ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрантҳо барои лоиҳаҳо дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ

Грантҳо барои лоиҳаҳо дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ

Мақсади лоиҳаҳое, ки аз тарафи Фонди тадқиқоти журналистӣ пешниҳод шудааст, дастгирии лоиҳаҳои тадқиқотӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад. Ҳаҷми миёнаи грант 5 000 доллари ИМА. Ин маблағ барои пардохти хароҷоти зарурӣ, чун хароҷот барои нақлиёт нигаронида шудааст. Ба грант музди маоши рӯзноманигорон ва арзиши таҷҳизот намедарояд. Нисфи маблағ баъди тасдиқгардии ариза пардохт мегардад, нисфи дигараш – баъди ба анҷомрасии тадқиқот.

Грантҳо ба лоиҳаҳое дода шудааст, ки ба фаъолияти бераҳмонаи брокерҳои меҳнатӣ дар Таиланд, саргузашти амрикоиҳое, ки дар хориҷа ҳастанду аз хабар кашидан ба Идораи федеролии тафтишот даст кашидаанд, бахшида шудааст. Ҳамчунин бахшида шудааст ба тадқиқоти он ки оё дар ҳақиқат кори сӯзонидани дарахтҳо таҷрибаи мусбии истифодабарии манъбаъҳои аз нав барқароршавандаи қувваи барқ аст, чӣ гунае ки дар Канада нишон дода шудааст.

Аризаҳо бо забони англисӣ қабул гардида, дар он бояд буҷаи лоиҳа муфассал қайд гардад.

Мӯҳлати охирин барои пешниҳоди аризаҳо – 21 сентябр.

Барои гирифтани маълумоти пурра ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ