ДомойМедиалентаСоли 2025 журналистика чӣ гуна хоҳад буд: 4 назар

Соли 2025 журналистика чӣ гуна хоҳад буд: 4 назар

Фонди журналистикаи Голландия доир ба ояндаи журналистика баъди 10 сол ҳисоботе мунташир сохт. Ин таҳқиқот барои ВАО – и аксари давлатҳо шавқовар хоҳад буд, зеро медиадоираи Нидерландия дигаргуниҳое, ки ба иттиҳоди журналистӣ дар тамоми xаҳон шинос аст – бисёре аз бузургтарин медиаширкатҳо фурeхта шудаанд, рeзномаҳои ҳаррeза  давраи камкунии адади нашрӣ ва ихтисоркунии ҳайати кории худро аз сар гузаронида истодаанд, паси сар карда истодааст.

Миқдори фавқулодда зиёди стартап ва лоиҳаҳои нав бисёр паҳн шудаанд.

[исобот 4 сенарияи инкишофи соҳаро дар оянда пешниҳод менамояд. Барои ёфтани ин сенарияҳо Фонди журналистикаи Нидерландия муносибати uайрианъанавиро иқдом намуд. Бо истифодаи усуле, ки аввалин шуда ширкати барқии Shell  ба кор бурд, фонд 150 рeзноманигор, муҳаррирон, фрилансерҳо, тоxирон, олимон ва мутахассисони технологияро ба силсила конфронсҳову вохeрӣ ва мусоҳибаҳо xамъ овард.

Давоми ин вохeриҳо иштирокчиён саволҳоро бо  тамоми гуногуншаклиашон ба 70 ё дар доираи ин рақам мавзeъҳо, ки соҳаи рeзноманигориро дар бар мегирад, ба ҳам оварданд. Баъдан ин мавзeъҳо ба категорияҳои «фаҳмо» ва «нофаҳмо»  дар бобати ташаккул дохил карда шуданд. Ин дар охир ба 2 номуайянии муҳим оварда расонд:

  1. Оё гирандагони хабар таuйироти қатъӣ ва ё маxбуриро мехоҳанд
  2. Оянда қабули технологияҳо чӣ гуна хоҳад буд

Имкониятҳои «маxбурӣ» зидди «қатъӣ» ва «барои худ кун» зидди «барои ман бикун» бояд тамоюли муқобилро  дар журналистикаи голландӣ (метавонад дар xаҳонӣ ҳам) мунъакис созад.

 

Назари 1. Хирадмандии издиҳом: қатъӣ ва «барои худ кун»

Дар xаҳоне, ки аз болои иқтисодиёт ва xамъият муаллифони маҳдуд, стартапҳо ва шарикони виртуалӣ ҳукмрон ҳастанд, ҳукумат ба мақоми ёридиҳанда бароварда шуд. Таъсиру нуфузи ширкатҳои бузург, ба мисли Apple, Fox  ва Faceӣook  бисёр суст шудааст — онҳо на он қадар xиддӣ ба ҳифзи маълумоти шахсии истифодабарандагони худ муносибат намуданд.

  Ба шарофати инқилоби технологӣ, симои тафаккури «худ бикун» калид ба муваффақият гашт.

Ташаббусҳои нав дар як ва ҳамон суръати бисёр тези худ пайдо мешаванд ва гум мешаванд. Хабар чӣ гуна ки набошад, барои он на бюрои  хабарҳои Нидерландҳо (ANP, оxонсии бузургтарини Нидерландҳо), на медиаширкатҳо пардохт мекунанд, балки худи аудитория/издиҳом.

Журналистон асосан xамъкунандаи иттилоот, нозирон ва менеxери иттиҳодияҳо мегарданд.  

Назари 2. Муште аз себ: қатъӣ ва «барои ман бикун»

Дар xаҳоне, ки якчанд мега — ширкатҳо ҳолати иқтисодӣ, иxтимоӣ ва сиёсиро зиёдтар муайян мекунанд, сарони ширкатҳои — Ali baba, Apple, Роснефть ва Google  сернуфузтаранд нисбат ба аксари сиёсатмадорон. Аз бисёре аз бозингарони хурд ҳокимият кашида гирифта шудааст ва онҳо маxбур ҳастанд ин фирқаро тарк намоянд.

Таxҳизот, программаҳо , маҳсулотҳо, маълумот — ҳамаи онҳо тамuаи молӣ мегиранд ва аз тарафи шабакаҳои баҳамовардашуда амалӣ карда мешаванд.

Хамин чизро ба хабарҳо ҳам нисбат додан мумкин аст, зеро онҳо шуурнок шахсикардашуда ва ҳамеша саривақт то истифодабаранда мерасанд.

Медиаширкатҳои аз ҳама бештар анъанавӣ натавонистан ба ин гуна ташаккул тоб оваранд. Онҳое, ки то ҳол арзи ҳастӣ доранд, бо тамоми қувват кӯшиш доранд мустақил бимонанд, лек аксари истифодабарандагон ба онҳо чун ба заминаи дилгиркунанда муносибат доранд то даме ки онҳо имконияти гирифтани он чиро ки мехоҳанд бигиранд, доранд.

Назари 3.Мулки графӣ: маҷбурӣ ва «барои худ бикун»

Чаҳоне,  ки дар он муҳимтар аз ҳама хурдмиқёс будан ва танҳо аз худ вобаста будану боэҳтиёт будан. Зеро кибер- ҷиноятҳо, сӯиистифода аз қудрат ва ҳалалдор намудани ҳаёти шахсӣ аз ҳад зиёд паҳн гаштаанд, ҳамагон ба хулосае омадаанд, ки технология ба идоракунии бисёр эҳтиёткорона ниёз дорад.

Ландшафт медиа ҷазираи империявӣ гашт, ки аз номгӯи хурди миқёс, ки аксар ба минтақа ё мавзеъ нигаронида шудааст, ҷамъ карда шудааст.  

Бисёре аз рӯзномаву маҷаллаҳои аввали асри 20 аз байн рафтанд. Аммо бо хабарҳо бо воситаи сайтҳои мавзӯии иттиҳодияҳо, ки ба онҳо ҳам журналистони шаҳрвандӣ ва ҳам  касбӣ менависанд, доду гирифт менамоянд. Баъзан ин сайтҳо – танҳо толори бо акси садо пуркардашуда  аст, ки дар он ақида ва хабарҳо беохир дарҷ мегарданд ва инсон он ҷо асосан тасдиқёбии фикри худро муёбад.

Назари 4. Таҳаввулоти Дарвинӣ: маҷбурӣ ва «барои ман бикун»

Чаҳоне, ки аввалҳо ин институтҳо бонуфуз буданд худро аз нав кашф менамоянд ва ҳамин тавр боварии аввалаи сомеонро ба худ бозмегардонанд.

Оҷонсиҳои ҳукуматӣ ва медиаширкатҳо дӯстон ва душманонро бо қобилияти худ ба мутобиқшавӣ ба ҳайрат меоварад. Онҳо шаффофии зиёд ва дастрасиро нишон медиҳанд;гуфтугӯи онҳо бо гурӯҳҳои мақсаднок – ин рейтинги пештара аллакай дар ифодаи рақамӣ ҳатмӣ нест ва ин албатта хароҷоти худро мебарорад.

Ландшафти журналистӣ инкишоф меёбад: як қатор медиаширкатҳои иттилоотии анъанавӣ муваффақанд, ба онҳо суст намудани камшавии босуръати тамошобин ва обуначиёни худ даст медиҳад.

Дигарон нисбатан сустар амал мекунанд ва нобуд мегарданд. Бозигарони пешина стартапҳои рақамиро паси сар намудаанд ва бо онҳо хамкорӣ менамоянд ва ё дар ҳамзистии нисбатан осоишта рақобат менамоянд. Дар натиҷа роҳҳои васеи гуногун рӯи кор меоянд, ки бо он ҳабарҳо ба назар меоянд ва бурда расонида мешаванд.

Медиаширкатҳои анъанавӣ сохтори худро барои таъмини самаранокӣ зиёдтар тағйир медиҳанд, ки ҳамкории хешро васеъ гардонанд ва бо бизнес – моделҳо пайваста таҷриба мегузаронанд. Шунаванда хаминро  интизор аст, ки журналистика бояд ҳамеша худро ҳақ нишон диҳад, стандартҳои баландро муқаррар менамояд ва тамғаи муайянро намепазирад.

Инак, тасвири медиапландшафти соли 2025 ин тавр мешавад. Ҳаст сенарияи «Хирадмандии издиҳом», — ҷаҳоне ки дар он стартапҳои журналистӣ саноати анъанавиро маҳв сохта, ба иттиҳодияҳое бартарӣ медиҳанд, ки бо хабарҳо мубодила менамоянд. Муассисаҳои журналистӣ худ ба худ инкишоф меёбанд ва аз рӯи краудфандинг асос ёфтаанд, дар ҳоле ки аз рӯи муносибат ба медиаширкатҳои бузург , ба мисли Apple ва  Faceӣook дар тамошобин нобоварӣ боқӣ мемонад.

Тамоман дигар аст сенарияи – «Муште аз себ», дар он ширкатҳои технологии бузург, яъне дар боло зикршуда Apple и Faceӣook ҳастанд, ки ҳолатро муайян менамоянд. Хабарҳо бо дараҷаи баланд шахсикардашуда, аммо ин натиҷаи он аст, ки ҳамаи шабакаҳо ва пойгаҳҳои паҳнкунӣ ба торнамои бузурги қувваҳои нав афтоданд. Дар ин ояндаи торик соҳаи иттилоотии анъанавӣ зинда намонд ва аз ҷониби технологияҳо идора карда мешавад.

Барои онҳое, ки маҳдуд ҳастанд ва технологияҳоро дӯст намедоранд, оянда бо сенарияи  «Мулки графӣ» бисёр диқатҷалбкунанда метобад. Гарчанде ки институтҳои анъанавӣ чун пештара дар ин сенария ҷой надоранд, онҳо ба интишороти маҳаллӣ ва маҳдуд иваз гаштанд, ки ба иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ майлон доранд. Дар сайтҳои мавзӯии иттиҳодияҳо ҳам журналистони шаҳрвандӣ, ва ҳам хабарнигорони касбӣ шунавандаи худро меёбанд.

Сенарияи чорум «Таҳаввулоти Дарвинӣ» : медиаташкилотҳо бояд мутобиқ гарданд ва ё аз байн раванд. Механизми ба тартибдароӣ – шаффофият аст. Дар таҳаввулот шунавандаи истифодабарандаи хабарҳо барои баркароркунии стандартҳои талабшуда ба сифати журналистика биомад ва мехоҳад, ки журналистон худро нишон диҳанд. Барои зинда мондан дар ин ҷаҳон аз медиаҳои анъанавӣ инкишофе интизор мешавад бо фаҳми онки онҳо чӣ гуна шунавандаи худро мебинанд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ