Хадамоти What3words.com ҳалли ҷолибро ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҷуғрофӣ, пешниҳод мекунад. Ба ҷои суроғаи муқаррарнамудаи What3words.com, маҷмӯаи се калимаҳо дода мешаванд. Масалан, ҷойгиршавии дафтари «Интернюс»-ро дар Алмаато, ҳамчун «тағора, беҷуръатӣ, сурудхонӣ», муайян мекунад.
Варзишгоҳи баландкӯҳи «Meдео»-ро чун «анбӯр, ташвиш, чашма» нишон медиҳад.
Чунин системаи навигатсионӣ имконияти ҳал намудани мушкилоти зиёдеро хоҳад дод, ақида доранд муаллифони лоиҳа.
Тахминан 75%-и аҳолии дунё (135 кишвар) бо мушкилоти вобаста ба набудани мантиқ, мураккабӣ ва иштибоҳоти суроғавӣ рӯбарӯ мешаванд.
Ин маънои онро дорад, ки 4 миллиард нафар нодида мемонанд, онҳо наметавонанд оид ба ҷинояткорӣ арз намуда , кӯмаки зарурӣ қабул кунанд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро эътироф созанд, зеро онҳо имконияти расонидани маълумотро дар бораи макони будубоши худ надоранд.
Масалан, дар навоҳии дурдасти ҷаҳон пайдо ва қайд намудани манбаи оби нӯшокӣ дар харита имконнопазир аст, аксарияти мактабҳо, ӯрдугоҳҳои гуреза ва муҳоҷирони ғайрирасмӣ бошанд, бе суроға мемонад.
What3words.com ҳар як майдони 3 × 3 метраи тамоми минтақаи сайёраро бо се калима номгузорӣ кардааст, ин тадбир нисбат ба суроғаҳои муқаррарӣ, имконияти хеле дақиқ муайян намудани мавқеи ҷуғрофии объект ё воқеаро медиҳад.
Илова бар ин, ибораҳоро мо тезтар ёд мегирем, «истифодабарандагоне, ки дониши техникӣ надоранд, метавонанд ба осонӣ ҳама нуқтаҳоро пайдо ва ҷойгиршавии онро фавран , осонтар ва аниқтар, нисбат ба роҳи дигар, яъне суроға, индекси почтавӣ, паҳноӣ ва дарозӣ ё аломати мобилӣ» муайян карда, ирсол намоянд.
То имрӯз, дар система ҳашт забон: англисӣ, фаронсавӣ, испанӣ, португалӣ, русӣ, олмонӣ, туркӣ ва шведиро вуҷуд дошта, ҷойгиркунии забонҳои дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Шумо метавонед аз менюи калимаҳои забонҳои дилхоҳ истифода бурда нуқтаи дар харита бударо «тасвир» кунед.
Маълумоти аломатҳоро метавон ба осонӣ ба Facebook, Twitter, Google+, бо ишора ба почта ирсол намуд. Функсияи муайян кардани хатсайр то ба нуқта вуҷуд дорад — хизматрасонӣ истифодаи Google Maps, харитаҳои Яндекс, Bing ва Citymapper-ро пешниҳод месозад.
Барнома бидуни пайвастагӣ ба шабака корбарӣ мекунад. Шумо метавонед барномаҳоро барои IOS ва Android зеркашӣ кунед.
Сарчашма: http://newreporter.org/