ДомойХудомӯзWhatsApp замимаи нави компютериро пешниҳод намуд

WhatsApp замимаи нави компютериро пешниҳод намуд

Мессенҷери WhatsApp-ро дар фаъолияти хеш бисёре аз медиа истифода мекунанд. Аз 10-уми майи соли 2016 боз як восита WhatsApp – замимаи компютерӣ дастрас гардид. Ин – идомаи замимае мебошад, ки дар телефони Шумо насб гардидааст: он ба таври шаффоф сӯҳбатҳо ва паёмакро аз дастгоҳи мобилии Шумо намоиш медиҳад.

Замимаи нави компютерӣ барои Windows 8+ ва Mac OS 10.9+ дастрас аст. Он бо WhatsApp дар дастгоҳи телефони Шумо ҳамоҳанг карда шудааст. Аз он хотире, ки замима дар компютери Шумо кор мекунад, Шуморо огоҳиҳои системавӣ, тугмаҳои зудамал (горячие клавиши) ва ғайраҳо дастгирӣ хоҳанд кард.

Барои зеркашии замима, дар браузери компютери хеш аз рӯи whatsapp.com/download гузаред. Сипас замимаро кушоед ва бо кӯмаки замимаи WhatsApp дар телефон коди QR-ро скан намоед (опсияи WhatsApp Web-ро дар қисми «Настройка» пайдо намоед).

WhatsApp дар ташкили алоқа бо истифодабарандагон метавонад воситаи муфид бошад. Масалан, Шумо метавонед ба таври мунтазам ба муштариён хабари ҷолибтаринро ирсол намоед.

Дар дастури te-st.ru барои ташкили тақсимот (рассылка) дар WhatsApp чунин маслиҳат медиҳанд:

«Барои ташкили тақсимот ба Шумо рақами алоҳидаи телефонӣ зарур аст. Шумо метавонед онро аз оператори дилхоҳатон дастрас намоед. Ин рақамро танҳо барои иҷрои тақсимот истифода намоед. Бо он занг назанед ва ба дигар мақсадҳо низ истифода накунед.

Дар WhatsApp истифодабарандагон ба рақами телефонии Шумо обуна мешаванд. Барои ин онҳо бояд ба Шумо аз мессенҷери интихобкардаашон паёмак фиристанд ва рақами шуморо ба китоби суроғавии хеш ворид намоянд.

Барои тақсимоти зудтар Шумо метавонед муштариёни хешро дар рӯйхати тақсимот муттаҳид намоед. Он вақт ба Шумо барои фиристодани садҳо паёмак зарурият намемонад, як паёмак ба суроғаи ҳамаи муштариёни базаи Шумо фиристода мешавад. Як рӯйхати тақсимот метавонад танҳо 256 суроғаро дарбар гирад. Агар муштариёни Шумо зиёд шаванд, бароятон зарур аст якчанд рӯйхати тақсимотро созмон диҳед.

Барои иҷрои тақсимоти ҳамарӯза ба Шумо ҳамкор зарур аст, ки ин корро ба анҷом расонад. Бисёр муҳим аст, ки тақсимоти Шумо мӯътадил, паёмак – боандеша ва хабар – хуб интихобкардашуда бошанд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ