ДомойМедиалентаПанҷ дарс оид ба идораи онлайн-тафсирҳо

Панҷ дарс оид ба идораи онлайн-тафсирҳо

Стратегия, ки медиаҳо барои идоракунии шарҳу эзоҳҳо дар сомонаҳо истифода мебаранд, чун қоида дар асоси таҷрибаи ВАО коркард мешаванд. Дар баъзе нашриётҳо системаи таровиши манбаъ (премодерация) истифода бурда мешавад. Дар баъзе сомонаҳо бошад, шарҳу эзоҳ гузори тамоман қатъ карда шудааст.

Ҳамкорӣ бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон масъалаи калидӣ қариб барои тамоми онлайн-медиаҳо ба шумор меравад. Дар ин бора муҳаррирони ВАО аз Африқои Ҷанубӣ, Аргентина, Кения, Олмон, Дания, Қатар, Швейтсария, ИМА ва Ҳиндустон дар рафти Медиаконгресси ҳарсолаи умумиҷаҳонӣ (World News Media Congress), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Картахени Колумбия баргузор гардид, сухан ронданд.

Лаҳзаҳои асосии муҳокима:

1.Онлайн-ҷомеаи солим метавонад барои зичии ҳамкори бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон кўмак расонад.

Ҷамъятиҳои амиқ, масалан онҳое, ки дар муҳокимаронии масъалаҳои иқтисодию молиявӣ иштирок мекунанд, метавонанд дар ин ҷода мавқеи махсусан таъсиррасон дошта бошанд. Шарҳу эзоҳ аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи касбии сатҳи баланд баъзан нисбат ба худи мақола таъсирноктар буда метавонад.

2.Мавзўъҳои дақиқкорона санҷидашудаи ба муҳокима интихоб кардашуда метавонанд хонандаро ба рўзноманигорон наздик кунанд ва дар ҷустуҷўи мавзўъҳои оянда мадад расонанд.

Волфганг Крах (Wolfgang Krach), сармуҳаррири Süddeutsche Zeitung, мисол овард – медиа айни замон танҳо 3-5 маводро барои шарҳу эзоҳи пурмазмун гузаштан ва гуфтугўи дуҷонибаро бо хонандагон ба роҳ мондан мекушояд. Тамоми мавзўъҳои дигар барои муҳокима дар сомонаи ВАО дастнорас, яъне махкам мебошанд.

«Мо бовар дорем, ки ин корро кардан лозим аст, зеро ин гуна формати корбарӣ барои ба роҳ монадни алоқаи наздик ва нисбатан қавию мустаҳкам бо хонандагони мо мадад расонида метавонад».

Барои дар оянда боз ҳам васеъ кардани ҳамкорӣ бо хонандагон, бахши иттилоотии Süddeutsche Zeitung боби нави «Таърих»-ро ҷорӣ намуд. Дар ин ҷо ба хонандагон пешниҳод карда мешавад, ки фикру андешаҳояшон ва мазўҳо барои нашриёти ояндаи медиа иброз намоянд.

3.Басташавии шарҳу эзоҳҳо ба ҷалбнамоӣ вобаста мебошад, на ба траффик.

Эндрю Тренч (Andrew Trench), онлайн-муҳаррири Times Media, собиқ сармуҳррири News 24, ишора кард, ки барои нигоҳ доштани имконияти шарҳу эзоҳгузорӣ дар сомона сабабҳои иқтисодӣ надорад. Эндрю дар асоси таҷрибаи шахсии худ чунин хулосабарорӣ кардааст.  Зеро дар News 24 дар лаҳзаи махкам карда шудани шарҳу эзоҳҳо 180 000 паёмак аз аудиторияи на он қадар калони 3000 нафара ворид гардида буд. Пас аз оне, ки шарҳу эзоҳҳоро қатъ карданд, вақти миёнаи дар сомона гузаронидаи хонандагон то 1 сония кам шуд. Ба андешаи Эндрю ин ҳолат куллан ғайриимкон аст.

4. Қатъ намудан ё боздоштани шарҳу эзоҳҳо дар сомона ба шаъну шарафи медиа метавонад зарба занад.

Аз таҷрибаи News 24 – пас аз қатъ кардани шарҳу эзоҳҳо дар сомона барои ВАО назорат бурдан аз паси фикру мулоҳизаҳои аз тарафи истифодабарандагон дар намуди шарҳу эзоҳ гузошташуда ва шаъну шарафи худро нигоҳ доштан нисбатан душвор гардид. Зеро он муҳокимарониҳо дар шабакаи иҷтимоӣ ҷойгир мешуданд, ки пас дар вақти заруряшон чора андешидан нисбати троллҳо душвор мегардад.

5.Мушкилоти кадрӣ

Бисёрии муҳаррирони медиа проблемаи кадриро ҳал карда истодаанд, ки бо кори системаи шарҳу эзоҳ гузорӣ дар сомона – киро кардани корманди алоҳида барои бо кори шарҳу эзоҳ гузорӣ ё чӣ он боз доштани онҳо вобаста мебошад.

Ҳар муҳаррир ба ин савол ҷавоби худро дорад.

Бо маводи пурра инҷо шинос шуда метавонде.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ