳои асосии кор бо иттилоот дар мошинаҳои ҷустуҷӯӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Доштани имконияти сафар ба хориҷа.
- Мавҷудияти ноутбук.
- Доштани хоҳиши тавзеҳи мавзӯъҳои омӯзиши иттилоотӣ ва сиёсати телекоммуникатсионӣ ва танзими (ҳукумати электронӣ / давлат, сиёсати танзимкунанда, сиёсати иттилоотӣ, амният дар киберфазо, онлайн-бизнес-тиҷорат, ҳуқуқ ва озодии онлайнӣ, муқовимати иттилоотии байналмилалӣ / таблиғот, телекоммуникатсия ва ғайра.) баъди хатми тренинги мазкур.
Лутфан хоҳиш карда мешавад, ки шарҳи ҳол ва то панҷ намунаҳои маводи худро ба Станислав, ба суроғаи s.budnitsky@secdev-foundation.org ирсол намоед.
Digital Report – иттилооти нав, платформаи таҳлилӣ ва касбӣ бо забони русӣ, шарҳи рушди рақамии Авруосиё: аз хадамоти ҳукумати электронӣ ва ҷанги иттилоотӣ байналмилалӣ то навовариҳои қонунгузорӣ ва тамоюлҳои бозорӣ дар технологияҳои иттилоотӣ.
— Маълумоти бештар дар: http://newreporter.org/