Журналистони штатии тамоми ҷаҳон, ки таҷрибаи на камтар аз 5 солаи корӣ дар расонаҳои чопӣ, паҳши эфирӣ ва онлайн доранд, метавонанд аризаҳои худро барои иштирок дар ин курсҳо дар Лондон, ирсол намоянд.
Фонди Thomson Reuters курси ҳафтаинаро ба хабарнигороне, ки ҷиҳатҳои молиявӣ ва хабарҳои тиҷоратиро дар чунин соҳаҳо чун иқтисодиёт, бозори ашёи хом ва молия, энергетика, фаъолияти ширкатҳо ва қурби асъор равшан мекунанд, пешкаш мекунад.
Курс аз 12 то 16 октябр давом мекунад.
Фонд барои журналистони мамлакатҳои пешрафтаистода ва дар марҳилаи гузариш қарордошта идрорпулиҳо муайян намудааст. Идрорпулӣ ҳарҷи сафар ва истиқоматро дар бар мегирад.
Аризаҳо то 17 август қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.
Манбаъ: ijnet.org
Матни аслӣ: http://newreporter.org/