Барномаи «Свобода информации» -и Фонди «Сорос-Қирғизистон» ва Фонди ҷамъиятии «ИТ Аттрактор» барои иштирок барномасозон, журналистон ва фаъолони иҷтимоиро ба аввалин Хакатони Осиёи Марказӣ оид ба маълумоти кушода, ки дар Бишкек ва Иссиқ-Кӯл аз санаи 9 то 13 июн баргузор мегардад, даъват мекунанд.
Қабл аз як рӯзи омӯзиш дар Бишкек ва се рӯзи кори пуршиддат дар Иссиқ-Кӯл, иштирокчиён дониш ва малакаи кориро доир ба иттилооти кушода ба даст хоҳанд овард.
Ҳамагӣ шаш даста ташкил карда мешавад, ки дар ҳар яке- 2 барномасоз, 2 рӯзноманигор ва 2 фаъоли иҷтимоӣ хоҳад буд.
Аз 11 то 22 майи соли ҷорӣ, созмондиҳандагон бо интихоби иштирокчиён ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо машғул хоҳанд шуд . Дар бораи шароити интихоб ва иштирок кардан метавон дар саҳифаҳои зерин барои барномасозон, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа маълумот пайдо намуд.
Чорабинӣ дар Бишкек, санаи 8 июн оғоз мегардад. Семинарҳои омодагӣ 9 июн. 10 июн ҳамаи дастаҳо, мураббиён ва коршиносони даъватшуда оид ба маълумоти кушода, барои кори пуршиддат ба Иссиқ-Кӯл фиристода мешаванд.
Дархостҳо то худи рӯзи 22 май қабул карда мешаванд.
Маълумоти бештарро метавонед дар сомонаи чорабинӣ пайдо кунед.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/