ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҚабули дархост ҷиҳати иштирок дар Лабораторияи инноватсионии таҷрибавӣ барои ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (НПО)-и...

Қабули дархост ҷиҳати иштирок дар Лабораторияи инноватсионии таҷрибавӣ барои ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (НПО)-и Осиёи Марказӣ

Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандии “АРГО”  22-юми августи соли 2016 дар Алма-Ато Лабораторияи инноватсионии таҷрибавиро дар Қазоқистон мегузаронад. Интизорӣ меравад, ки Лаборатория беш аз 50 иштирокчӣ аз ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон, ҳамзамон, 15-25 иштирокчӣ ва маърӯзачиён аз минтақаи Осиёи Марказӣ муттаҳид менамояд.

АРГО дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи корӣ намунаи дастгирии дудаврагӣ ва паҳнсозии инноватсияҳоро дар минтақаҳо баррасӣ менамоянд:

  1. Лабораторияҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонӣ ба инноватсия тавассути баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониш дар бораи фаъолияти инноватсионӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо муаррифии якрӯза бо иштироки сармоягузорони минтақавӣ, ки усулҳо, воситаҳо ва равандҳои навро баррасӣ менамоянд, гузаронида мешаванд. Баъди ба охир расидани фаъолияти Лаборатория иштирокчиён афзалиятро ба он инноватсияҳо медиҳанд, ки то андозае бештар бо кори онҳо мувофиқат менамоянд ва онҳо дар амал кадомеро истифода кардан мехоҳанд.
  2. Семинарҳои инноватсионие, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати бештар навовар будан, ба усулҳои инноватсионӣ, воситаҳо ва равандҳои дар вақти Лаборатория чун бештар судманд интихобшуда, имконияти мутобиқ шуданро пешниҳод менамоянд. Баъд аз Лаборатория ва Семинарҳо иштирокчиён метавонанд дониш ва маҳорати хешро дар кори худ истифода намоянд.

АРГО умед дорад, ки ҳар як иштирокчии Лабораторияи инноватсионӣ давоми соли оянда, дар рушд ва расонидани дониш оид ба инноватсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сатҳи маҳаллӣ ва ба тамоми Осиё Марказӣ мусоидат мекунад.

Маблағгузории хароҷот барои иштирокчиён аз Қазоқистон дар шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:

Шумо Навовар маҳсуб мешавед, ки дорои усулҳо, воситаҳои нав ҳастед ё равандҳоеро, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, роҳбарӣ мекунед.

Шумо ба нақша гирифтаед, ки дониши гирифтаатонро амалӣ намоед, ташвиқот баред, усулҳо ва воситаҳои инноватсиониро дар байни ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи миллӣ ва ё маҳаллӣ расонед

Агар Шумо хоҳиши дар Лабораторияи инноватсионии таҷрибавӣ иштирок кардан дошта бошед, дархостро омода ва ба АРГО-и Алма-Ато, info@argonet.org  то 1-уми августи соли 2016 ирсол намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ