ДомойХудомӯзGeojournalism.org: мундариҷаи мултимедиаи ҷуғрофӣ ва хизматгузориҳо

Geojournalism.org: мундариҷаи мултимедиаи ҷуғрофӣ ва хизматгузориҳо

Geojournalism.org — лоиҳаи онлайнӣ, ки ба соҳаи ҷуғрофӣ ва мусоидат намудан ба кори рӯзноманигорон, тарроҳон, таҳиягарони геомаълумотҳо дар формати маводҳои чандрасонаи пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мутахассисони ВАО таъсис дода шуд.

Агар соддатар карда гуем, дар ин ҷо бештар маълумотҳои муфид, хизматрасониҳо ва роҳнамоҳои омӯзишӣ барои ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд, маводҳои тозаву шавқоварро доир ба мавзӯъҳои вобаста ба ҷуғрофия эҷод кунанд, ҷамъ оварда шудааст.

Платформа, қисми лоиҳаи бразилиягии InfoAmazonia маҳсуб ёфта, барои эҷоди барномаҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи « Молодежь в действии»  ва Маркази байналмилалии рӯзноманигорон, таъсис дода шудааст.

Дар ин сомона маводҳои визуалӣ, ки оид ба маълумоти озод пешниҳод гардидааст, ҷамъоварӣ шудааст. Он ба мавзӯъҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, вазъи муҳити зист дар минтақаҳои гуногун ва ғайра бахшида шудааст.

Барои дастрасии кушода, як қатор маводҳои омӯзишӣ — чӣ гуна бояд панорамаҳоро бо истифодаи Google Photo Sphere эҷод намуд, маслиҳатҳо оид ба истифодаи рангҳо барои харитаҳои онлайнӣ, дастур барои касоне, ки ба намуди аниматсия таваҷҷӯҳ доранд, пешниҳод шудааст.

Ҳамаи маводҳо бо забони англисӣ таҳия шудаанд, аммо хеле фаҳмову  равшананд. Агар шумо мехоҳед маводи марбут ба ҷуғрофияро эҷод кунед, ҳатман платформаи Geojournalism.org-ро омӯзед. Дар айни замон, он яке аз манбаъҳое мебошад, ки фарогири ин мавзӯъ аст.

Матни асли: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ