Рӯзноманигорони ҷавони зери 30-сола аз Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо, ки забони олмониро хуб медонанд, ба озмун даъват карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур имконият доранд, ки дар идораи вакилони Бендестаг таҷриба омӯзанд.
Ташкилкунандагони ин озмун- Бундестаг ва як қатор донишгоҳҳои Олмон мебошанд. Мақсади таҷрибаомӯзӣ, ин ба иштирокчиён фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо низоми парлумони Олмон ва ба даст овардани таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумон мебошад.
Барнома аз 1 март то 31 июли соли 2016 гузаронида хоҳад шуд. Иштирокчиён дар ҳаҷми 500 евро стипендия ва маблағи суғуртаи тиббӣ гирифта, хароҷоти зист ва сафари онҳо пардохт карда мешавад.
Дархостҳо то 30 июни соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал бо забони олмонӣ, ин ҷоро пахш кунед.
Сарчашма: ijnet.org.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/