Понздаҳ рӯзноманигорон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нашрияи телевизионии «Отырар», дар Шимкент (Қазоқистон) қарор доранд. Онҳо таҷрибаи нашри муттаҳида (конвергентное) –ро омӯхта истодаанд.
Рӯзи аввали сафари омӯзиши дар медиа-холдинги «Отырар», аз иштирок дар нақшагирии рӯз, ки дар он ҳамарӯза номгӯи мавзӯҳо, намуди ва ҷои мавод дар давоми рӯз, кадом мавзӯъ дар маҷалла, кадом мавод дар намуди телевизиони, ва кадоми дар сомона дарҷ мегардад, оғоз гардид.
Инчунин сардори шӯъбаи тиҷории медеиахолдинг Галина Троцан мастер-класс гузаронид. Мушовири тиҷории Internews дар Осиёи Миёна, Ольга Каплина бошад, иштирокчиёнро бо намудҳо ва воситаҳои сохтани маводҳои чандрасонаи — шинос намуд.
Шом, дар ҷамъомади соати панҷи, иштирокчиён мавзӯҳоро байни ҳам тақсим намуда барои пагоҳ нақшабардори карданд. Имрӯз бошад бо ҳамбастагии рӯзноманигорони медиахоолинг маводҳоро барои чандрасонаги: ТВ, маҷалла ва онлайн тартиб хоҳанд дод.
Ҳоло бошад иштирокчиён бо бардошти ва интизории худ чунин гуфтанд:
Асыл Осмоналиева (Қирғизистон)
Ман хеле шодам, ки ба ин ҷо, ба сифати иштирокчии омадам, ман умедворам, ки донишҳои гирифтаи ман, дар кори таҳририя ба мо кӯмак хоҳад кард.
Иван Стрижаков, «Новое телевидение», Караганда
Одам чунин мешуморад, ки бисёр медонад, то чизи навро наомӯзад. Бинобар ташаккур ба чунин семнарҳо, ки таҷрибаи бузургро дар соҳаи ВАО, рӯзноманигори, чандрасонаи, ҳатто гуфтан мумкин фурӯш таъмин менамоянд.
Ольга Ходорева, муҳаррири рӯзномаи донишҷӯи Академияи варзиш ва сайёҳии Қазоқистон дар семинари мазкур таҷрибаи муфид барои ман нашри конвергенти буд, ки як мутахассис маводро ҳам ба сомона ва ҳам ба маҷалла омода месозад..
Зарина Измайлова, Казахстан
Ин як имконияти хуби ба даст овардани таҷрибаи нав аст ва ман хеле хурсандам, ки дар омӯзиш ширкат кардам.
Кубанычбек Жолдошев, Азаттык медиа (Кыргызстан)
Мо мехоҳем, ки ба омӯзиш ва таҷрибаи нашри конвергенти мубодила карда, ВАО-и навро азхуд созем.