Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ барои гузаронидани контент-таҳлил дар чорчўбаи лоиҳаи «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тендер эълон мекунад.
Контент-таҳлил бояд тибқи методикаи Internews гузаронида шавад. Он таҳлили матнҳое, ки тасодуфан аз сомонаҳои шарикони Internews гирифта мешаванд, таҷлили сохтор ва юзабилитии сомонаҳоро дар бар мегирад.
Иҷрокунанда бояд талаботҳои зеринро баҳогузорӣ намояд:
- Сифати навиштани матнҳо, таҳрир ва пешниҳоди онҳо
- Риоя кардани меъёрҳои касбии умумӣ
- Истифодаи мултимедиа-элементҳо
- Сохтор ва юзабилитии сомонаҳо
Ҳамагӣ бояд 540 мавод, ки қисме аз онҳо бо забони қазоқӣ, қирғизӣ ва тоҷикӣ навишта шудаанд ва сохтор ва юзабилитии 18 сомона баҳогузорӣ шавад.
Талабот ба иҷрокунанда:
- Таҷрибаи тасдиқшуда дар коркарда баромадан ва гузаронидани медиа-мониторинг ва контент-таҳлили ВАО.
- Тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Қазоқистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудан.
- Дар байни гурӯҳ (ё пудратчиён) мавҷуд будани мутахассисоне, ки забонҳои қирғизӣ ва тоҷикиро хуб медонанд.
- Дастрасии доимӣ ба Интернет.
Дархостҳо тариқи онлайн то санаи 9 ноябри соли 2016 ба почтаи электронии asukhachyova@Internews.org қабул карда мешавад.
Контент-таҳлил бояд то санаи 15 декабри соли 2017 гузаронида шавад.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ: пешниҳоди тиҷоратӣ, тавсияномаҳо, ҳолномаи коршиносони калидӣ.
Барои ҷавоб гирифтан ба саволҳои худ метавонед ба Ольга Грозная бо емайли: odroznaya@Internews.org ва ё телефонии мобилии +7 7021070179 муроҷиат намоед.