ДомойХудомӯзHackpack.press - хизматрасонӣ барои ҷустуҷӯи медиамутахассисон ба забонҳои англисӣ ва русӣ

Hackpack.press — хизматрасонӣ барои ҷустуҷӯи медиамутахассисон ба забонҳои англисӣ ва русӣ

Hackpack.press – нашрияи виртуалӣ, онлайн – хизматрасонӣ барои мутахассисони соҳаи медиа буда, бо ёрии он аъзоёни иттиҳодияи касбӣ метавонанд барои худ кор, ҳамкорон, мумайизон (экспертҳо) –ро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ёбанд.

Муаллифони лоиҳа дастаи таъсисдиҳандагони русӣ – амрикоӣ ва ҳамчунин журналистон мебошанд. Аз 9 июл ин сомона бо ду забон – русӣ ва англисӣ фаъол буда, барои ба ин иттиҳод ҳамроҳ шудан шумо бояд нақши худро нишон диҳед:

Минтақа, ҷои кор ва аккаунтро дар фейсбук ва твиттер пайваст намоед.

Алҳол бақайдгирӣ  барои ҳама бепул аст, лекин бо гузашти вақт, мувофиқи фикру мулоҳизаҳо ба кормандони хизматрасонии PR, масалан лозим мешавад, ки обунашавии пулакиро роҳандозӣ намоянд:

«Ба мо лозим аст, ки шумо алоқаҳои ба худ лозимаи касбиро ёбед, аз ин рӯ мо ҳоло ба ҳамаи намояндагони хидматрасонии PR дохилшавии  пурраро ба система пешниҳод мекунем. Аз сентябри соли 2015 ба ташкилотҳо лозим меояд, ки обунашавии маблағнокро ба расмият дароранд».

Хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки дар профилатон доир ба ҷои зист, донистани забонҳо, малакаҳои иловагӣ, мавзӯъҳои писандида, доираи майлу рағбат маълумот дода, ишораҳо (ссылки)-ро ба аккаунтҳои сомонаҳои иҷтимоӣ —   Instagram, YouTube, LinkedIn, Twitter, Tumblr устувор намоед.

Шумо ҳамчунин метавонед фасли «Портфолио» (маҷмӯи намунаи корҳои эҷодӣ) – атонро пур карда, кордиҳандагони имконпазирро бо корҳои худ шинос намоед.

«Ҷустуҷӯи» ҳамкорон/мумайизон аз рӯи нақшҳо, ҷои ҷойгиршавӣ, донистани забонҳо, доираи завқу рағбат имконпазир аст. Пункте бо номи «Одамони муайянро ҷустуҷӯ намоед» вуҷуд дорад.

Дар натиҷаҳои ҷустуҷӯӣ паҳлӯи профили ҳамкори ба шумо мувофиқ, метавон аломате дид, ки ин шахс озод аст ва ё банд.

Амалиёти фиристодани маълумотҳои шахсӣ ва чати умумӣ фаъол аст ва инчунин системаи барчаспкунӣ (система тегирования) – яъне ба теги – мавзӯъҳои муайян обуна шудан имкон дорад ва метавон истифодабарандагони навро аз рӯи дараҷа назорат бурд. Аммо танҳо бо забони англисӣ.

Новобаста аз он ки хизматрасонӣ 6 июл пешкаш гардиду ҳоло ҳам дар реҷаи озмоишӣ кор мекунад, истифодабарандагон дар ин сомона хеле зиёд ҳастанд.

Масъалаҳои молиявӣ бе иштироки дастаи hackpack.press. байни фармоишгар ва иҷрокунанда ба танзим оварда мешавад. Тахмин меравад, ки ҳамаи аккаунтҳо аз ҷониби хизматрасонӣ тафтиш ва бо рейтинг ҳамроҳӣ карда мешаванд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ