ДомойОзмунҳо/ГрантҳоДар Интернюс Нетуорки Қазоқистон барои шарикони лоиҳаи «Открытая Азия онлайн» мактаби медиявӣ...

Дар Интернюс Нетуорки Қазоқистон барои шарикони лоиҳаи «Открытая Азия онлайн» мактаби медиявӣ гузаронида шуд

«Формат» чист? Чаро пеш аз сохтани (навиштани) лоиҳаи «азим»-и мултимедиавӣ онро бояд тасвир намуд? Кадом иттилоот барои коркард дар хидматрасонии инфографикӣ ва харитасозӣ муносиб аст? Дар сурати тасвирҳои сифатан хуб мавҷуд набудан, оё лоиҳаи визуалиро оғоз намудан мумкин аст?

Дар давоми ҳафтаи гузашта, аз 1-ум то 5-уми феврал, 14 нафар журналистон ва муҳаррирон аз онлайн-ВАО-и Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тарзи корбариро бо форматҳои мултимедиявӣ ва хидматрасониҳо омӯхтанд.

Мактаби медиявии Интернюс Нетуорки Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Открытая Азия онлайн» баргузор гардида, тамоми ВАО-иштирокчиён шарикони «ОА» маҳсуб мешаванд. Мактаб барои журналистон ба майдони гирифтани малакаҳои назариявӣ ва амалӣ, таҷрибаи истифодабарӣ дар омодасозии маводи мултимедиявӣ барои  theopenasia.net табдил ёфт.

«Назарияи хеле муҳим ва бештар амал», — принсипи асосии мураттабнамудаи тренер Гулим Амирханова буд дар рӯзи аввали машғулият.

Гулим Амирханова — муаллифи консепсияи лоиҳаи «Открытая Азия онлайн», журналист, муҳаррир, мушовири мултимедиа, коршинос дар ВАО-и нав, муассиси блоги техникии bestapp.menu.

Иштирокдорон ҳамарӯза вазифаҳои хонагиро иҷро менамуданд, барои гирифтани холҳо ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз (рейтинг)-и инфиродии хеш кӯшиш ва албатта, аз болои маводи ниҳоии хеш кор мекарданд. Ва теъдоди мавод ба 35 адад расид!

Аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа хонандагон, шунавандагон ва бинандагони theopenasia.net, Informburo.kz, zanoza.kg, yntymak.kg бо шаклҳо ва форматҳои нави пешниҳоди иттилоот шинос мешуданд, ки журналистон маводи дар доираи мактаб омоданамудаашонро дар сомонаҳо ва захираҳои онлайнии хеш ҷой медоданд.

Маводҳо мухталиф буданд – ҷиддӣ, масалан, Харитаи интерактивии сокинони Осиёи Марказӣ, ки дар Сурия меҷанганд (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед)

ва на онқадар:

нисбатан хурд:

 

Ва ҳаҷмдор (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед)

Вале муҳимтар аз ҳама, дар ҳар мавод дастаҳо кӯшиш намуданд, ки формат, хидматрасонӣ ва инструментҳои навро истифода баранд. Боз чанд мисоли кори иштирокдорони мактаби медиявӣ:

Карточкаҳо (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед):

Маводҳо бо истифода аз видеои хурд (микровидео):

[youtube youtubeurl=»8MYAprr9jQs» ][/youtube]

[youtube youtubeurl=»xIveKMPJq9c» ][/youtube]

Тайм-линияҳо (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед):

Муқоисакунӣ (сравнения) «пеш аз он» ва «пас аз он» (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед):

Откриткаҳо (барои гузариш ба нусхаи пурраи мавод, лутфан, тасвир ё нишониро пахш намоед):

Дар вақти тренинг иштирокдорон дар асоси қуръапартоӣ ба дастаҳо ҷудо шуда, якҷоя на танҳо ба сомонаву интернет-хидматрасониҳои хеш, балки барои сомонаҳои шарикони лоиҳаи “Открытая Азия онлайн” мавод омода намуданд.

Тамоми маводи “ОА” дар дастрасии озод барои шарикон мавҷуд аст, яъне, ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ дар  theopenasia.net, Informburo.kz, alau.kz, zanoza.kg, ynymak,kg, kapital.kg, asiaplus.tj, cm-1.tv  маводи бештар доир ба мавзӯҳои мубрам ва дар форматҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Ҷавобҳои иштирокдорони мактаби медиявӣ:

Акылбек Орозматов, «Ынтымак», Қирғизистон:

[youtube youtubeurl=»PLqONN_sGZA» ][/youtube]

Людмила Калашникова, «Уральская неделя», Қазоқистон:

[youtube youtubeurl=»YtxoqCKcG8s» ][/youtube]

Лилия Гайсина, «Азия+», Тоҷикистон:

[youtube youtubeurl=»sQTTDNVbbyk» ][/youtube]

Мактаби медиявиро аз ҷиҳати техникӣ ширкати “Билайн Қазоқистон” дастгирӣ намуд, бо шарофати Kaspi Bank муаллифони маводҳои беҳтарин тӯҳфаву армуғонҳо гирифтанд.

Дастаи “Интернюс” ва меҳмонони мактаб дар алоҳидагӣ корҳои Лилия Гайсина (asiaplus.tj), Николай Пихота (zanoza.kg), Акылбек Орозматова ва Асанбек Каракозуев (ynymak.kg)-ро, ки форматҳои кӯтоҳ, ҳамзамон, лоиҳаи мултимедиавии Олга Еремкина «Геоглифы Тургая»-ро махсус қайд намуданд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ