Санаи 27-уми июни соли равон соати 17:00 бо вақти Остона ва Бишкек (соати 16:00 бо вақти Душанбе) вебинари ройгони Аркадий Пилдес таҳти унвони «Ҳамкории хонандагон ва сомонаҳо» баргузор мегардад.
Дар рафти вебинар Шумо бо принсипҳои истифодаи web-usability ва web-literacy шинос шуда метавонед.
Мефаҳмед, ки чӣ тавр хонандагон маълумоти сомонаро дастрас карда метавонанд, чӣ таваҷҷӯҳи онҳоро ҷалб менамояд ва чӣ онҳоро метарсонад, чӣ барои гузаштан аз рӯи истинод водор менамояд ва чӣ не.
Дар бораи тренер: Аркадий Пилдес. Интернет-технолог, продюсер. Радиои Озодӣ, муаллифи Facebook ҷомеаи «Медиаҳои нав аз дарун», ки дар он барои медиаҳои нав маслиҳатҳои муфид интишор мешаванд.
Барои иштирок дар вебинар аз рӯи ин истинод гузаред.
Диққат! Бо мақсади иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:
- Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб намоед. Дар браузер бояд тафсири охирини Adobe Flash Player бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бо нобаёнӣ ворид карда шаванд.
- Санҷед, ки оё суръати пайвастшавии интернети Шумо кофӣ аст. Ҳадди ниҳоии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Меъёри тавсиядиҳанда барои кори бароҳат аз 2Mb (ҳангоми норасоии суръат, дар вақти намоишҳои видеоӣ, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, нишон додани мизи корӣ ва кор бо шеваҳои дигар, ки сифати канал талаб менамояд, таъхирпазирии садо ва тасвир ба миён меоянд). Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷида метавонед.
- Агар Шумо ба Интернет аз шабакаи корпоративӣ дастрасӣ дошта бошед, пас ба Шумо зарур аст, ки бо маъмури системавиатон барои кушодани порти 1935, 80, 443 дар тамос бошед.
- Барои ба вебинар ворид шудан, дар саҳифаи бозшуда тугмаи «Войти в вебинар» пахш намоед, маълумотро дар бораи худ пур намоед ва дар назди шартномаи истифодабаранда розигии худро гузоред.
- Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ворид шавед, пас дохилшавиро аз браузерҳои Google Chrome ё Puffin Browse тавсия медиҳем.
Вебинари ройгони «Ҳамкории хонандагон ва сомонаҳо» аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба миён омадааст, имконпазир гардид.