Моҳи октябри соли 2016-ум аввалин гурӯҳи шунавандагони аз рўйи якчанд тахассус дарси омўзишӣ оғоз менамоянд. Давомнокии барномаи мазкур аз 3-4 моҳи омўзишӣ иборат буда, дар ин муддат устодони соҳибтаҷрибаи Казнета дар шакли дастрасии кушод машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ мегузаронанд.
Айни замон Open IT якчанд самти омўзишро пешниҳод менамояд:
- Бахши таълимӣ оид ба IT-соҳибкорӣ ва менеджмент
- Веб-барномасозии фавқуллода
- Интернет-маркетинги амалӣ ва таҳлилӣ (tbc);
- Коркарди мобилӣ (tbc).
Дар бахши ройгони таълимӣ оид ба омўзиши интернет-тахассусҳо — Open IT, дар қатори устодони кордон ва муаллимони бахши омўзишӣ – экспертони ширкатҳои бузурги интернетии Қазоқистон: Колеса-Крыша-Маркет, Chocofamil, Aviata.kz, инчунин мутахассисоне, ки дар ширкатҳои бузурги хориҷ кор кардаанд (Facebook, Booking, Google), иштирок мекунанд.
Яке аз ташаббускорони лоиҳа Алексей Ли, дар саҳифаи худ, дар Facebook менависад: «Ин як хати мувозии иловаги барои омўзиш (омўзиши ройгон) оид ба интрнет — тахассусҳои калидӣ дар шакли бахши омўзишӣ шабона аз мутахассисони муваффақу баргузидаи бозори интернет қазоқ (асосгузорон ва ҳамкорони пешсафтарини ширкатҳои мо ва мутахассисони даъватшуда) мебошад.
Бо тартиботи пешакӣ ба нақша гирифташуда интихоби иштирокчиёни дили кушоду потентсиалдошта пешбарӣ мешавад. Бо бахши таълими худ, ин гуна омӯзиш воқеан барои бозори интернет лозим мебошад. Мо дониста истода, қарор додем, ки бахши таълимии ройгонро ташкил мекунем, то ки ҳамаи истеъдодҳо ва онҳое, ки барои омўзиш маблағ надоранд, ҷамъ оварем ва онҳо ҳангоми қабулшавӣ ба бахши омўзишӣ қобилиятнокии худро нишон дода тавонанд.
Омодасозии лоиҳа тобистони ҷори идома ёфта, моҳи сентябр номи интихобшудагон ба бахши омўзишӣ эълон карда мешавад ва аз моҳи октябр даври аввали омўзиш оғоз меёбад».
Кӣ аз бахши омўзишӣ гузашта метавонад?
Алексей:
Худи раванди омўзиш ҳоло дар давраи коркард қарор дорад, вале иштирокчиёнро аз рўйи қоидаи асосӣ қабул мекунем:
— IQ, қобилиятнокӣ ба пешравӣ
— Мақсаднокӣ, пешсафӣ
— Фарҳанг – ширкатҳои беҳтарини ҷаҳонӣ бо шарофати як дастаи одамоне офарида мешаванд, ки қобилиятноку соҳибистеъдод ва соҳиби фарҳанги баланди ботинӣ мебошанд. Ин қоидаҳои асосиро HR-менеджерҳои ширкатҳои иштирокчии ташаббускор муайян менамоянд.
— Тайёрии пешакӣ чӣ қадаре, ки баланд бошад, ҳамон қадар хуб аст, зеро ба иштирокчиёни дониши амалӣ доданӣ ҳастем ва донишу қобилиятнокии онҳоро ба дараҷае боло бардоштанием, ки тавассути омўзиш аз китоб номумкин аст.
Ягон хел маҳдудияти синну солӣ нест.
Барои эмин будан аз ғаразнокӣ мо нақша дорем, ки ҳангоми коркарди раванди интихоби иштирокчиён ба бахши омўзишӣ ниҳояд бодиққат бошем.
Open IT — ташаббускории кушод барои ҳамкорӣ.
Open IT — пойгаҳи кушоде, ки мо бо камоли дил тамоми ҳавасмандонро ба ҳайси ҳаммураббиён барои муттаҳид шудан бо устодони соҳибтаҷриба , баҳри ҳамташкилотчигӣ ва омўзгорони аз таҷриба гузаштаистода ва дигаронро даъват менамоем. Агар бо ҳамин роҳ ин ташаббуси моро давлат ва сохторҳои давлатӣ, фондҳо гуногун ва ширкатҳои тиҷоратӣ дастгирӣ намоянд, мо хеле шод мешудем.
Дар бораи ташаббускорони лоиҳа тавассути истинод маълумот гирифтан мумкин аст.
Аризаҳои худро барои иштирок дар барнома ва маълумоти бештар гирифтан ба суроғаи расмии OpenIT ё саҳифаи Facebook ворид шавед.