ДомойМедиалентаОяндаи телевизион – замимаҳо

Ояндаи телевизион – замимаҳо

Ба ҳамин хел хулоса омаданд кормандони ширкати тадқиқотӣ ва машваратии The Diffusion Group , ки профили он таҳлили рафтори истеъмолкунандагони мӯҳтавои телевизионӣ ва дар маҷмӯъ муҳити медиавӣ ва пешгӯии рушди минбаъдаи соҳа мебошад.

Нусхаи пурраи гузоришро метвонед аз сомонаи ташкилот ба 2495 доллар бихаред, мо бошем тарҷумаи мухтасари мазмуни гузоришро, ки  mediatel.co.uk  пешниҳод кардааст, нашр мекунем.

Zanthia

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки хулосаҳои ширкат каме аз ғояҳои шаклгирифтаи директори кулли яке аз хизматрасониҳои онлайнии бузургтарини ҷаҳонӣ оид ба тамошои филмҳо ва силсилафилмҳои Netflix Рид Гастингс (Reed Hastings) фарқ мекунад.

Ақидаи асосии натиҷаҳои тадқиқотро метавон ба тариқи зайл пешниҳод намуд: тамошои телевизион аз меҳмонхона ба экрани «дуюм» — планшетҳо ва телефонҳои мобилӣ мегузарад.

Соли 2020, тибқи гузориш, қариб нисфи ҳамаи тамошо карданҳои видеоӣ на аз тариқи телевизиони анъанавӣ, балки  тавассути замимаҳо, смартфонҳо ва планшетҳо барои эҷоди экосистемаҳои «замимаҳои телевизионӣ»  мусоидат хоҳад кард.

«Дар зарфи ҳафт соли оянда экосистемаи замимаҳо ба таҷҳизотҳои ёрирасон паҳн мегардад, ки оинаҳои нилгун ва Интернетро ба ҳам мепайвандад,» — мегӯяд Ҷоэл Эспелин (Joel Espelien), таҳлилгари пешбари Diffusion Group ва муаллифи гузориши нав.

Мо дар бораи якчанд замимаҳо барои смарт – ТВ сухан намегӯем, мо танҳо мағозаҳои мукаммал чун  Google play и Apple store – ро дар назар дорем. Гузашта аз он, ин тағйирот ногузир аст ва ин аз ҳамкории якҷояи талаботи истеъмолӣ, инкишофи технологӣ, манфиатҳои таҳиягарон ва эҳтиёҷоти маркетингӣ вобастагӣ дорад.»

Эспелин иқрор мешавад, ки дар ҳоле ки тағйирот ногузир аст, гузариш батадриҷ бо сустшавии инертсияи саноатӣ,  силсилаи иваз  шудани дастгоҳҳо ва муқовимати тамошобинони телевизионӣ сурат мегирад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки тағйиротҳо дорои аҳамияти глобалӣ барои соҳаи саноати телевизионӣ мебошанд. Дар асл, барои мисол гуфта метавонем, ки акнун истеҳсолкунандагони  маводи телевизионӣ, бояд омода кардани замимаҳоро биомӯзанд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ