ДомойМедиалентаGoogle News Lab ба рӯзноманигорон ва медиаширкатҳо барои таъсиси ВАО -и оянда...

Google News Lab ба рӯзноманигорон ва медиаширкатҳо барои таъсиси ВАО -и оянда кӯмак мерасонад

Сомонаи Google News Lab – як навъ дастури онлайниест барои медиамутахассисон, ки бо медиаҳои нав сарукор доранд.

«News Lab журналистикаи баландсифатро дастгирӣ мекунад, яъне нашри маълумотҳоро дар бораи воқеаҳои ҷаҳон.

Оҷонсиҳои иттилоотии муосир ва соҳибкорони медиа усулҳои нави ҷамъоварӣ, намоиш ва нашри маводҳоро дарёфт мекунанд. Вазифаи мо – содагардонии кори онҳо, бо пешниҳоди воситаҳои зарурӣ, маълумотҳо ва барномаҳо”.

Агар шумо то ҳол имкониятҳои Google –ро истифода намебаред, пас ҳатман ба қисми «Воситаҳо» дохил шавед. Ин ҷо дарсҳои интерактивӣ оид ба ҷамъоварии маълумотҳо, визуалисозӣ, нашр ва беҳсозии мавод гирдоварӣ шудаанд.

Масалан, оё шумо медонед, ки бо воситаи Google Планета Земля Pro метавон сафарҳои виртуалиро бо сифати HD дар компютерҳо аз Windows ва Mac биофарид ва баъдан онро дар эфир пахш намуд?

Ё чӣ тавр иловаи нашрияи шумо ба пойгоҳи Play Пресса метавонад ба нашрия даромад биоварад? Ба бахши Google Тамоюлҳо, ки махсус барои рӯзноманигорон офарида шудааст, диққат диҳед.

Чӣ тавр донишҳоро истифода бурд? Дар бахши «Таърихи муваффақият» — воқеаҳои илҳомбахши хабарнигороне, ки бо аудиторияи глобалӣ тавассути асбобҳои Google кор мекунанд.

Боз як маълумоти муҳим – Google лоиҳаҳои ҷолибро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ менамояд.

«Агар ширкати шумо технологияҳои навинро истифода мебарад, масалан воқеияти виртуалиро, дастгоҳҳои парандаи бепилот, таҳлили маълумотҳо ва ё боз ягон чиз, баҳри манфиати журналистика, пас бо News Lab пайваст шавед».

Матни аслӣ: http://newreporter.org

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ