Агар ба шумо онлайн-хизматрасони барои сохтани роликҳои аниматсиони, инфографикаҳои интерактивӣ, презентатсия лозим бошад, метавонед аз powtoon.com истифода баред.
Хизматрасони тавсирҳои ройгон ва музднокро (аз 89$) пешниҳод менамояд. Ройгон метавонед роликҳои то 5 дақиқаги, бо истифодаи 11 тарҳ ва 46 мусиқи, дорои маҳзани 100 мб-ро истифода баред.
Афзалияти асосии powtoon.com – вуҷуд бадани роликҳои тайёри гуногун, ки барои ҳамагуна максадҳо пешбини шудаанд: муаррифии лоиҳа, ҷамбаст, ҷойгирнамудани эълонҳо, шиносои ббо даста, видео барои сабқатҳои краудфандинги, дастурамал ва ғайра.
Давоми 5 дақиқа мо ин роликро омода намудем:
[youtube youtubeurl=»w3VZS_JPE50″ ][/youtube]
Норасогии тавсири ройгони хизматрасони 2: тамғаи хизматрасони ва намуди маҳдуди ҳарфҳо дар дигар забонҳо. Русӣ, барои мисол танҳо аз шрифти International истифода бурда метавонед.
Чихел маводро омода кунем?
- Аз қайд гузаред, тугмаи «Создать» (Create)-ро пахш кунед
- Яке аз сохтаҳо ё таррҳои роликҳоро интихоб кунед
- Видео/презентатсияи худро аз расмҳо-намудҳои пешниҳод шуда (ҳамаи чузъҳоро метавонед баъда иваз намоед)
- Матн, нишон ва дигар маълумотҳои худро илова намоед.
Видеои тайёрро дар YouTube ё Vimeo ҷойгир карда метавонед, инчунин тариқи форматҳои Ppt, Pdf зеркаши ё бо рамзҳои HTML дар сомона/блог ҷой диҳед.