ДомойОзмунҳо/ГрантҳоВебинари ройгон «Визуализатсия ва истифодаи маълумотҳои геолокатсионӣ»

Вебинари ройгон «Визуализатсия ва истифодаи маълумотҳои геолокатсионӣ»

21 август (ҷумъа) соати 12:00 бо вақти Маскав вебинари Гармхонаҳои технологияҳои иҷтимоӣ, ки мақсадаш пайдо кардани мафҳум оид ба харитасозии шаҳрвандӣ, истифодаи маълумотҳои геолокатсионӣ ва визуалисозӣ дар харита, ҳамчунин дидабароии намунаи замимаҳои шаҳрвандии мавҷудбуда мебошад.

Чӣ тавр  ва барои чӣ маълумотҳои геолокатсионии истифодабарандагон дар замимаҳои шаҳрвандӣ истифода мешаванд ва ҳамчунин чӣ тавр визуалисозии маълумотҳо дар харита метавонад имкониятҳои навро бикушояд, қонуниятҳо ва тамоюлҳо – дар ин бора – дар ҷараёни вебинар.

Дар давоми вебинар шумо хоҳед фаҳмид:

  • «харитасозии шаҳрвандӣ» худаш чӣ аст;
  • OpenStreetMap ва имкониятҳо;
  • воситаҳо барои визуалисозии маълумотҳо дар харита (CartoDB, Ushahidi ва дигарҳо);
  • Context awareness чист;
  • намунаҳои замимаҳои шаҳрвандӣ, ки маълумотҳои геолокатсионӣ ва визуалисозии маълумотҳоро дар харита истифода мебаранд.

Дар давоми вебинар шумо метавонед саволҳо диҳед ва мубодилаи таҷриба намоед. Вебинарро Алексей Ница, муаллифи видеодарсҳои Гармхонаҳои технологияҳои иҷтимоӣ мебарад.

Иштирок ройгон аст. Танҳо лозим аст ки шакли дар поён овардашударо  пур кунеду аз қайд гузаред. Агар шумо тасдиқи қайдшавиро нагирифтед – лутфан папкаи «Спам» — и почтаи худро санҷед.

Манбаъ: te-st.ru.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ