Мехоҳед дар соҳаи журналистика дониши бештар дошта бошед, мехоҳед ба мавзӯҳои нав мавод эъҷод карда бошеду соҳиби эътироф гардед? Ба ин омӯзишҳо ва озмунҳо диққат диҳед.
Озмун барои журналистони ҷавон аз Thomson Foundation. Мӯҳлат 18 август
Thomson Foundation бахши «Журналистони ҷавон аз давлатҳои рушд карда истода»-ро дар доираи лоиҳаи Ассосиатсияи Лондонии васоити хориҷи (FPA), сарпарасти менамояд. Маводҳо бо дилхоҳ забон қабул карда мешаванд, лекин маводҳои ғайри англиси, бояд тарҷума карда шаванд. Маълумоти муфассалро аз инҷо гирифта метавонед.
Озмуни байналмилалии видеои барои ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим UN Global Youth Video Competition on Climate Change Мӯҳлат 18 август
Ҳамаи хоҳишмандони синнашон аз 18 то 30 сола метавонанд маводҳои зудро ба озмун ирсол намоянд. Ҷавонон метавонанд видео се дақиқагиро пешнишҳод намоянд, ки дар он муборизаи онҳо бо тағйрёбии иқлим нишон дода мешвад. Мисоли бахшҳо: шаҳрҳои бехатар барои тағйирёбии иқлим; уқёнусҳо ва тағйирёбии иқлим. Ду ғолиб соҳиби роҳхат барои иштирок дар конфронси 23-юми сессияи Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 6 то 17 ноябр дар Бонни Олмон барпо мешавад, мегарданд. Маълумоти муфассалро аз инҷо гирифта метавонед.
Стипендияи Альфред Френдли Мӯҳлат 31 август
Журналистони воситаҳои ахборотии чопӣ, радио- ва онлайн, аз 25 то 35 сола аз давлатҳои рушдкарда истода метавонанд барои ин барномаи ҳамасола, ки имкони фаъолиятро дар матбааҳои Амирико медиҳад, дархост пешниҳод карда метавонанд. Иштирокяиён малакаи касбии азхудкардаро минбаъд дар редаксияи худ ҷори намуда, ба қавӣ гардидани алоқаи байни журналистони ИМА ва дигар давлатҳо мусоидат менамоянд.
Барнома аз моҳи март то оғози сентябри соли 2018 гузаронида мешавад. Маълумоти бештарро аз инҷо ёфта метавонед.
Манбаъ: ijnet.org.
Тренинг «Журналистикаи иқтисодӣ», Қазоқистон, Костанай
Ташаббускори силсилаи омӯзишҳо дар ҳафт минтақаҳои мамлакат — Фонди дастгирии соҳибкории «Даму».
Иштирокчиён оид ба нақши журналистикаи иқтисодӣ бохабар мегардад, бо маводҳои муваффақ ва номуваффақи ВАО-и иқтисодӣ (тиҷорӣ) шинос мешаванд, навиштани маводҳои фаҳморо бо мавзӯҳои мураккаб меомӯзанд, иттилооти иқтисодиро барои хонандагони худ кушод ва муфид месозанд, ҷустуҷӯи маводҳои бамаврид, доираи мутахассисон, коршиносон ва барандагонро муайян месоозанд. Муфассал дар инҷо.