ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни филмҳо, ки бо ёрии iPhone гирифта шудааст

Озмуни филмҳо, ки бо ёрии iPhone гирифта шудааст

Филмҳое, ки бо истифода аз Apple iOS ва ҳамчунин iPhone, iPod Touch ва ё iPad гирифта шудааст, метавонад дар озмун иштирок кунад.

Фестивали филмҳое, ки тавассути iPhone, (Original iPhone Film Festival 2015) гирифта шудааст, аризаҳоро барои иштирок қабул менамояд. Байни категорияҳои озмун филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва илмӣ, видеои мусиқавӣ, филмҳои аз ҷониби донишҷӯён (то 18 сола) гирифташуда, филмҳои дароз (зиёда аз 10 дақиқа) ба назар мерасанд.

Синамосозони тамоми ҷаҳон метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд, аммо филмҳое, ки ба забони англисӣ гирифта нашудаанд, бояд дубляж карда шаванд ё бо субтитрҳо ҳамроҳӣ карда шаванд. Дар филмҳо истифодаи маводи муаллифӣ бе иҷозатномаи мувофиқ ё рухсатнома манъ аст.

Мукофоти асосии озмун – соат аз ширкати Apple Watch. Дигар мукофотҳо  Apple iPad Air, асбоби равшанидиҳандаи Manfrotto Mini LED, маҳсулоти iStabilizer, ғилофҳо барои таҷҳизоти мобилии iOgrapher, микрофонҳои Rode Smart Lav ва дигар техника мебошанд.

Аризаҳо то 1 сентябр қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

Манбаъ: ijnet.org

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ