ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни грантҳои хурд барои ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Озмуни грантҳои хурд барои ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Мақсади грандҳои хурд – рушди ҳамкори дар сохтани барномаҳо доир ба мавзӯи мубрами ҷомеа байни ВАО-и ғайриҳукуматии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва мубодилаи барномасози мебошад.

Internews чунин медиа маводҳоро дастгири менамояд:

  • Силислаи нашрҳои махсус ба мавзӯъҳои баҳсталаб (ТВ ва радио, давомноки аз 15 то 20 дақиқа), инчунин фотомаводҳо (на кам аз 10 акс);
  • Истеҳсоли силсилаи барномаҳо дар намуди Чистонҳо ва Пурсиши афкор;
  • Барномаҳои иттилооти-омӯзиши (давомноки аз 13 то 26 дақиқа).

Internews дархостҳоро ба чунин мавзӯҳо дастгири менамояд:

  • Ҳуқуқ
  • Ҷамъият бар зидди коррупсия
  • Гендер
  • Иқтисодиёт
  • Вазъияти ВАО
  • Ташаббусҳои Ҷавонон
  • Муҳити зист (тағйирёбии глобалии иқлим)
  • Мавзӯъҳо оид ба таҳаммулпазири
  • Барномаҳои иҷтимои (марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвар дар маҷмӯъ)
  • Иштироки шаҳрвандӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти ҷомеа

 

Барномаҳо дар ҳаргуна жанрҳои телевизиони (нашри махсус, барномаи таҳлили, гузориш, таҳқиқоти журналисти, пурсиши афкор, телерӯзнома, саволу ҷавоб) метавонанд нашр шаванд.

Дар ин лоиҳа Internews барномаҳои таърихи, фарҳанги, барномаҳои дилхуши, филмҳои ҳунари, наворҳои иҷтимои ва мусиқави-ро дастгири намекунад.

Шарти асоси барои гирандагони грант ин кор бо ВАО-и давлатҳои дар боло зикр шуда ва пешниҳоди аризаи муштарак мебошад.

Дар ҳолати зарури Internews барои ёфтани шарикон кӯмак мерасонад.

Маблағгузории шахси ё ин, ки донорҳо ва дигар ширкатҳои тиҷорати ҳамист. Саҳми худро бояд дар буҷаи лоиҳаи нишон дод. Саҳми шахси дар намуди иҷораи дастгоҳи телевизиони ва арзиши пахш ба назар гирифта намешавад.

Гирандагони эҳтимоли грантҳо аз тарафи ҳакамон дар рафти қабули дархостҳо муайян карда мешаванд. Internews ҳуқуқи аввалини паҳн намудани маводҳое, ки дар раванди лоиҳаҳои гранти байни ВАО-и Осиёи Маркази: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – ба худ мегузорад.

Аризаҳои гранти бо чунин меъёрҳо баҳогузори карда мешаванд:

  • мавод ба қонунгузории давлатҳо ҷавобгӯй аст;
  • мавод дорои нуқтаи назари ҳаматарафа мебошад;
  • мавод набояд манфиати ягон ҳизбҳои дини ё сиёсиро ифшо кунад;
  • мавод ба мавзӯъҳо ва жанрҳои Internews пешниҳод намуда, ҷавобгӯй мебошад;
  • истифодаи муносибати эҷодӣ;
  • сармоягузории шахси ба татбиқи лоиҳа;
  • татбиқи лоиҳа дар якчанд забон.

Арзҳои гранти (шакл замима мегардад) бояд аз шарҳ, мақсад, натиҷаи ба нақша гирифта (барои чӣ ва чихел лоиҳа ба ҷамъият манфиат меорад), нақшаи корӣ, буҷет (шакл замима мегардад) иборат бошад.  Ҳатман истифодабаранда ва минтақаи фарогирии лоиҳаро нишон диҳед.

Аризаҳо дар шакли электронӣ бо забони русӣ қабул шуда, бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:

  • Дар кадом бахш ва кадом мавзӯ лоиҳа пешниҳод мешавад;
  • Номи лоиҳа (бояд ба номи барнома рост ояд);
  • Жанре, ки дар он лоиҳа амалӣ мегарад;
  • Давомнокӣ барои аудио ва видео;
  • Забони нашри барнома;
  • Номгӯй ва мӯҳтавои ҳамкорон аз давлатҳо (Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) барои барномасозии муштарак;
  • Мӯҳтавои лоиҳа (масъалаҳои мубрам, номгӯи баномаҳо, кадом масъалаҳо бардошта мешаванд);
  • Мӯҳтавои эҷодӣ (нақшаи барнома ё тафсилӣ бахшҳо, формати барнома);
  • Буҷаи лоиҳа (бо ёдрасии саҳмияи худ);
  • Тафсилот, чихел лоиҳа баъди дастгирии грантии Internews идома меёбад.

Ба ариза муъломотро оиди иштирокчиён ҳамроҳ намудан, тавсия дода мешавад.

Аризаҳоро то 17 декабри 2015 сол ба ҳамозангсозони лоиҳа, ба чунин суроғаҳо равона созед:

дар Қазоқистон: Оксана Осадчук — oossadchuk@INTERNEWS.ORG

дар Қирғизистон: Тимур Оганов — toganov@INTERNEWS.ORG

дар Тоҷикистон: Ҷамшед Шоев — jshoev@INTERNEWS.ORG

 

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ