ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҲафт имконияте, ки журналистон дар моҳи август ба онҳо бояд таваҷҷӯҳ намоянд

Ҳафт имконияте, ки журналистон дар моҳи август ба онҳо бояд таваҷҷӯҳ намоянд

Мехоҳед дар соҳаи журналистика дониши нав ба даст оваред, дар мавзӯи нав маводе нависед ё кори анҷомдодаи хешро эътироф намоед? Ба чунин курсҳо, таҷрибаҳосилкуниҳо ва озмунҳои пешрафта барои журналистони тамоми олам таваҷҷӯҳ намоед.

Ҷоизаи Рори Пек   Мӯҳлати ниҳоӣ 1-уми август

Видеожурналистони ғайриштатӣ, ки хабарҳо ва ҳодисаҳои рӯзмарраи байналмилалиро инъикос менамоянд, метавонанд барои гирифтани ҷоизаи ба номи Рори Пек дархост пешниҳод намоянд. Ҷоиза дар се бахш супорида мешавад: хабарҳо, сужетҳо ва Sony Professional Impact Award. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Ҷоизаи AAAS Kavli Science Journalism Awards   Мӯҳлати ниҳоӣ 1-уми август

Ҷоизаи AAAS Kavli Science Journalism Awards, ки Фонди Кавлӣ сарфароз менамояд, ба журналистоне, ки мавзӯъҳои фарогири илм, техника ва математикаро барои аудиторияи васеъ инъикос менамоянд, супорида мешавад. Дар ҳар як бахш (категория) ду мукофот супорида мешавад: ҷоизаи тиллоӣ — 5 000 доллари ИМА ва ҷоизаи нуқра — 3 500 доллар. Ба ғолибон ҳамзамон, хароҷоти сафар пардохт карда мешавад, то ки онҳо дар чорабинии тантанавии мукофотсупорӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Бостон баргузор мегардад, иштирок намоянд. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Стипендияи Adelante аз IWMF    Мӯҳлати ниҳоӣ 7-уми август

Занони журналисти тамоми олам, ки на кам аз се соли таҷрибаи корӣ доранд, барои гирифтани стипендияи Фонди байналмилалии заноне, ки дар ВАО, (IWMF) барои инъикоси вазъият дар сарҳадоти ҷануб ва шимоли Мексика фаъолият мекунанд, метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Ташкилкунандагон ба иштироккунандагон тамоми хароҷоти бо барнома алоқамандро пардохт мекунанд, аз ҷумла сафар, истиқомат, хӯрок ва кори ёварон ва тарҷумонҳо. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Грантҳо барои таҳияи филми ҳуҷҷатӣ аз ҷониби Маркази Редфордҳо            

Мӯҳлати ниҳоӣ 10-уми август                

Маркази Редфордҳо ба таҳиягарони нави филмҳои ҳуҷҷатӣ, муаллифони филмҳое, ки барои баланд бардоштани огаҳӣ оид ба мушкилоти экологӣ ва даъват барои амалҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот, грантҳо пешниҳод менамояд. Гирандагони стипендия 15 000 доллари ИМА, камераи GoPro Hero 4 Black, имконияти гирифтани машварат ва дастгирии ҳамкасбонро хоҳанд гирифт. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Стипендияи GroundTruth Project    Мӯҳлати ниҳоӣ 15-уми август

Шурӯъкунандагони таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ барои таҳияи силсилаи филмҳои кӯтоҳмуддат дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷараёни он ба саломатии занон ва кӯдакон, ба ин стипендияҳо метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Ба барнома аз чор то шаш ҳафта барои таҳияи филм ва фурсат ба таҳрир, вақт пешбинӣ гардидааст. GroundTruth ба ғолибон стипендия ва тамоми хароҷоти алоқаманд ба сафарҳоро пардохт менамояд. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Барномаи мубодилаи байниидоравӣ   Мӯҳлати ниҳоӣ 20-уми август  

Фонди рушди ВАО (Media Development Foundation) ва лоиҳаи Mymedia барномаи мубодилаи байниидоравиро барои журналистони ҷавон ташкил менамояд. Барнома таҷрибаомӯзии музднокро дар идораҳои теле-, радио-, онлайн- ва ВАО-и чопии Украина, ҳамзамон иштирок дар тренингҳо ва семинарҳо аз ҷониби коршиносони медиа, журналистон ва муҳаррирони Украина ва хориҷиро дар бар мегирад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ – аз ду ҳафта то ду моҳ. Ба иштирокчиён стипендия дар ҳаҷми 560 евро барои украинҳо ва 650 евро барои хориҷиён пардохт карда мешавад. Барнома хароҷоти сафар ва истиқомати иштирокчиёнро пардохт намекунад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Ҷоизаҳо аз Hostwriter      Мӯҳлати ниҳоӣ 31-уми август

Платформаи Hostwriter, ки ба журналистони аккредитатсияшуда имконияти барои бо ҳамдигар робита пайдо намуданро ҷиҳати ҳамкории касбӣ фароҳам меоварад, ба маблағи умумии 4 000 евро барои маводи журналистии дар натиҷаи фаъолияти муштарак омодашуда ва барои ҷустуҷӯи маводи лоиҳавӣ,  бо мукофотҳо сарфароз  мегардонад. Озмун барои лоиҳаҳое, ки дар кори онҳо ду ё зиёда аз он журналистон иштирок намудаанд, кушода аст. Ғолибон мукофоти пулӣ: барои ҷойҳои якум ва дуюм – мутаносибан 2 000 ва 1 000 евро хоҳанд гирифт. Барандаи Ҷоизаи барои лоиҳаи беҳтарин бо 1 000 евро сарфароз хоҳад гашт. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ