ДомойMedia and Social Innovation LabПирӯзии лоиҳаи “Ман кӯмак мекунам” дар “Озмоишгоҳи навовариҳои расонаӣ ва иҷтимоӣ”

Пирӯзии лоиҳаи “Ман кӯмак мекунам” дар “Озмоишгоҳи навовариҳои расонаӣ ва иҷтимоӣ”

Лоиҳаи ҷавонони қазоқистонӣ таҳти унвони “Ман кӯмак мекунам”дар нахустин “Озмоишгоҳи навовариҳои расонаӣ ва иҷтимоӣ” дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пирӯз шуд.
Ин лоиҳа аз миёни 9 тарҳе, ки дар озмун ширкат доштанд, ҷолибтарин дониста шуда, мақоми аввалро касб кард ва ҷоизаи молии 2 ҳазор доллари омрикоиро соҳиб шуд.
Лоиҳае, ки ин гурӯҳ пешниҳод ва назди ҳакамони озмун муаррифӣ кард, эҷоди як барномаи корбурдиро дар назар дорад, ки ҳадафи он кӯмак ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа мебошад.
Созмондиҳандагони ин гурӯҳ мегӯянд: “Аз тариқи ин лоиҳа ҳар шахс имкон пайдо мекунад, ки дар бахшҳои мухталифи “Кӯмак мекунам”, “Кӯмак ба солмандони танҳо”, “Кӯмаки молӣ”, “Нигоҳубин аз солмандон” ва самтҳои дигар дастгири ниёзмандон бошанд”.
Ин ҷавонон мегӯянд, агар шумо ашхосеро мешиносед, ки ниёз ба кӯмак доранд, дар яке аз бахшҳои ин лоиҳа оид ба онҳо хабар дода метавонед ва нафарони хоҳишманд кӯмаки худро ба воситаи ин торнамо пешниҳод мекунанд.
“Агар шумо барои анҷом додани кори хайр вақт надоред, дар ин сурат кӯмаки молие, ки шумо ба суратҳисоби ин лоиҳа мерезед, аз номи шумо ба ашхоси ниёзманд расонида шуда, акс ва видеои интиқоли пул ва ашёи мавриди ниёз дар торнамои мазкур гузошта мешавад”.
Бахши дигари ин лоиҳа “Мебахшам” аст: чизе, ки дигар эҳтиёҷ ба он надоред, шояд барои ягон ниёзманд зарур бошад.
Ин лоиҳа барои ҳар шахс шароит ва имкон фароҳам меорад, ки дар зиндагӣ дасти кӯмаки худро ба афроди муҳтоҷ дароз кунад.
Дар “Озмоишгоҳи навовариҳои расонаӣ ва иҷтимоӣ”, ки рӯзҳои 25-26 июн дар Бишкек баргузор шуд, кормандони ВАО, созмонҳои ғайридавлатӣ ва мутахассисони фанновариҳои иттилоотӣ (IT) аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, дар ин озмун як лоиҳа аз ҷониби “Барномаи дастгирии рушди ҷамоатҳои кӯҳистонии Қирғизистон” пешниҳод шуд, ки таҳияи нармафзори махсусро барои телефони ҳамроҳ дар назар дошта, ҷиҳати беҳбуди шароити зиндагии мардуми кӯҳистон метавонад судманд бошад.
Лоиҳаи дигар таҳти унвони “Кӯчаи ободи мо” аз сӯйи як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Бишкек пешниҳод шуд. Дар доираи он ҳар шаҳрванд метавонад оид ба мушкилоти дар шаҳр ҷойдошта бо истифода аз барномаи махсуси дар телефони ҳамроҳ насбшуда ба мақомоти дахлдор хабар диҳад.
“Интимак” номи лоиҳаи дигар аст, ки ҳадафи он эҷоди як нармафзори телефони ҳамроҳ ба забони қирғизӣ барои омӯзонидани кӯдакон бо истифода аз садову акс, таронаҳо, филмҳои тасвирӣ ва афсонаҳои савтӣ аст.
Тоҷикистонро дар ин озмун се гурӯҳ муаррифӣ карданд, ки яке аз онҳо Хабаргузории “Азия-Плюс” бо лоиҳаи замимаи онлайнии “Роҳҳо” дар торнамои news.tj буд. Ҳадафи тарҳи мазкур таҳия ва пешниҳоди иттилоот барои ронандагон ва корбарони торнамои “Азия-Плюс”, ҳамчунин фароҳамсозии дастрасӣ ба маълумот оид ба чорроҳаҳои хатарнок бо теъдоди зиёди садамаҳои нақлиётӣ, тамбашавӣ (пробка) дар роҳҳо, таъмири ҷодаҳо ва ғайра аз тариқи торнамо ва телефони ҳушманд мебошад.
Ҷавонон аз шаҳри Хуҷанд як лоиҳаи дигарро аз ташкилоти ҷамъиятии “YGPE” дар вилояти Суғд пешниҳод карданд. Тарҳи мазкур абзори онлайнӣ дар торнамо ва сафҳаи фейсбукии ин созмон барои назорати ҷамъиятии хизматрасонии корхонаҳои манзилию коммуналии Хуҷандро фароҳам меорад. Амалисозии ин лоиҳа ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз камбудиҳои кори ин ниҳод ба шаҳрдорӣ шикоят бубаранд.
Лоиҳаи дигари ҷавонони хуҷандӣ дар ин озмун таҳияи як манбаи онлойнии омузишӣ барои кӯдакони маълул пешбинӣ шудабуд, ки бо истифода аз ин барномаи компютерӣ онҳо дар баробари омузишу парвариш ва забономузӣ ҳамчунин имкони барқарор намудани иртибот бо ҳамтоёни худ дар дигар манотиқи кишвар ва ҷаҳонро пайдо мекунан.
Ба ҷуз лоиҳаи “Ман кӯмак мекунам” ки дар ин озмун ҷои аввалро соҳиб шуд аз Қазоқистон боз се гурӯҳи дигар ширкат намуданд. Лоиҳае ки осорхонаи зистмуҳитии шаҳри Қарағанда пешниҳод кард харитаи онлайнии нуқоти дар марази хатар қарор доштаи ин мантақа буд. Дар ин харита иттило дар бораи гозҳои гулхонаи ва таъсири олудагии ҳаво ба саломатии инсонро гирдоварӣ шудааст.
“Бунёди занони раҳбар” аз шаҳри Олмотӣ дар ин озмун матолиби онлойнии мултимедиё дар мавриди худкушии наврасон ва кӯдаконро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи ин гурӯҳ ҷалби таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ва ҷомеъаи маданӣ ба ин мавзуаст.
Барои иштирок дар ин озмун 61 лоиҳа аз се кишвари Осиёи Марказӣ фиристода шуданд, ки ҳар кадом ҷолиб буданд. Аммо созмондиҳандагони озмун танҳо 9 лоиҳаи беҳтаринро барои ширкат дар бахши ниҳоӣ интихоб карданд.
Дастандаркорони баргузории нахустин “Озмоишгоҳи навовариҳои расонаӣ ва иҷтимоӣ” мегӯянд, ҳадафи аслии онҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ мебошад.
Ба гуфтаи мубтакирон, лоиҳаҳои ҷолиб дар ҳамдастӣ бо мутахассисони IT роҳандозӣ мешаванд, ки аз зовияи дигар ба мушкилоти иҷтимоӣ назар карда, роҳи ҳалли онҳоро барои корафтодагон пешниҳод месозанд.

 Зеваршо Муҳаммад

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ