ДомойОзмунҳо/ГрантҳоNED барои медиаҳои мустақил грантҳо пешниҳод менамояд

NED барои медиаҳои мустақил грантҳо пешниҳод менамояд

Ҳар сол Хазинаи миллии рушди демократия (NED) ба садҳо созмонҳои ғайриҳукуматии саросари ҷаҳон, ки барои манфиати ҳадафҳои демократӣ ва таҳкими мавқеи ниҳодҳои демократӣ фаъолият менамоянд, кӯмаки молиявӣ мерасонад.

Маблағи грант аз андоза ва ҳаҷми лоиҳа вобаста аст, вале гранти миёна дар ҳаҷми 50 000 доллари ИМА барои 12 моҳ пешниҳод карда мешавад.

NED танҳо созмонҳои ғайриҳукуматиро маблағгузорӣ менамояд, ки дар байни онҳо метавонанд ташкилотҳои шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳо, медиа-захираҳои мустақил ва дигар ташкилотҳои ба онҳо монанд бошанд.

NED дархостҳоро аз созмонҳое интизор аст, ки дар кишварҳои дорои низомҳои гуногун, бахусус азнав демократӣ эълоншуда, низомҳои нимавторитарӣ, репрессивӣ ва кишварҳои ба сохти демократӣ гузаранда, фаъолият мекунанд.

NED грантҳоро ба шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ ё институтҳое, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, масалан, донишгоҳҳои давлатӣ пешниҳод намекунад.

Наздиктарин мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо — 16-уми июни соли 2017.

Маълумоти муфассал ва шакли пур кардани дархостро аз ин ҷо дарёфтан мумкин аст.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ