ДомойОзмунҳо/ГрантҳоНамояндагии шабакаи Интернюс дар Осиёи Марказӣ озмунеро байни ВАО барои иштирок дар...

Намояндагии шабакаи Интернюс дар Осиёи Марказӣ озмунеро байни ВАО барои иштирок дар лоиҳаи «Осиёи кушода — Online» эълон намуд

Лоиҳа дар чаҳорчӯбаи барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ «Дастгирии медиаҳои мустақил дар Осиёи Марказӣ» дар Қазоқистон, Қиргизистон ва Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Лоиҳа кӯмаки маърифатӣ, омӯзишӣ ва машваратиро ба ташкилотҳои медиявӣ пешбинӣ менамояд ва онҳо дар асоси озмун барои истеҳсоли муштараки мӯҳтавои иттилоотӣ ба мавзӯъҳои аҳамияти иҷтимоидошта бо истифодаи воситаҳои мултимедиявӣ интихоб мешаванд.

Лоиҳа ба иштирокчиён якҷоя бо ҳамоҳангсози  Internews Network имконият медиҳад, ки мӯҳтавои мултимедиявӣ тавлид намуда, бо он тавассути портали иттилоотӣ ва таълимии TheOpenAsia.net. табодул намоянд.

Лоиҳа ҳамчунин ба ин гуна самтҳо равона карда шудааст:

  • Баланд бардоштани ихтисоси кормандони ширкатҳои медиявӣ бо воситаи таҷрибаомӯзӣ, ки дар лоиҳа иштирок мекунанд;
  • Ҷалб намудани аудитория ба онлайн – захираҳои нашрияҳо – шарикон, ки рақобатпазирии медиаро баланд бардошта, иқтидори тиҷоратии онҳоро зиёд мекунад.

Ҳадафҳои лоиҳа:

  1. Баланд бардоштани сифат ва дастрасии иттилоот тавассути истифодаи воситаҳои медиявӣ ва усулҳои онлайн – рӯзноманигории нав.
  2. Таҳкими робитаҳо байни ВАО ва аҳолӣ, ки онҳо тавассути рушди интерактивии хабарнигорӣ хизмат менамоянд, ба ҷомеаи журналистӣ нигаронида шудааст.
  3. Мусоидат дар масъалаҳои ташкили нави колабҳои нави иттилоотӣ.
  4. Устуворгардонии иқтидори тиҷоратии ВАО, афзоиши давомоти интернет – захираҳо.

Дар лоиҳа ВАО Қазоқистон, Қиргизистон ва Тоҷикистон иштирок карда метавонанд, ки:

  • қайди расмӣ дошта бошанд;
  • як ташкилот сомонаи устувор коркунанда дошта бошад;
  • фаъолона пайравиашро ба принсипҳои одоби касбӣ ва масъулиятро дар рӯзноманигорӣ нишон диҳад.
  • Риоя кардани мустақилияти сиёсати таҳририя ва омода будан ба нашри маводҳои мавзӯи аҳамияти ҷамъиятидошта;
  • Нашрия, интернет- портали устувор доранд ва аз нуқтаи назари молиявӣ ва идоракунӣ ояндадор буда, рақобатпазир ва устувор ҳастанд.
  • Нияти маблағгузорӣ ба рушди нашрияҳои қолабҳои нави мултимедиявӣ доранд;
  • Ба омӯзиш майл доранд ва омода ҳастанд аз рӯи маслиҳатҳо ва тавсияҳо корбарӣ намоянд;

Кор бо иштирокчиёни лоиҳа дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • Кори рӯзонаю ғоибонаи ҳамоҳангсозон – роҳнамоёни лоиҳаи «Осиёи кушода онлайн» бо кормандони нашрияи шарик аз болои шаклҳои мултимедиявӣ барои сомонаҳои шарик;
  • Омӯзиши кормандони нашрияи шарик тавассути вебинарҳо бо иштироки мутахассисони пешбар дар соҳаи журналистикаи мултимедия;
  • Ташрифоварӣ ба нашрияҳои шарикони бонуфузи мутахассисон дар соҳаи мултимедия;
  • Лоиҳаҳои машваратии инфиродӣ барои иштирокчиёни барнома;
  • Иштироки кормандони нашрияҳо – шарикон дар конфронсҳо ва омӯзишҳои рӯзона;
  • Ташкили мубодилаи иттилоот ва унсурҳои воқеаҳои  мултимедиявӣ байни шарикон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон;

Шартҳои иштирок дар озмун:

  1. Пур кардани дархости пешниҳодшуда.
  2. Ирсоли дархост ба Internews Network ҳамоҳангсози минтақавии

лоиҳаи «Осиёи кушода – онлайн» Жанар Канафин бо суроғаи zkanafina@internews.org

  1. Дархостҳо то 17 августи соли 2015 қабул карда мешаванд.

Ҳамагӣ барои иштирок дар лоиҳа соли 2015 нӯҳ васоити ахбори

омма, се ВАО аз ҳар кишвар интихоб карда мешаванд.

Натиҷаҳои озмун аз ҷониби Internews Network то 21 августи 2015

ҷамъбаст карда мешаванд. Барои ВАО интихобшуда дар лоиҳа

мактуб —  огоҳинома фиристода хоҳад шуд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ