ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОнлайн-семинар оид ба воситаҳо ва усулҳои ҷалби ҷомеа ва тафтиши маълумот

Онлайн-семинар оид ба воситаҳо ва усулҳои ҷалби ҷомеа ва тафтиши маълумот

Журналистоне, ки оид ба тафтиши маълумот бештар донистан мехоҳанд, метавонанд дар ин вебинари ройгон иштирок намоянд.

First Draft News силсилаи вебинарҳои ройгонро ташкил менамояд, ки ба ҷустуҷӯи маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тафтиши онҳо бахшида шудаанд. Вебинарҳо дар ҳамкорӣ бо идораҳои бузурги тамоми ҷаҳон ташкил карда мешаванд.

Семинари навбатии дусоатаи «Дар навбати аввал – кор бо ҷомеа» («Putting community first») дар ҳамкорӣ бо AJ+ ташкил карда шудааст. Он 14-уми июл, соати 20:00 бо вақти Маскав гузаронида мешавад.

Дар барнома журналистони Reportedly, Dig Deeper Media и Meedan иштирок менамоянд. Онҳо дар бораи воситаҳо ва усулҳое, ки барои ҷалби ҷомеа ба ҷамъоварӣ ва тафтиши маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯмак мерасонанд, сухан мегӯянд.

Иштирокчиён то 14-уми июл саволҳои хешро дар Twitter бо хэштеги  #FDLive  нашр карда метавонанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ инро пахш намоед.

Манбаъ:  jnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ