Семинар оида ба журналистикаи низоъ. Мӯҳлат 7 июн.
Журналистони тамоми ҷаҳон аз синни 21 то 35 сола метавонанд барои иштирок дар семинари маблағгузор оид ба журналистикаи низоъ, ки дар Герслия, Исроил баргузор мегардад, дархост пешниҳод намоянд.
Чорабини аз тарафи Мактаби идоракунӣ, дипломатия ва стратегияи ба номаи Лаудер, ташкил шудааст. Семинар аз дарсҳои мутахассисон, сафар ба Исроил бо ташрифи мавеъҳои бонизоъ ва дарсҳои амалиявӣ иборат мебошад. Маълумоти муфассалро инҷо ёфта метавонед.
Озмуни Online Journalism Awards. Мӯҳлат 8 июн.
Ассосиатсияи онлайн-иттилоот барои иштирок дар озмун барои гирифтани ҷоиза дар соҳаи онлайн-журналистика, дархост қабул менамояд. Мукофот дар 30 ҷоиза (фонди мукофотии умумии озмун – 58 500 доллари ИМА) дар конфронс ва шабнишии ONA, ки моҳи октябр дар Вашингтон баргузор мегардад, супорида мешавад. Маълумоти муфассалро инҷо ёфта метавонед.
Гранти Reporting Right Livelihood. Мӯҳлат 15 июн.
Журналистони ВАО-и чопӣ, онлайнӣ ва пахшӣ, фотожурналистон ва донишҷӯёни хатмкунандаи факултаи журналистика метавонанд ба гирифтани гранти Фонди Right Livelihood Award дархост пешниҳод намоянд. Ташаббус ба дастгирии маводҳое, ки ба ҳалли аслии проблемаҳои глобали бахшиду шудаанд, равона карда шудааст. Грант ба пардохти роҳкиро, зист ва дигар сарфҳои корӣ, ки ба маводҳои грантӣ дохил мебошанд, равона карда шуда, инчунин маблағи ҳавасмандӣ низ пешбини шудааст. Маълумоти бештарро инҷо дида метавонед.
Гранти National Endowment for Democracy Мӯҳлат 16 июн
Хазинаи миллии дастгирии демократия (NED) аз ташкилотҳои ғайридавлати, инчунин ВАО-и мустақил, дархостро барои грифтани грантҳои мақсаднок, ки ба рушди институтҳои демократӣ равона карда шудаанд, қабуд менамояд. Гранти миёна ба 12 моҳ ҳисоб шуда, тақрибан 50 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маълумоти бештарро инҷо дида метавонед.
Идрорпули барои кор аз болои маводҳои ба талошҳои ҳалли низоъ дар Африқо равона шуда. Мӯҳлат 30 июн
Лоиҳаи International Reporting Project (IRP) аз журналистоне, ки маводҳояшон дар ВАО-и бонуфуз дарҷ гаштааст, барои гирифтани стипендия дархостҳоро қабуд менамояд. Стипендияҳо барои лоиҳаҳои журналистӣ равона карда шудааст, ки мавзӯъзои талошҳои ҳалли сулҳдӯстонаи низоъҳои Африқоро дар бар мегирад.
Лоиҳаҳои пешниҳодшаванда давлати дилхости Африқо алоқа дошта метавонад, лекин имтиёз ба давлатҳои Бурунди, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кения, Мали, Судан, Судани Ҷанубӣ ва Зимбабве дода мешавад. Маълумоти иловагиро инҷо дида метавонед.
TruthBuzz: Озмуни ғояҳо барои сохтани маводи вируси, ки дар асоси далелҳо омода шудаанд. Мӯҳлат 30 июн.
Маркази байналхалқии журналистон ва Хазинаи Крэйг Нюмарк озмуни TruthBuzz-ро эълон менамоянд. Мақсади он – ҳавасмандкунонии паҳкунии маводҳои вирусии бо далелҳо исбот шуда, дар киберфазо. Ғояҳои пешниҳодшаванда аз видео, карикатура, графика, гифка, акс, пурсиш, овоз, бозӣ ва дигар маводҳо иборат шуда метавонанд. Ғолибон, ки соҳиби се ҷои аввал мегарданд соҳиби 10 000, 5 000 ва 2 500 доллари ИМА мегарданд. Маълумоти иловагиро инҷо ёфта метавонед.
Маводҳо ба озмуни аксҳо National Geographic Travel Photographer of the Year қабул карда мешаванд. Мӯҳлат 30 июн.
Аксбардорони тамоми ҷаҳон метавонанд дар озмуни аксҳои рақамии National Geographic Traveler of the Year, ширкат варзанд. Маводҳо дар се ҷоиза қабул карда мешаванд: табиат, шаҳрҳо ва одамон. Ғолибонро мукофотпулиҳо аз 500 то 2 500 долаари ИМА ва 10 рӯза экспелитсияи дунафара ба ҷазираҳои Галапагос иинтизор аст. Маълумоти пурраро инҷо дида метавонед.
Манбаъ: ijnet.org.