Таърихи ҷустуҷӯи дархост, видео ва ҷойҳои боздидшуда, ки Шумо дидан кардед – акнун ин ва дигар маълумотҳо дар захираи нави Google-и «Амали ман» дастрас аст.
Дар як саҳифа Шумо метавонед қариб ҳама чизро бубинед, ки дар ду нусха – дар намуди ҷадвалҳо ва бо кӯмаки блокҳо дар интернет сохтаанд.
Маълумоти ҷамъовардаро Google барои баланд бардоштани самаранокии кори истифодабарандагон бо хизматрасониҳои ширкат истифода менамояд. Вале, агар Шумо хоҳед, ки таърихи амалҳоро тағйир диҳед, он душвор нест.
Support.google.com: Маҳз чӣ гуна маълумот захира мешаванд? Ҳамааш аз он вобаста аст, ки Шумо кадом хизматрасониҳои Google-ро истифода мекунед, ҳамзамон, аз танзимоти интихобшуда дар боби Пайгирии амал.
Аз аккаунти Google дархостҳои ҷустуҷӯшаванда, таърихи боздид ва дигар маълумотро тоза кардан мумкин аст. Шумо худ ҳал менамоед, ки кадом маълумотро нигоҳ доред ва ҳамеша ҷамъоварии ин ё он маълумотро метавонед хомӯш кунед.
Ҷамъоварии маълумотро чӣ тавр пурра хомӯш намуд
Агар Шумо нахоҳед, ки маълумот дар бораи амалҳоятон дар саҳифаи «Амали ман» нигоҳ шаванд, корҳои зеринро иҷро кунед:
-
Саҳифаи Пайгирии амалро боз намоед. Дар ҳолати зарурӣ, ба аккаунт ворид шавед.
-
Калидро дар ҳолати Хомӯшӣ (ВЫКЛ) ба муқобили он маълумоте, ки нигоҳ доштан зарур нест, насб кунед.
-
Тугмаи Хомӯш кунедро пахш намоед.