ДомойХудомӯзҶомеаи байналмилалӣ фиксерҳои WorldFixe: кӯмак ба медиалоиҳаҳои Шумо дар хориҷа

Ҷомеаи байналмилалӣ фиксерҳои WorldFixe: кӯмак ба медиалоиҳаҳои Шумо дар хориҷа

Фиксер –ин  одамоне  мебошанд «бо робитаҳо» ва бо дониши хусусиятҳои минтақаи маҳаллӣ дошта, ки одатан аҳолии маҳаллӣ онҳоро барои ташкили чорабиниҳо дар кишварҳои дигар кироя мекунанд. Дар соҳаи ВАО, ба сифати фиксерҳо рӯзноманигорон мебароянд.

Аксар вақт фиксерҳо вазифаи тарҷумонҳо ва роҳбаладонро иҷро мекунанд, ҳамчунин онҳо метавонад муносибатро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи маҳаллӣ барқарор намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ғайра кӯмак расонанд.

Соли 2015, Майк Гарод (Майк Garrod), продюсер бо собиқаи 15 солаи корӣ,  шабакаи байналмилалалии фиксерии worldfixer.com-ро, бо мақсади қулай ва беҳтар намудани бошгоҳи медиамутахассисон дар ҳамаи минтақаҳо, махсусан дар ҷойҳои хавфнок таъсис дод.

Дар айни замон  ин созмон 1300 аъзо дошта, ҳар як корманд аз санҷиш мегузарад. Ҳар як фиксер дорои рейтинг мебошад.

Агар шумо ягон нақшаи сафари корӣ дошта бошед ва ё мехоҳед аз хизматрасонии WorldFixer истифода баред, бақайдгирии оддиро гузаред.

Хизматрасониҳои ҷустуҷӯии ёрирасон –  оид ба кишварҳо, забон, ихтисос – ройгон аст.

Бо вуҷуди ин, хизматрасонӣ  имкониятҳои иловагиро низ пешниҳод менамояд. Дар интихоби фиксер метавонанд мутахассисони ширкат кӯмак расонанд,  дар ҳар ҳолат бояд арзиши онро дар алоҳидагӣ маслиҳат намуд.

Агар дар ҷои кор ва ҷараёни фаъолият мушкилоти мухталиф пеш ояд, хадамот метавонад кӯмаки худро расонад.

Мехоҳед ба ҳамкасбонатон кӯмак расонед? Дар сомона ба сифати фиксер худро номнавис кунед.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ