ДомойХудомӯзЗамимаи мобилии Reporta бехатарии рӯзноманигоронро таъмин менамояд

Замимаи мобилии Reporta бехатарии рӯзноманигоронро таъмин менамояд

Фонди байналхалқии занони ВАО (International Women’s Media Foundation) замимаи нави reporta.org -ро, ки махсус барои рӯзноманигорон сохта шудааст муаррифи намуд. Замима ройгон буда барои истифодабарандагони IPhone ва Android ба забонҳои араби, англиси, франсузи, ивриф, испани ва турки дастрас мебошад.

Ҳадафи асосии ин барнома — бо се восита ба рӯзноманигорон назорати бехетарии худро  имкон медиҳад:

1. Системаи автоматии бақайдгири, ки ба гузоштани рӯзноманигорон «пайи худро» бо калимаҳои калиди медиҳад;

2. Вазифаи ҳушдорсози — алоқаҳои наздикро шуморо дар ҳолати хавф огоҳ месозад;

3. Тугмаи SOS, ки барои ирсоли ҳатмии паёмаки огоҳи, бо як ишора.

«Рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои хавфнок фаъолият мебаранд, ба таҳдиди сахт дучор мешаванд,» мегӯяд Элиза Лис Мунос (Elisa Lees Muñoz), роҳбари иҷроияи IWMF. «Ҳозир, беш аз ҳарвақта рӯзноманигоронро бо замимаҳои ройгоне, ки баҳри бехатарии онҳо равона шудааст, бояд таъмин намуд».

Барои истифодаи замима азқайдгузари зарур аст.

Баъдан хизматрасони аз шумо алоқаҳоятонро бо рақами телефон ва e-mail мепурсад, ки ба онҳо паёми шумо ирсол мешавад.

Ҳама хизматрасониҳо танзим шуда, метавонед на танҳо мавқеатон балки аксу видео ҳамроҳ кунед.

Дигар нуқтаи муҳим — танзими номгӯи алоқаҳо, ки метавонанд таҷҳизоти шуморо дар вақти зарури кушоянд.

Таҳиягарони замима маслиҳат медиҳанд, ба онҳое, ки дар алоқаатон ҷой медиҳед, барои истифодаи замима дастурамал пешниҳод созанд. Онҳо бояд донанд, ки дар ҳоли қабули паёмак чи кор кунанд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ