ДомойХудомӯз«Easy Content Presenter» -эҷод кардани презентатсияҳо, банерҳо ва инфографика

«Easy Content Presenter» -эҷод кардани презентатсияҳо, банерҳо ва инфографика

Easy Web Content Presenter – ин як онлайн – воситаи хеле қулай ва пуриқтидор барои таҳияи маҳсулоти касбӣ, мултимедиявиву рақамист.

Барои муаррифии лоиҳа ва ё ташкилоти худ, амалиёти шаҳрвандӣ бояд «намоиш» (презентатсия) омода намуд? Пас, барои ба даст овардан ва ба кор даровардани PowerPoint шитоб макунед, зеро барои омода сохтани слайдшоуи мухталиф, презентатсияҳо, инфографика ва роликҳои намоишӣ имрӯз ба кадри кофӣ дигар воситаҳои аксар вақт бепул вуҷуд доранд.

Имрӯз мо ба шумо боз як веб – замимаи хеле қулайро пешниҳод мекунем, ки он ба таҳия намудани маҳсулоти бисёрвазифаи мултимедиявӣ бевосита аз интернет имконият медиҳад.

Easy Web Content Presenter – ин як веб – замимаи бисёр муфид ва пуриқтидор барои офариниши касбии «намоишҳо» дар Интернет аст. Тавассути Easy Web Presenter шумо метавонед на танҳо веб-намоишҳо, балки боз инфографика, рекламаи баннерӣ, тизерҳо, намоиши маҳсулотҳо, графикҳо ва диаграммаҳо, амсилаҳо  ва бисёр дигар чизҳоро биофаред.

Easy Web Content Presenter дар истифода як воситаи оддӣ ва осон аст. Муҳим нест ки шумо мутахассиси кори худ бошед ва ё офарандаи навкори маҳсулотҳои рақамӣ, ба ҳар бобат шумо метавонед аз ин хадамот истифода баред. Дар оғози кор шумо бояд профили худро бисозед, ки амалиёти комилан ройгон маҳсуб ёфта, ҳамагӣ якчанд дақиқаро талаб мекунад.

Баъди бақайдгирӣ шумо метавонед ба ҳисоботи худ, ки дар он ҷо шумо ба омода кардани лоиҳаи нав даъват шуда метавонед, дохил гардед. Бо ин ҳама шумо метавонед фавран интихоб кунед, ки ин чӣ хоҳад буд: веб – сомона барои дар шабака ҷойгир кунонидан, ё презентатсия. Танҳо тугмачаи Create New пахш намоед ва ба лоиҳаи худ ном гузоред. Фавран пас аз ин аз шумо хоҳиш мекунанд мақсади корро, бо интихоби яке аз намудҳои имконпазири маводҳои рақамӣ муайян намоед. Агар кори фикр кардаи шумо ба доираи имконоти пешниҳодшуда мувофиқ наояд, пас банди Custom –ро интихоб кунед, ки дар онҷо шумо метавонед комилан аз саҳифаи тоза корро сар кунед. Қадами ояндаи шумо интихоби якчанд мавзӯъҳои таъинкардашуда хоҳад буд.

Баъд аз интихоби қолаб мо билохир ба муҳарири асосӣ, ки дар он ҷо метавонем қолабро иваз карда, бо мӯҳтавои зарурӣ пур кунем, рӯбарӯ мешавем. Дар назари аввал шояд душвор намояд, аммо ин пардохти ногузир барои кори самаранок аст. Вале бо мурури шиносоии минбаъда бо ин замима шумо мебинед, ки интерфейси вай комилан мантиқӣ ва бароҳат буда, асосҳои кор наонқадар аз дигар барномаҳои таҳияи намоишҳои рақамӣ фарқият дорад.

Барои тағйир додани ҳар гуна ҷузъиёт танҳо ба он ду маротиба ишора кардан лозим аст ва он барои таҳрир кардан омода мешавад. Ҳамин тавр шумо метавонед, сарлавҳаҳоро иваз намоед, матн, суратҳои худ, унсурҳои ороишӣ ва ғайраро ворид кунед. Барои ба слайд илова кардани унсурҳои нав панели болоии асбобҳо вуҷуд дорад. Диққат диҳед, шумо метавонед ба ҳар гуна унсури саҳифа воситаҳои гуногуни аниматсиониро ҳамроҳ кунед, ки ин имкон медиҳад маҳсулоти мултимедии зебову «зинда» биофарид.

Панели тарафи чап барои гузариш байни панелҳои созкунии хусусиятҳои умумии «намоишҳо», идора намудани слайдҳои алоҳида , созкунии хосиятҳои интихобшуда дар майдони корӣ ва равзанаи пешнамоиш хизмат мекунад. Муҳаррир барои бекор кардани амалиёти охирин ва функсияи нигаҳдории автоматикии лоиҳаи шумо имконият дорад.

Баъди оне ки кори шумо аз болои презентатсия ба анҷом мерасад, шумо бояд онро дар профили худ бо пахш кардани тугмачаи Save нигаҳдорӣ кунед. Сипас шумо метавонед бо ҳамкорони худ, истиноди махсусро фиристода, ва ё корро дар сомонаи худ ва ё блоги бо рамз ҷойкарда ворид сохта, аз ин дастоварди худ огоҳ созед. Ғайр аз ин метавон презентатсияро тариқи почтаи электронӣ фиристод ва ҳатто ба роёнаи худ дар намуди тасвирҳо (JPG) ва ё ҳуҷҷати электронӣ (PDF)  ҷойгир намуд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ