Баъзан вақт барои иҷрои амалиётҳои оддӣ дар кор бо сомонаҳои иҷтимоӣ мо вақти зиёдро сарфа мекунем. Дар ин ҷамъоварӣ –воситаҳои қулай ва осоне, ки ба шумо барои ба тезӣ ва самаранок иҷро намудани маҷмӯи тадбирҳо дар аккаунтҳои шумо кӯмак мерасонанд, вуҷуд дорад. Замимаи ройгони Riffle барои Chrome дар як дақиқа насб мешавад ва шарҳи пурраи профили ин ё он аккаунтро дар твиттер медиҳад. Хештегҳои бисёр истифодашаванда, истинодҳои интишоршавандаи маъруф (топ), миқдори ретвитҳо, фаъолияти аккаунт.
Awesomescreenshot барои Chrome на танҳо ба шумо имкон медиҳад, ки аз экран расм бигиред, бо андозаҳо ва аз соҳаҳои гуногун, балки ҳамчунин имкон медиҳад тавсиф ва шарҳҳоро ба скриншотҳо илова намоед.
Ritetag (Chrome, Firefox, Safari) ба шумо барои дарёфти хештегҳои самаранок барои твиттер – хадамот дархостро таҳлил карда, оморро ҳам пешниҳод мекунад – аз калимаҳо ва ибораҳои бештар истифодабарандаи истифодабарандагон то хештегҳо, ки касе амалан аз он истифода намебарад, кӯмак мекунад.
Instagram барои Chrome он имконияти истифода бурдани акс-замимаҳои машҳурро аз браузер таъмин менамояд.
Window Resizer (Chrome) саҳифаҳоро ҳамон тавре ки онҳо дар таҷҳизотҳои гуногун – ноутбукҳо, планшетҳо, телефонҳои мобилӣ ба назар мерасанд, нишон медиҳад.
Bitly (Chrome, Firefox) — ҳар гуна истинодро ихтисор мекунад.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/