ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҶоизаи «Ҳуқҳои кўдак 2016» оғозёбии қабули дархостҳоро аз пахшкунандагони телевизионӣ ва продюсерони...

Ҷоизаи «Ҳуқҳои кўдак 2016» оғозёбии қабули дархостҳоро аз пахшкунандагони телевизионӣ ва продюсерони Осиё эълон медорад.

Ин ҷоизаи бонуфуз, ки дар натиҷаи ҳамкории байни Иттиҳоди пахши телевизионии Осиё ва Уқёнуси Ором (ABU), Ассотсиаяи пахшии ноқили ва спутникӣ дар Осиё (CASBAA) ва Фонди бачагонаи СММ ё ЮНИСЕФ таъсис дода шудааст, 16-сола шуд.

Барномаҳои телевизионие, ки барои тақвиятбахшии ҳўқуқ ва талаботи кўдакон мусоидат менамояд, ё барои бачагон ё ки дар бораи кўдакон аст, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро доранд. Филмҳои ҳуҷҷатие, ки дар бораи ҳолати кўдакони ҳаёташон зери хатарбуда ё ба кўмак ниёздошта  муфассал нақл мекунад, низ ҳўкуқи иштирокро дар озмун доранд. Инчунин барномаҳои дар жанри драмма офаридашуда, ки барои шикастану паст кардани қолабҳои миллатгароиву нажодпарастӣ ва батабақаҷудокунӣ мусоидат менамояд, дар озмуни ҷоизаи «Ҳуқҳои кўдак 2016» иштирок карда метавонанд. Дар озмуни номбурда филмҳои аниматсионии фароғатӣ низ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмун доранд.

Барои дар озмуни «Ҳуқҳои кўдак 2016» ширкат варзидан медиамаҳсулоти дар боло зикр гардида бояд аз моҳи июни соли 2015-ум то моҳи июни соли 2016-ум дар эфир пахш шуда бошанд.   

Тамоми аризаву дархостҳо баҳри иштирок дар озмуни Ҷоизаи «Ҳуқҳои кўдак 2016» то санаи 15-уми июни соли 2016-ум қабул карда шаванд.

Ба ғолиб  дар рафти баргузории Ассамблеяи Генералии Иттиҳоди пахши телевизионии Осиё ва Уқёнуси Ором (ABU), ки охири моҳи октябри соли 2016-ум дар Бали доир мегарда, ҷоизаи «Ҳуқҳои кўдак 2016» супорида мешавад. Медиамаҳсулотҳо бояд дар забони англисӣ тайёр карда шуда бошанд ё  сенарияҳо, диалогҳо ва ё субтитрҳо бояд тарҷимаи забони англисӣ дошта бошанд.

Ин озмун барои тамоми аъзоёни  Генералии Иттиҳоди пахши телевизионии Осиё ва Уқёнуси Ором (ABU),  Ассотсиаяи пахшии нокили ва спутникӣ дар Осиё (CASBAA) дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кушод мебошад.

Далатҳо ва марзҳое, ки ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд, инҳо мебошанд: Афғонистон, Австралия, Азарбойҷон, Бангладеш, Бутан, Бруней, Камбоджа, Чин, Чазираҳои Кук, Фиджи, Полинезияи Фаронса, Гонконг, Ҳиндустон, Индонезия, Ҷопон, Қазоқистон, Кирибати, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Чин, Қирғизистон, Лаос, Макао, Малайзия, Ҷазираҳои Малдив, Чазираҳои Маршаллов, Микронезия, Монголия, Мянма, Науру, Непал, Зеландияи Нав, Ниуэ, Покистон, Палау, Папуаи Гвинеяи Нав, Филиппин, Самоа, Сингапур, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Таиланд, Тимор -Лэсте, Тонга, Туркманистон, Тувалу, Узбакистон, Вануату ва Ветнам.

Барои ширкат намудан дар озмун аризаву дархостҳоро ба онлайн истиноди — goo.gl/CE8JXp ворид намудан лозим аст.

Малумоти муфассалро аз ин ҷо пайдо пайдо карда метавонед: www.childrightsaward.org, Email — kjirathun@unicef.org.

Маълумот оиди Созишнома дар ҳуқуқҳои кўдак дар сомонаи unicef.org/crc дастрас мебошад.

Эзоҳ барои муҳаррирон:

Иттиҳоди пахши телевизионии Осиё ва Уқёнуси Ором (ABU)

ABU иттиҳоди ғайритиҷоратию ғайриҳукуматӣ ва ассотсиатсияи касбие мебошад, ки бо мақсади вусъат бахшидани  сатху сифати пахш дар Осиё ва Уқёнуси Ором соли 1964-ум созмон дода шудааст. Иттиҳод барои афзудани шавқмандии ҳайъати ширкатҳои пахши телевизион ва радио ва нумўъи ҳамкории минтақавию байналхалқӣ байни ширкатҳои пахшӣ форумро пешниҳод менамояд.

Айни замон Иттиҳод дорои 260 аъзо аз  64 давлати дунё мебошад. Ассотсиатсия доир ба рушду инкишоф додани таҷрибаҳои пешин дар соҳаи пахшгардонӣ ва беҳтар гардонидани донишу маҳорати техникии кормандони худ, аз ҷумла барномаҳои бачагонаи телевизиони  ABU “Item Exchange” чорабиниҳобаргузор менамояд.

www.abu.org.my

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ