ДомойХудомӯзЧӣ тавр бояд дастрасӣ ва мувофиқии тафсири мобилии сомонаро санҷид

Чӣ тавр бояд дастрасӣ ва мувофиқии тафсири мобилии сомонаро санҷид

Дастгоҳҳои мобилӣ барои шумораи зиёди истифодабарандагон, воситаи асосии сайругашти интернетӣ маҳсуб меёбад: бо телефонҳо ва планшетҳо мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавем, мактубҳоро дида мебароем, дархостҳои онлайнӣ мекунем ва дар ҷустуҷӯи маълумоти дуруст ҳастем.

Нусхаи муносиби мобилии сомона ба шумо имконият медиҳад, ки таваҷҷӯҳи шунавандагони зиёдро ҷалб созед. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷустуҷӯи Google – система тағйиротҳоро дар низоми рейтинги натоиҷи ҷустуҷӯ ворид намуд.

Кунун дастрасӣ ба дастгоҳҳои мобилӣ, яке аз омилҳои арзёбии захираҳои онлайнӣ ва натиҷаи ҷустуҷӯии он аст.

Барои санҷидани он ки, то чӣ андоза истифодаи сомона бо телефон осон аст, Google хадамоти махсусро таҳия кардааст.

Танҳо дар сатр истиноди манбаъро дароред ва пас аз чанд сония Шумо таҳлили муфассалро, оид ба «дастрасии мобилӣ» аз сомона қабул мекунед.

Агар хизматрасонӣ дар бораи мавҷудияти хатогиҳо ҳушдор созад, ба дастур  назар кунед- он барои ислоҳ намудани камбудиҳо кӯмак хоҳад кард.

«… Ба Шумо ҳамчун таҳиякунанда, зарур нест, ки вақти зиёд ва пулро барои азнавсозии веб-сомона сарф кунед. Дар бисёр мавридҳо, барои ин кор интихоб намудани тарзи нави инъикоси саҳифа ё ки каме тағйир додани танзимоти сомонаатон басанда аст »(googlerussiablog.blogspot.com).

Google ҳамчунин, истифода бурдани дастурро барои мутобиқ кардани сомонаҳо барои таҳиягарон, пешниҳод месозад.

Номгӯи якчанд хадамотҳои онлайнӣ. Онҳо барои дидани он ки сомонаатон дар дастгоҳҳои мобилӣ чӣ гуна намуд доранд, кӯмак мекунанд.

Quirktools.com/screenfly

Responsinator.com

Mobilephoneemulator.com

Манбаи акс оид ба пешнамоиш: flickr.com.

Саҳифаи аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ