ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун барои ҷавонон «Инноватсияи иҷтимоӣ», Қирғизистон

Озмун барои ҷавонон «Инноватсияи иҷтимоӣ», Қирғизистон

ФҶ «Хазинаи дастгирии ғояҳои инноватсионӣ», бо дастгирии молиявии фонди «СоросҚирғизистон» барои иштирок дар лоиҳаи «Инноватсияи иҷтимоӣ» дар байни ҷавонон озмун эълон менамояд.

Мо барои иштирок дар озмун дархости ҷавонони боғайрат, фаъол ва болаёқатро, ки хоҳиши гирифтани таҷрибаи бой ва донишҳои пурарзишро барои татбиқнамоии ғояҳои худ доранд, қабул менамоем.

«Инноватсияи иҷтимоӣ» — ин платформа барои ҷавонон, ки дар ин ҷо ҳар кас метавонад, чӣ тавр ғояҳои худро ба воқеият табдил додан, барои худ дӯстон ва шарикон ёфтанро биомӯзад, дар озмун барои ғояи беҳтарин иштирок ва онро маблағгузорӣ намояд. Лоиҳа 50 нафарро ба ҳам меорад, ки онҳо дар лагери таълимӣ дар соҳили шимолии Иссиқкӯл иштирок хоҳанд кард.

Лагери серӯза инҳоро дар бар мегирад:

  • Чӣ тавр ғояро таҳия намуд?
  • Банақшагирии лоиҳа
  • Лоиҳакашии иҷтимоӣ ва идоракунии лоиҳа
  • РR

Иштирокчиён навиштани лоиҳаеро, ки барои ҳалли муаммои иҷтимоӣ қодир аст, меомӯзанд ва онро пешниҳод менамоянд. 5 лоиҳа маблағгузорӣ ва дастгирии сарпарастонаро аз мутахассисони пешоҳанг ва мутахассисони баландихтисоси соҳа ба даст меоранд.

Агар шумо ҳавасманд ҳастед ва хоҳед ки таҷрибаи нав бигиред, барои ба даст овардани малака ва донишҳо тайёр ҳастед, кӯшиш ба кушодани имкониятҳои нав доред, тайёр ҳастед сахт заҳмат кашед барои татбиқнамоии ғояҳои худ, пас мо мунтазири аризаҳои шумо ҳастем!

Шартҳои озмун:

Синни иштирокчиён аз 16 то 25 сола;

Иштирокчӣ набояд сокини шаҳри Ӯш ва Бишкек бошад;

Ҷараёни ирсоли ариза:

— Аризаи иштирок дар озмунро метавон дар замима зеркаш намуд ва ё он – лайнро аз рӯи истинод пур кард.

— аризаро метавон ба забони русӣ ва ё қирғизӣ пур кард;

— мӯҳлати охирони пешниҳоди аризаҳо

Иштирокчиёни озмун метавонанд аризаро бо компютер ва ё дастӣ пур кунанд. Аризаи пуркардаро дар шакли электронӣ ва ё нусхаи сканиришудаи аризаи дастӣ пуршударо бояд ,ба суроғаи a.reflesh@gmail.com фиристод.

Маълумоти бештарро метавон аз суроғаҳои тамосии зайл ба даст овард:

Почтаи электронӣ: а.reflesh@gmail.com.

Рақами телефони мобилӣ: +996(553)028082

Манбаъ: soros.kg.

Манбаи акс дар пешнамоиш: pixabay.com.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ