ДомойМедиалентаВебинари «Формати нав барои расонаҳои нав»

Вебинари «Формати нав барои расонаҳои нав»

22 сентябри соли 2015, Галина Тимченко вебинари худро таҳти унвони «Формати нав барои расонаҳои нав» доир мекунад.

Галина Тимченко — рӯзноманигори рус, солҳои 2004 – 2014-ум дар вазифаи сармуҳаррири нашрияи Lenta.ru, соли 2014 сармуҳаррири лоиҳаи хабарии Meduza-ро кору фаъолият дорад.

Лоиҳаи Meduza — яке аз лоиҳаҳои пешсафест бо забони русӣ, ки дар формати нави мултимедиявӣ корбарӣ менамояд. Дар бораи формати нав, барои расонаҳои нав, Галина дар давоми вебинараш маълумот медиҳад. Вебинар барои муҳаррирон ва рӯзноманигорон хеле муфид хоҳад буд.

Иштирок дар вебинар ройгон аст. Барои қайдгузорӣ намудан, метавонед ба истинод гузаред.

Бояд қайд намуд, ки сомонаи Meduza.io дар Қазоқистон дастнорас аст, барои шиносоӣ бо мавод бошад, шумо метавонед замимаи мобилии манбаъро дар худ насб кунед.

Вебинари мазкур санаи 22 сентябр, соати 17.00 бо вақти Остона ва Бишкек, соати 16.00 бо вақти Душанбе, 14.00 бо вақти Маскав баргузор мегардад.

Вебинари « Формати нав барои расонаҳои нав», бо ташаббуси Internews Network, дар доираи дастгирии дастрасӣ ба маълумот роҳандозӣ шудааст. Он ба шарофати дастгирии мардуми Амрико, тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ