26-уми май, соати 16:00 бо вақти Остона, Бишкек, 15:00 бо вақти Душанбе, 13:00 бо вақти Москва вебинари Юлия Мучник «Мусоҳиба барои веб-лоиҳаҳо» баргузор мегардад.
Юлия Мучник – журналисти маъруфи Русия буда, чанд сол дар Ширкати телевизионии ТВ-2-и Томск кор кардааст, дорандаи 6 мукофоти ТЭФФИ дар ҷоиза (номинатсия)-и «Мусоҳиба» мебошад. Алҳол мусоҳибаҳои Юлия дар веб-сомонаҳои ТВ-2 интишор мешаванд.
Мавзӯъҳои вебинар:
- Мусоҳиба чун жанр
- Хусусиятҳои мусоҳиба барои Интернет
- Инсон чӣ тавр бо Skype сӯҳбат намояд
Барои дар вебинари ройгон иштирок намудан, хоҳиш мекунем аз рӯи ин истинод гузаред.
Таваҷҷӯҳ! Барои иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:
- Насб кардани тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera. Дар браузер бояд тафсири охирини Adobe Flash Player мавҷуд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бо пешфарз сохта шудааст.
- Бисанҷед, ки оё суръати интернети Шумо барои пайвастшавӣ кифоягӣ мекунад. Суръати ҳадди ақали пайвастшавӣ ба вебинар бояд 1Mb бошад. Суръати тавсиядиҳанда барои кори бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад). Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷидан мумкин аст.
- Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.
- Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар назди розигии истифодабаранда гузоред.
- Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.
Вебинари «Мусоҳиба барои веб-лоиҳаҳо» аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.