ДомойОзмунҳо/ГрантҳоКурси фосилавии «Батартибдарории умумии сомонаи иттилоотӣ»

Курси фосилавии «Батартибдарории умумии сомонаи иттилоотӣ»

Шуморо барои иштирок ба  курси фосилавии «Батартибдарории умумии сомонаи иттилоотӣ» даъват менамоем.

Оксана Силантева созмондиҳандаи Silamedia  аст. Тренер ва мушовир дар соҳаи ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷа мебошад. Устоди рӯзноманигории мултимедиявӣ (дорандаи дипломи Донишгоҳи Бурнмауз, Великобритания).  Мутахассис дар соҳаи алоқа, сохтани шабакаҳои иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои онлайн ва офлайн, менеҷменти иҷтимоӣ ва лоиҳасозист.

Сомонаи нав ташкил кардан лозим нест, танҳо он чизе ки ҳаст тоза намоед. Буҳрон – вақти хубтарин барои тамизи асосӣ ва берун партофтани чизҳои нодаркор ва ношоям. Ин айёми ҷустуҷӯи ҷавобҳо ба саволҳо: чӣ тавр мо хароҷоти худро метавонем мутаносиб гардонем ва даромади худ аз интернетро зиёд намоем. Чӣ тавр муайян намоем, ки аз кадом бахшҳо бояд ғубори хоки онро бигирем ва кадомашро то дурахшиданаш тоза намоем?

Ба «Тамизи асосии сомона» — и sila.media даъват мекунем. Бо ҳамроҳии шумо мо санҷиши мавод ва фаслҳоро мегузаронем, чӣ тавр чизи шавқоварро ошкор, чизи ҷалбкунандаро чашмрас карданашро ёд гирем ва ошкор бояд кунем, ки ба куҷо фиристем он чизеро ки бо ушна (мағор) фаро гирифта шуд.

Курси фосилавиро меомӯзем, омор ва маводҳои сомонаи худро аз рӯи чек – рӯйхатҳои махсус таҳлил менамоем, ба вебинари умумӣ ҷамъ мешавем, муҳокима менамоем, баъдан бо ҳар як иштирокчӣ сомонаи вайро ба таври инфиродӣ дида мебароем.

Дар натиҷаи кори марҳилавӣ мо ба интернет – захираи шумо ҷило бахшида, афзалиятҳоро муайян мекунем, ба якояки шумо варақаи хатсайри шуморо месозем – чӣ кор бояд кард, ки маблағ аз интернет бисёр гардад.

Ба курс ҳамроҳ шавед ва дар бораи он ба касоне, ки дер боз аз сомонаҳои худ чангу ғуборро наафшондаанд, нақл намоед.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ