Мехоҳед дониши навро аз соҳаи журналистика ба даст оред, навиштани маводро лар мавзӯи нав оғоз кунед ё кори иҷрокардаатонро эътироф намоянд? Ба ин курсҳо, коромӯзиҳо ва озмунҳои ояндадор барои журналистони тамоми олам таваҷҷӯҳ намоед. Рӯйхатро ijnet.org омода кардааст.
Тревел-грантҳо барои иштирок дар конференсияи оид ба таҳқиқоти журналистӣ. Мӯҳлат то 15-уми май
Шабакаи ҷаҳонии журналистон-тадқиқотчиён (GIJN) ва Wits Journalism барои сафар ба Конференсияи ҷаҳонии журналистон-тадқиқотчиён (GIJC17), ки дар Йоханесбург, Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад, грантҳо пешниҳод менамояд. Гирандагони грант бояд мавод нашр ё дар кишварҳои худ дар бораи конференсия баромад намоянд. Ба ин грант журналистон аз кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.
Ҷоизаи Global Shining Light Мӯҳлат то 15-уми май
Озмуни Global Shining Light Award аз ҷониби Шабакаи ҷаҳонии журналистон-тадқиқотчиён (Global Investigative Journalism Network) ташкил карда мешавад. Ҷоизаи ба журналистон, редаксияҳо ва ё ВАО супорида мешавад, ки сарфи назар аз таҳдид ва дигар шароити вазнин кори худро ба иҷро мерасонанд. Ғолиб мукофоти хотиравӣ, 2 000 доллари ИМА ва маблағи сафарро ба Конференсияи ҷаҳонии журналистон-тадқиқотчиён, ки дар Йоханесбург, Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад, ба даст меоварад. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.
Грантҳои Getty барои фотожурналистон Мӯҳлат то 15-уми май
Фотожурналистони сартосари ҷаҳон барои озмуни грантҳои Grants for Editorial Photography, ки аз ҷониби Getty Images ташкил карда мешавад, метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Озмун инъикоси мавзўъҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дастгирӣ мекунад. Панҷ грант, ҳар яке дар ҳаҷми 10 000 доллари ИМА пешниҳод карда мешавад. Маблағро барои хароҷоти мухталиф, бахусус пардохти сафар ва хариди таҷҳизот истифода кардан мумкин аст. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.
Грантҳои IWMF барои кор аз болои ҳодисаҳое, ки ба ҳаёти занон таъсир мерасонанд Мӯҳлат то 16-уми май
Фонди байналмилалии заноне, ки дар ВАО фаъолият доранд, (IWMF) бо дастгирии The Secular Society барои грантҳои Reporting Grants For Women’s Stories дархост қабул менамояд. Лоиҳа барои дастгирии кор аз болои маводи журналистӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи занон ва духтарони сартосари ҷаҳон таъсир мерасонанд, нигаронида шудааст. Грантҳо бо ҳаҷми миёнаи — 5 000 доллар, ки барои пардохти корҳо вобаста ба хароҷотҳои зерин: нақлиёт (чиптаҳо, бахусус чиптаҳои ҳавопаймо ва пардохти кори ронандагон), логистика, арзиши раводид, ҳамзамон пардохти кори ёрдамчиёни ва тарҷумонҳои маҳаллӣ, пешбинӣ шудааст. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.
Барномаи стипендиявӣ оид ба бизнес-журналистикаи Донишгоҳи Ню-Йорк Мӯҳлат то 31-уми май
Маркази соҳибкории журналистикаи McGraw-и назди Мактаби журналистикаи Донишгоҳи Ню-Йорк барои журналистоне, ки дар инъикоси мавзӯъҳои бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳон соҳибтахассусанд, стипендияҳоро пешниҳод мекунад. Барномаи стипендиявӣ дастгирии молиявӣ ва таҳририро барои журналистоне, ки барои кор аз болои лоиҳаҳои мушкили меҳнатталаб ба вақти иловагӣ ва захираҳо ниёзманданд, таъмин менамояд.
Стипендия ба мӯҳлати аз як то се моҳ ба назар гирифта шудааст ва дар як моҳ 5 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.