Имрӯзҳо ба маънои томаш сарлавҳаи мувофиқ ва дуруст интихоб кардашуда тақдири тамоми маводи эъҷодиро ҳал мекунад. Аз ин лиҳоз барои диққатҷалбкунанда гадидани сарлавҳаи матн вақтҳои охир аз сурат ё тасвирҳо истифода мебаранд, то ки он дар сомонаҳои иҷтимоӣ соҳиби лайки зиёд гардад.
Дар ҷустӯҷӯи намудҳои нави номгузорӣ ба сарлавҳаи матни мавод медиаширкатҳои анъанавӣ аллакай аз якчанд қоидаҳои мавҷуда, аз қабили феҳраст, ному насаб ва ҳоказо истифода мебаранд. Вале маълум шуд, ки ин роҳу воситаҳо на ҳамеша самарабахш ҳастанд.
Editorandpublisher.com маълумотхои охирини тадқиқшударо дида баромада, хулосаи аҷибе баровард.
Chartbeat – сомонаи маъруфи хизматрасони аналогие, ки дорои маълумот дар бораи садҳо медиаширкатҳо мебошад ва дар бораи офаридани сарлавҳа бо истифодаи маълумоти асосӣ аз санҷиши тарзи нави худ дар бораи «Сарлавҳаҳои диққатҷалбкунада» тадқиқоти аҷиоберо нарш кард.
Пас аз коркарди иттилооти рақамӣ хулосае ба миён омад, ки бисёрии роҳу воситаҳои анъанавии сарлавҳаофарии мо аллакай мисли пешин натиҷабахш нестанд. Яъне барои ин мо бояд аз дигар роҳҳои нав барои эъҷод кардани сарлавҳаи бамавриду муносиб ва мувофиқ истифода барем.
«Исбот кардем, ки «5-роҳи беҳтарини сарлавҳанавсӣ»-и мо дар асл бе натиҷа будаанд»,-мегӯяд Крис Брё, олими соҳаи маълумотҳои асосии Chartbeat.
Бо истифода бурдани маълумотҳои асосӣ аз 1000 сарлавҳаи санҷидашаванда, ки дар зиёда аз 100 доменҳо ҷойгир карда шудаанд, Брё дарёфт, ки дар байни онҳо ягон сарлавҳа афзалияти амиқ надоранд. Дар сарлавҳахо яке аз маъмултарин намуди истифодашаванда ин «ҷои холӣ мондаро пурра намо» дар болои онҳо мебошад, ки муносибати нисбатан бевоситаро истифода мебаранд.
«Агар Шумо ягон усули асосӣ ва тарзи махсус дошта бошеду он воқеан натиҷабахш бошад, ин дар хонанда ягон шавқу завқеро бедор мекунад, вале аз ҳад зиёд истифода бурдани ин роҳу усул низ бо мурури замон бесамар хоҳад гашт.»
Боз як хулосаи аҷиб. Истифода бурдани номи инсон дар офаридани сарлавҳа на он қадар таъсирбахш барои ҷалби хонанда аст. Гарчанде мутахассисон тафсир нависанд ҳам, вале дақиқкунонӣ ба ҳар хол муҳим аст.
Chartbeat, ки дар сарлавҳа калимаҳои бисёристифодашавандаи қолабиро эърод мегирад, ҳоло ягона сомонаи хизматрасони аналогӣ нест.
Таҳлиле, ки Hubspot ва Outbrain аз болои 3,3 млн сарлавҳаҳо дар зиёда аз 100 000 вебсомонаҳо гузаронидааст, нишон дод, ки сарлавҳаҳо бо калимаҳои «шумо», «ҳамту», «чӣ тавр кард», низ дар муқоиса бо сарлавҳаҳои нисбатан фаҳмою шаффоф камсамар мебошанд.
Ба ҷои «тири нуқрагӣ» ҷустан тадқиқоти Брё ба сифати дарёфт намудани сарлавҳаи мувофик муқоисаи оддии «рӯ ба рӯ»-ро пениҳод менамояд. Ӯ тавсия медиҳад, ки ҳар чӣ бештар дар пешниҳоди сарлавҳа алтернативаро истифода намоянд ва сипас хонанда кадоме аз онҳо беҳтарин аст, бароятон мегӯяд. Мувофиқи маълумоти Chartbeat ҳангоми санҷиши оддии «рӯ ба рӯ» гузаронидани сарлавҳаҳо сарлавҳанависи ғолиб ба 23% зиёдтар лайк гирифт. Аммо муҳаррироне, ки 6 сарлавҳаи гуногуни худро аз ин санҷиш гузаронида тавонистанд, сарлавҳаашон боз 14% маротиба зиёдтар соҳиби лайкҳо шуд.
Методика аз санҷишгузаронии рӯ ба рӯ сарчашмаро асосан дар траффикҳои калон мегузаронад, зеро траффикҳои хурд натиҷаҳои санҷишро вайрон мекунанд.
Ҳамчунин муҳаррирон сарлавҳаҳое, ки нисбатан аз ҳамдигар фарқ мекунанд, бояд аз санҷиш гузаронанд.
«Хатогии доимии мо дар он аст, ки продюсерон сарлавҳаҳоро мегиранду як ё ду калимаи онро тағйир медиҳанд», – мегӯяд Брё, – «Чӣ кадаре, ки Шумо сарлавҳаҳоро иваз кунед ҳам он соҳиби лайки зиёд намегардад.»
Ба маълумотҳои асосӣ ворид кардани сарлавҳаи матнҳои зиёд на танаҳо барои пайдо намудани ҷонибдорони зиёд муҳим аст, балки барои коркарди стратегияи сарчашмҳо барои пешрафт зарур мебошанд. Ҷиҳати хуби сарлавҳаҳои рақамӣ дар он аст, ки аз онҳо маълумотҳои асосиро дар бораи самарабахш ё бесамар будани сарлавҳаҳо гирифтан мумкин аст. Боз он сарлавҳаҳоро дар он нав намудан ва тамомошо кардани ҳама чизҳои мехостаамон имконпазир мегардад. Тадқиқотчиён менависанд – «Дар чоп намудан мо ҳеҷ гоҳ намедонистем, ки ба хонанда чӣ маъқул асту чӣ не ва ҳамон замоне, ки сарлавҳа аз чоп мебаромад, дар ҳол ҳамаш муайян шуд.»
Новобаста аз дуршавӣ аз услубҳои махсус дар сарлавҳанависӣ, ҳисоботи Брё ду усули навистани сарлавҳаро пайдо кард, ки ба нохунзании зиёди доимӣ дар торномаҳо бурда мерасонад. Сарлавҳаҳое, ки дар онҳо ҷонишинҳои ишоратӣ истифода бурда мешаванд, «ин», «ҳамон», «онҳо», «вайҳо» мебошанд, ки ба сарлавҳа шумораи зиёди лайкхоро ҷамъоварӣ карда тавонистанд ва рақобат бо дигар сарлавҳаҳоро ба вуҷуд оварданд.
Ҷонишинҳои ишоратиро бо роҳҳои гуногун истифода бурдан муҳим аст. Масалан, барои гарм кардани таваҷҷӯҳи хонанда ба мавод, сарлавҳа бо чунин ном «Шумо ҳеҷ гоҳ ингунаашро наозмудаед» айни муддаост. Инчунин муҳаррирон дар офаридани сарлавҳа ба матн дар ҷустуҷӯ намудани маълумот бевосита хонандагонро даъват карда метавонанд, ки он маълумотҳо бо вақт асоснок карда шуда бошад. Масалан, «Мубоҳисаи ҳизби ҷумҳуриявӣ дар ин шом». Боз як хулосаи аҷиби дигар он буд, ки сарлавҳаҳои дурудароз ҳамеша нисбат ба сарлавҳахои кӯтоҳ лайки сершуморро соҳиб мешудаанд.
Баъзан чунин ба назар мерасад, ки ин чиз бо ҳисси пешакӣ дар давраи Твиттер ва паҳнашаваии таваҷҷӯҳи тақсимшуда муқобилият менамояд. Брё ба ин фикр розӣ шуда, эърод мегирад, ки шояд муҳҳаррирон дар кӯтоҳ намудани сарлавҳахо аз ҳад гузаронида бошанд, ки маълумот ҳатто моҳияти худро гум карда, диққати хонандаро ба мавод ҷалб намесозад.
Боз як нуқтаи назари аҷиб ин истифода бурдани иқтибос ба сифати сарлавҳа мебошад. Бо тадқиқ намудани маълумотҳо Брё дарёфт, ки сарлавҳаҳое, ки дорои иктибосҳои бевосита буданд, ҳангоми санҷишгузаронӣ дар фарқият аз дигар сарлавҳаҳо 14% афзалтар баромаданд.
«Эҳтимол истифодабарии иқтибос ба матни овардамешуда нуфузи дигар бахшад», – мегӯяд Брё. – «Ин усулро ба сифати гарм кардани таваҷҷӯҳи кунҷкобӣ низ истифода бурдан мумкин аст.» Новобаста аз ин гуна истисноҳо Брё амиқ мегӯяд, ки роҳи беҳтарини навиштани сарлавҳаҳои муваффақи рақамӣ бодиқкатона пеш бурдани феҳраст, ки натиҷабахш аст, муҳим мебошад. Инчунин он барои дақиқ таъмин намудани мувофиқати сарлавҳа бо матни мавод зарур дониста мешавад.
«Кӯр-кӯрона корбарӣ намудан аз рӯи тавсияҳо ба нусхабардорӣ кардан оварда мерасонад ва таваҷҷӯҳи хонандаро аз худ дур мегардонад», –мегӯяд Брё, – «Сарлавҳаи самаровар навиштан барои пешрафти кор ва ба муваффақият ноил шудани маводи Шумо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки сарлавҳаи интихоб мекардаатон бо матни мавод мувофиқат кунад ва хонанда ба мафҳуми он сарфаҳм равад.»
Манбаи акс ах пешомад: blog.befunky.com.