ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун барои иштирок дар Media and Social Innovation Lab

Озмун барои иштирок дар Media and Social Innovation Lab

logos2

Медиа, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, IT-мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои иштирок дар Медиа-озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ, даъват карда мешаванд.

Он имконияти омӯхтани иброз карда тавонистани ақида ба  масъалаҳои иҷтимоӣ бо роҳи нав, ҷалби аҳолӣ ба онҳо, сохтани воситаҳои босифати муосир барои амалӣ намудани ташаббусҳои иҷтимоӣ медиҳад.

Медиа-озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ, санаи 25-26 июни соли 2015 дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) баргузор мегардад.

Лоиҳаи Медиа-озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ, дар доираи барномаи Internews «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот», таҳти сарпарастии Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардонида шудааст.

Ташкилкунандагони чорабинӣ, намояндагии Интернюс Нетуорк дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фонди «Клооп Медиа» мебошанд.

Дархостҳо барои татбиқи лоиҳаҳои онлайнӣ, ки дар он мушкилоти воқеии шаҳри Шумо, минтақа, кишварҳо, ки  бо ёрии барномаҳои мобилӣ, лонгридҳо (хониши дароз), лоиҳаҳои харитасозӣ, лоиҳаҳои махсус ва ғайра метавонанд ҳал гарданд, қабул карда мешаванд. 9 дархостҳо интихоб карда мешавад (се дархост аз ҳар як давлатҳои узвӣ).

Ҳангоми баргузории Медиа-озмоишгоҳ ва инноватсияи иҷтимоӣ, дастаҳо метавонанд барномаҳои худро такмил дода, онҳоро ба лоиҳаҳои мавҷуда бо ёрии роҳнамои касбӣ мубаддал созанд.

Дар ҷамъбасти кор ба беҳтарин лоиҳаи онлайнӣ гранти хурд дар ҳаҷми 2000 $ дода мешавад. Лоиҳаҳои мукаммалшуда дар назар аст, ки ба медиашарикон дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои рушди минбаъда, мусоидат ба устувории онҳо дода шавад.

Ҳамагӣ 30 иштирокчиён аз се кишвар интихоб карда мешаванд.

Намояндагии Интернюс Нетуорк дар Ҷумҳурии Қирғизистон  хароҷоти сафар, нақлиёт, таъмин бо ҷои хоб ва хӯроки ҳамаи иштирокчиёнро ба зиммаи худ мегирад.

Дархостҳои ҳам шахсӣ ва ҳам гурӯҳӣ аз ҷониби медиамутахассисон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои давлатӣ ва IT-мутахассисон аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Шакли дархостро метавон дар ин ҷо зеркашӣ кард.

Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи он фиристодашавандаро тавассути почтаи электронии innovlab2015@gmail.com. ирсол намоед.

Натиҷаҳои озмун санаи 10 июни соли 2015 дар сомонаҳои internews.kg, newreporter.org  ва kloop.kg эълон карда мешаванд.

Манбаи акс дар пешнамоиш:  flickr.com.

Саҳифаи аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ