ДомойОзмунҳо/ГрантҳоМастер-класс оид ба аксбардории ҳуҷҷатӣ - 2016 барои аксбардорони Осиёи Марказӣ

Мастер-класс оид ба аксбардории ҳуҷҷатӣ — 2016 барои аксбардорони Осиёи Марказӣ

NOOR, Nikon ва MediaNet аксбардоронро барои иштирок дар мастер-класси NOOR-Nikon оид ба аксбардории ҳуҷҷатӣ – 2016 даъват менамояд, ки аз 29-уми март то 2-юми апрели соли 2016 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад.

Барои иштирок аксбардорон-ҳуҷҷатнигорон ва фотожурналистони ҷавон аз Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват карда мешаванд.

Санаҳои асосӣ

Мастер-класс: аз 29-уми март то 2-юми апрели соли 2016

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 15-уми феврали соли 2016

Тақсимоти даъватномаҳо ба иштирокчиёни интихобшуда: 29-уми феврали соли 2016

МАСТЕР-КЛАСС

Дар давоми мастер-класси панҷрӯза 15 иштирокчӣ — аз ҷумла, се аксбардорон, аъзои  NOOR — таҷрибаҳои худро нақл ва мубодила хоҳанд кард, корро бо портфолио ба роҳ хоҳанд монд, дар самти таҳриркунии аксҳо ихтисоси хешро такмил хоҳанд дод, ҳамзамон, тарзи интихоб ва рушди сужетҳои хешро хоҳанд омӯхт.

Ҳар рӯзи мастер-класс ба муоширати пуршиддат бо аксбардорон дар мавзӯъҳои мухталиф, шурӯъ аз ҷанбаҳои техникии гузаронидани аксбардорӣ то нозукиҳои кор дар бозори аксбардории байналмилалӣ бахшида мешавад.

Ин – имконияти беҳамто барои омӯхтани он, ки чӣ тавр таърихи хешро нақл мекунем, таҳияи биниши шахсӣ ва гирифтани дониш ва алоқаҳои нав дар вазъияти махсус мебошад. Мастер-класс ба таври ройгон гузаронида мешавад. Иштирок, хароҷот барои хӯрок, инчунин роҳкиро ва истиқоматро дар бар мегирад (мавҷудияти шиноснома ва суғуртаи сафар шартҳои муҳим барои пешниҳоди дархост мебошанд).

ДАРХОСТРО  БАРОИ  ИШТИРОК  ЧӢ  ГУНА БОЯД ПЕШНИҲОД  КАРД

Талабот:

  • Таҷрибаи асосӣ дар аксбардории ҳуҷҷатӣ ё фотожурналистие, ки дар доираи таҳсилоти касбӣ ё таълимӣ гирифта шудааст – лутфан дар ҳолнома (резюме)-и хеш маълум намоед.
  • Донистани забонҳои русӣ ё англисӣ (мастер-класс бо забони англисӣ дар тарҷума ба забони русӣ гузаронида мешавад)
  • Дарку фаҳмиши хуби кор бо таҷҳизоти банаворгирӣ

 

Ҳангоми пешниҳоди дархости PDF* файл набояд аз 6 мб зиёд бошад ва ҳатман бояд чунин талаботро дар бар гирад:

 

  • Мо аз Шумо хоҳиш менамоем, ки тамоми маводро фиристед ва ба мо бо забони англисӣ ба мувофиқа расед. Агар ин имконнопазир бошад, пас дархост бо забони русӣ низ ба инобат гирифта мешавад.
  • Ҳолнома (резюме) бо қайди маълумот барои тамос (аз ҷумла, аккаунтҳо дар Twitter  ва  Instagram, агар имконият бошад) ва тавсифи таҷрибаи Шумо дар аксбадорӣ, ҳамзамон, дастрасии тайёрии махсус ва иштирок дар тренингҳо (на зиёда аз 2 саҳифа)
  • Мактуби ҳамроҳикунанда бо тавсифи кори худ ва бо шарҳи он, ки барои чӣ Шумо мехоҳед дар мастер-класс иштирок намоед, кадом мавзӯъҳо махсусан барои шумо шавқоваранд ва Шумо чиро омӯхтан мехостед (на зиёда аз 1 саҳифа)
  • Портфолиои аксҳо (дар давоми панҷ соли охир омода кардаатон), аз он ҷумла:
  • 1 – 3 акс-нақл (фото-история) (ҳадди ақал 8 акс ва 1 нақл), вале на зиёда аз 30 акс дар портфолиои комил
  • Ҳадди ақал 1 акс-нақл
  • Агар Шумо хоҳиш дошта бошед, ки аксҳои алоҳидаи инфиродиро гузоред, пас теъдоди онҳо набояд аз 8 адад зиёд бошад
  • Ҳар як акс-нақл бояд имзо ва шарҳи мухтасар дошта бошад (на зиёда аз 100 калима)

 

Шумо метавонед дархости хешро ба суроғаи: education@noorimages.com ирсол намоед. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 00.00 (бо вақти миёнаи аврупоӣ), чоршанбе, 15-уми феврали соли 2016. Мавзӯи мактуб:  ‘NOOR-Nikon KZ MC 2016’.

* Агар барои Шумо фиристодани дархост дар формати PDF душвор бошад, ё формати PDF ба сифати аскҳо таъсири манфӣ расонад, мо суроға (ссылка)-ҳоро қабул менамоем, ҳуҷҷатҳои Word ё форматҳои алтернативӣ.

Лутфан, барои гирифтани маълумоти муфассал пешакӣ бо мо дар тамос бошед.

Агар дархости Шумо барои иштирок қабул шавад, мо хоҳиш менамоем, ки вазифаи хурдро то оғози мастер-класс иҷро намоед. Барномаи мастер-класс қаблан ба иштирокчиён дастрас мегардад. Дар доираи барнома ба иштирокчиён ба таҳрир (вироиш)-и акс-нақлҳое, ки барои мастер-класс гирифта буданд, имконият дода мешавад. Ҳамзамон, имконияти боздид ва баррасиву муҳокимаи портфолиои онҳо дар якҷоягӣ бо аксбардорони NOOR, ки онҳо низ кори хешро муаррифӣ менамоянд, ба миён меояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал Шумо метавонед ба NOOR ба воситаи суроғаи электронии education@noorimages.com, рақами телефон +31.20.6060.780 ё Skype: noorimages (Amsterdam) муроҷиат намоед.

Лоиҳаҳо бо дастгирии Nikon Europe B.V. амалӣ гардиданд.

NOOR (Амстердам, Нидерланд):

Asmara Pelupessy, Муҳаррир ва директори лоиҳаҳо

Рақами телефон: + 31 20 6060 780

Skype: noorimages

www.noorimages.com

Маркази байналмилалии журналистии MediaNet (Алма-ато, Қазоқистон):

Сания Абдигапар, менеҷер оид ба лоиҳаҳо

Телефон: +7 727 292 20 46

Email: abdigapar.sanyia@gmail.com

Skype: sunny_tynyk

http://medianet.kz/en

Манбаъ: medianet.kz.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ