ДомойМедиалентаАз кор озодкунии овозадор барои изҳори ақида дар Интернет

Аз кор озодкунии овозадор барои изҳори ақида дар Интернет

Яке аз воқеаҳои асосӣ дар Казнет рўзҳои истироҳат муҳокимаи мусоҳибаи собиқ менеҷери «Бонки АвруОсиё» Татяна Бурнакина дар портали русии newslab.ru гардид. Татяна андешаи худро оид ба масоили кадрӣ, коррупсия дар Қазоқистон баён карда, ҳамзамон дар бораи мушкилоти дучор омадааш нақл кард.

-Ман хотираи хуб дорам, ки ин ба кормандони ман , Ойгерим, Ойтоқин, Ойгул, Ҷанар, Алишер, Ойдин ва Талгат маъқул нест…

18 январи соли 2015 Бонки АвруОсиё иттилоъ дод, ки муносибатҳои кориашро бо Татяна Буркина барои изҳори ақидааш қатъ кардааст, ки он дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бисёр дучор меояд.

Мана рўйхати мухтасари воқеаҳои овозадор. Соли 2012 мухбири радиои RTL Пьер Сальявакаро барои суханони таҳкиромез дар ҳаққи хонуми №1-и Фаронса, ҳамсари қонунии Франсуа Оланд журналистка Валери Триервейлер аз кор озод карда буданд.

Моҳи май соли 2012 бошад, ширкати «Аэрофлот» стюардесса Екетарина Савельеваро барои чунин навиштаҷоташ дар твитер баъди садамаи тайёраи SSJ-100 дар Индонезия аз кор ронда буд: «Чӣ ҳамин ҳам тайёра шуд?! Ҳо, ҳо!!! Тайёра не, балки ахлотмошин аст. Ҳайфо, ки он тайёра аз ширкати Аэрофлот не. Дар он ҳолат як адад тайёра кам мешуд. Шояд вақти он расид, ки тамомои тайёрахои ширкатро ба ягон нафар фурўшанд!»

Моҳи октябри соли 2012 аз ширкати «Росмолодёж» котиби матбуоташ Анна Бирюковаро аз кор озод карданд. Мавсуф дар блоги хеш дар бораи порагирии кормандони БДА чунин нақл карда буд: «барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумам накардан 2000 рубл додаму хотирам ҷамъ шуд. Онро дар нуқтаи таъмини сўзишвории дўстдоштаам бо нўшидани қаҳва қайд карда истодаам».

Рўзҳои наздик бошад, клуби футболи Бритониё «Манчестер Юнайтед» мураббӣ Торбен Окьерро барои андешаҳои нажодпарастиаш дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз кор ронд.

Амалан, тамоми воқеаҳои овозадор бо пурсидани бахшиш ё изҳорри ибораҳои он ки гўё «андешаҳояшон аз матн нодуруст ҷудо карда шудаанд» аз тарафи истифодабарандагон ба анҷом мерасид. Аммо, ин чиз аз тарафи менеҷментҳои ҷойи корашон ба инобат гирифта намешуд. Руҳшиносон ин гуна маводҳоро беҳудагўӣ номида чунин андеша доранд, ки ҳама гуна муаллифро дар Интернет ҷой додан мумкин аст. Ин гуна маводҳо ба гуфтугўи дўстон монанд аст.

-Солҳои қаблӣ хатогӣ ё рафтори нохуби одамон нахуст обрўро мерезонанду баъд зиммнан аз хотирҳо фаромўш мешуд. Акнун бошад, ҳама гуна сурат, масалан ҳузури шумо дар доираи майнўшон тўли тамоми фаъолиятатон ба сари шумо чун шамшер теғ кашида меистад. Ҷамъият ҳанўз намедонад, ки дар ин гуна ҳолатҳо вай чӣ гуна рафтор кунад. Вақте чизе ба фаромўшӣ нахоҳад рафт,-мегўяд файласуф Кирилл Мартинов. (Сарчашма: hbr-russia.ru)

Баъди якчанд рўз дар ИМА китоби Ҷон Ронсон бо номи «So You’ve Been Publicly Shamed» («Бо ҳамин шуморо ошкоро шарманда карданд») аз чоп мебарояд. Асоси китобро таърихи Жюстин Сакко, топ менеҷери ширкати азими Интернетии IAC ташкил медод. Соли 2014 ў дар Твитери худ чунин навишта буд: Ба Африқо меравам. Боварӣ дорам, ки мубтталои бемории СПИД намешавам. Шўхӣ мекунам, ман сафедпўстам…

Гуфтаҳояшро Интернет рўзи ҷумъа боздошт кард, ки ҳанўз Жустин тавассути тайёра ба Африқо мепарид. Рўзҳои истироҳат бошад, ширкат бо вай шартномаи ҳамкориашро қатъ намуд. Твит амалан ояндаи кориашро шикаст дод.

Ҷонсон Ронсон китоби хешро муаррифӣ намуда гуфт: мазаммати ҷомеаи мо қувваи бўронро мемонад. Шарм- шакли назорати иҷтимоист. Баъд мо онро зуд фаромўш карда, ба сўи ҳадафи навбатӣ мешитобем. Парвои онро надорем. Он ба мо кадом масъулиятро вогузор мекунад?

Интернет амалан ҳар инсонро ба ВАО табдил додааст. Аммо, баробари ин бисёре аз одамон намефаҳманд, ки аз онҳо чун аз ВАО талаб мекунанд, ки инсон бояд ба ҳар сухани худ ҷавоб дода тавонад.

Сарчашма: — See more at: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ